Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Коршиносони байналмилалӣ: ҲНИТ шарики муътамаде дар мубориза алайҳи терроризм аст

$
0
0

Коршиносон ва пажӯҳишгарони байналмилалӣ дар барномаи “Маҷлис Подкаст”-и бахшии англисии Радиои Озодӣ, ки рӯзи 23-юми июл дар сайташ мунташир шуд, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба унвони як ҳизби миёнарав ва шарики муътамад дар мубориза алайҳи терроризм хонда, пешниҳод шуд, ки аз нирӯ ва имконоти ин ҳизб дар ин замина истифода шавад.


“ҲНИТ шарики муътамад буд ва то кунун ҳаст. Бигзор. барои ин гуфтаам мисол оварам. Толибон дар даҳаи навадуми гузашта сари қудрат омаданд ва ҲНИТ мухолифи Толибон буд ва мегуфт, ки ин навъи Исломе нест, ки мо бояд аз он пайравӣ кунем. Ҳамчунин, ҲНИТ мухолифи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) аст ва алайҳи он ҳарф мезад. Қасдам ин аст, ки онҳо (ҲНИТ) аз он чизе, ки ҳукумат дар ин муддати тулонӣ (дар мубориза алайҳи терроризм) мехост, ҷонибдорӣ мекарданд.”- гуфт Брус Панниер, пажуҳишгари Осиёи Марказӣ дар ҷавоб ба суоли ин ки дар мубориза алайҳи ифротгароӣ дар Тоҷикистон чӣ бояд кард.


Ӯ афзуд: “Ҳукумат алайҳи онҳо амалҳои таҳрикомез ва шубҳаноки зиёдеро анҷом дод, аммо ҲНИТ ба ин амалҳо ҷавоб надод, аъзову ҷонибдоронашро ба хиёбонҳову эътирозҳои бузург даъват накард ва ягон навъ харобкорӣ ва мисли ин корҳоро анҷом надод. Вале, бо вуҷуди ин онҳо саркуб шуданд. Ман намедонам, ҲНИТ илова бар ин бояд чӣ кор мекард, то нишон медод, ки як шарики муътамади ҳукумат аст.”


Ин силсила-барномаҳои “Маҷлис Подкаст” тавассути бахши англисии Радиои Озодӣ мудирият ва муҳтавои он ба шакли авдиоӣ дар сайти ин бахш пахш мешавад. Мавзуъи ин нишаст “Фишорҳои ахири ҳукумат ба аъзои хонаводаҳои раҳбарони мухолифони тоҷик” буд ва дар он илова бар Брус Панниер, Маҳмудҷон Файзраҳмонов – сухангӯи ҲНИТ, Ҳелена Тиболт – профессор дар Донишгоҳи Назарбоев дар Остона, Стив Свердлов – пажуҳишгари Дидабони ҳуқуқи башар дар умури Осиёи Марказӣ ва Муҳаммад Тоҳир – журналист ва мудири ин нишаст ширкат карданд.


Хонум Ҳелена Тиболт солҳои гузаштаро ба ёд оварда, чунин нақл кард: “Замоне, ки ман дар бораи Тоҷикистон пажуҳиш анҷом медодам, ҳамеша бароям шигифтангез буд, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки дар он як ҳизби характери динӣ расман фаъолият мекунад. Ин як нишонаи мусбати демократия буд. ҲНИТ ҳамеша мегуфт, ки алайҳи ифротгароӣ дар мубориза аст. ҲНИТ як ҳизби миёнарав ва қонунмеҳвар ва  дорои сиёсатҳои бисёр муътадил дар Тоҷикистон буд.”


Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, дар навбати худ гуфт, ҳифзи субот ва оромиши нисбӣ дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳим аст ва мо намехоҳем дар Ватанамон ҷанг бошад. Ӯ таъкид кард, ки миллати тоҷик нисбат ба мардумҳои дигари минтақа бештар сулҳпарвар ва сулҳхоҳ аст ва ба таври мисол, тоҷикҳои муҳоҷир дар Афғонистон, баръакси дигар миллатҳо ба гурӯҳҳои ифротии фаъол дар ин кишвар напайвастанд. Аммо ба назари ӯ,  “ҳукумати Тоҷикистон бо сиёсатҳои ғалаташ ҷавононро ба сӯи ин гурӯҳҳои ифротӣ тела медиҳад”.


Ҷаноби Панниер дар идома пешниҳод кард:  Ҳукумати Тоҷикистон бояд сиёсатҳояшро бознигарӣ ва муътадил кунад ва омодаи қабули гурӯҳҳо, мисли ҲНИТ бошад. “Ин айб нест, балки айб он тасмимҳои ғалат аст, ки дар Тоҷикистон рӯх дод. Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ягона ҳизби характери динӣ дошта дар ОМ бояд мояи ифтихори ҳукумати Тоҷикистон бошад, аммо мутаассифона саркуб шуд.”
Хонум Ҳелена дар охир нисбати вазъияти кунунӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дода, гуфт: “Бояд ҳукумати Тоҷикистон аз фаъолияти ин ҳизб ифтихор мекард, аммо берун зада шуд. Ин иқдоми ҳукумат дар дарозмуддат мушкилзо хоҳад буд, бахусус дар пасманзари буҳрони сиёсӣ ва иқтисодие, ки имрӯз Тоҷикистон рӯбарӯ аст.”

Стив Свердлов дар ҷавоб ба суоли инки чи тавр аз амалҳои манфӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шавад, гуфт: “Ба назарам, ин корҳо муҳим ҳастанд. Аввал: Бояд мавориди нақз ва помолшавии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таҳқиқ, санаднигорӣ ва расонаӣ шаванд, то мардум бидонанд, ки дар Тоҷикистон воқеан як буҳрон ва ҳолати ғайриоддӣ идома дорад, мисли террори яке аз раҳбарони мухолифин дар Туркия ва бадтарин мавориди нақзи ҳуқуқи башар, ки инҷо суҳбат кардем.”


Ӯ афзуд: “Нуқтаи дуюм, ниёз ба корҳои бештар бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аст, мисле ки соли гузашта дар Брюсел аз тарафи парлумони Иттиҳодияи Аврупо як қатънома (алайҳи мавриди нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон) ба тасвиб расид ва дар ин қатънома эътироф шуд, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 150 ё 200 нафар ҳамчун маҳбусони сиёсӣ вуҷуд дорад.”


“Сеюм, хеле муҳим аст, ки Иттиҳодияи Аврупо хомуш наистад. Вазорати умури хориҷаи Амрико бояд ҳарф занад ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари бо нигаронии хос дар нақзи озодиҳои динӣ муаррифӣ кунад ва ин таъсири хешро хоҳад дошт. Илова бар баёнияҳои сиёсӣ, бояд дипломатҳоро ташвиқ кард, то ин қазияро пайгирӣ ва матраҳ кунанд. Ҳамчунин, мо бояд пулро низ истифода барем, ба таври мисол, барои Роғун сохтан ниёз ба маблағгузорӣ доранд ва ширкати италиявӣ ҳаст ки дар ин кор шарик аст. Италия ва дигар кишварҳо дар ин барномаҳои иқтисодӣ гирифтор ҳастанд ва онҳо сармоягузорӣ хоҳанд кард, ба шарте ки вазъияти ҳуқуқи башар беҳтар шавад. Агар мо аз фишанги мол истифода кунем, ҳукумати Тоҷикистон ба ин нигарониҳо гуш медиҳад.”


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>