Эмомалӣ Раҳмон ва режими худкомаи он тамоми тавони худро алайҳи мубориза бо ҳиҷоб ба кор гузоштааст, ки дар кӯчаю хиёбон, дар бозору фурӯшгоҳ, дар мактабу донишгоҳ ва дар ҷоҳои дигар маъмурини режим бо тарсондану таҳдиду фишор ҳиҷобро аз сари тоҷикдухтарҳои покдоман мегиранд.
Режими Раҳмон, режиме аст, ки бо Ислом мушкил дорад ва мехоҳад ҳамаи намодҳои исломиро аз байн барад. Дар ростои динситезӣ, ҳазорон масҷид баста шуданд, ё табдил ба тарабхонаю рақсхона шуданд, азон, намозхонӣ, минбарҳо ва суханрониҳои уламое чун Эшони Нуриддинҷон, сатру ҳиҷоб манъ шуд, риштарошон шурӯъ шуд ва ҳазорон душмании дигар алайҳи Ислом.
Мо дар ин навишта бар он ҳастем, ки сабаби тарси Э. Раҳмон аз ҳиҷоб ва мухолифаташ бо ҳиҷобро баррасӣ намуда, тақдими хонандагон кунем.
Вазифа ва масъулияти ҳукумат
Пеш аз ин ки вориди баҳс шавем, лозим аст дар бораи вазоиф ва масъулиятҳои ҳукумат, ба хусус Э. Раҳмон чанд нуктаро ёдовар шавем:
1.Эҷоди озодии амал барои шаҳрвандон;
Дар ҳар ҳукумате, ки хоҳони пешрафт ва некӯаҳволии шаҳрвандонаш аст бояд озодии амал бошад. Ва эҷод кардани озодии амал вазифаи ҳоким, ё ҳамон раисиҷумҳур аст.
- Чораандешӣ дар умури иқтисодӣ;
Ҳукумат бояд иқтисоди шаҳрвандон ва иҷтимоъро сомон диҳад. Яъне буҷаи умури иҷтимоиро сомондеҳӣ кунад.
- Бистари рифоҳ ва кори аҳолиро фароҳам кунад;
Ҳукумат вазифадор аст, ки мардумро ба ҷои кор таъмин карда, рифоҳ ва некӯаҳволии шаҳрвандонро фароҳам созад, то мардум аз зиндагии хубе бархӯрдор шаванд.
- Эҷоди ваҳдат;
Ҳукумат вазифадор аст, ки байни шаҳрвандон ва аҳолии кишвар ҳамдилӣ ва ваҳдат барқарор кунад ва набояд коре кунад, ки мардум аз ҳам ҷудо шуда, миллатгароӣ ва маҳалчигӣ кунанд.
- Иҷрои адолати ҳуқуқӣ ва додситонӣ;
Ҳукумат бояд адолатро дар ҳамаи маворид таъмин кунад ва нагузорад шаҳрванде мавриди беадолатии мақомот, ва ё дигарон қарор гиранд. Ҳукуқи мардумро бояд риоят кунад ва дар додгоҳҳо адолат иҷро шавад.
- Ҳифзи нерӯи инсонӣ ва ҷамъиятӣ;
Ҳукумат вазифадор аст, ки шаҳрвандони худро ки нерӯи инсонии кишвараш ба ҳисоб меоянд ҳифз кунад, агар шаҳрвандон аз зулми ҳукумат фирор кунанд, ҷамъияти он ҳукумат бисёр заиф шуда, дар муқобили дигар кишварҳо таъсирпазир мешавад. Ҳукумат бояд коре кунад, ки нерӯи инсонӣ ва ҷамъиятии худро нигоҳ дорад.
- Таъмини амният дар кишвар;
Ҳукумат бояд амниятро дар кишвар барқарор кунад ва коре кунад, ки аҳолии кишвар дар амният бошанд, на дар тарсу ҳарос.
- Дифоъ аз сарҳадҳо ва марзҳои таҳти ҳокимият;
Ҳукумат бояд аз ватан ва сарзамин монанди модар ва номуси худ дифоъ кунад. Бояд коре кунад, ки сарҳадҳои худро ба дасти бегонагон нафурӯшад ва надиҳад.
Ин 8 нукта ки гуфта шуд, вазифаи ҳукумат ба хусус Э. Раҳмонро маълум мекунад. Инак доварӣ бо худи хонанда аст, ки оё Э. Раҳмон дар вазифаи ҳукуматдориаш ба вазифа ва масъулияти худ амал кардааст ё на? Нуктаҳо дар бораи вазифаи ҳукумат зиёд аст, ман ҳамин ҳашторо овардам, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз он шикоят дорад.
Ҳиҷоб, фарзи Илоҳӣ аст, ки дар Қуръон омада
Ҳиҷоб ва сатр дар Қуръон омадааст ва ҳар инсоне ба унвони мусулмон ба фарзҳои Илоҳӣ эҳтиром мегузорад ва ба он амал мекунад. Барои иттилои бештар метавонед ба сураи Аҳзоб ояти 33 ва 59, сураи Нур, ояти 4, 30 ва 31 ва дигар манобеъ руҷуъ шавад.
Таърихчаи ҳиҷоб дар Тоҷикистон низ гувоҳ бар он аст, ки миллати тоҷик, ки 98 фоизаш мусулмон ва пайрави дини Ислом аст, ҳамеша ҳиҷоб мепӯшидааст ва сатр бар сар доштааст. Ҳатто дар замони Шӯравӣ низ ҳокимони коммунисти динситези он натавонистанд ҳиҷоб ва сатрро аз сари мардуми тоҷик бардоранд. Ин худ далел бар он аст, ки ҳиҷоб ва сатр ҷузви фарҳанги ҷудонопазири Ислом ва аз тоҷикон аст ва душман ҳаргиз муваффақ нахоҳад шуд, ки онро решакан кунад.
Чаро Э. Раҳмон аз ҳиҷоб метарсад?
Чаро Э. Раҳмон аз сатру ҳиҷоб метарсад ва ё ба иборати дигар чаро Э. Раҳмон бо сатру ҳиҷоб душманӣ мекунад ва сабабҳои мухолифаташ бо ҳиҷоб чист?
Дар ҷавоб метавон гуфт, ки тарси Э. Раҳмон ва ё ҷангаш бо ҳиҷоб ва Ислом сабабҳои зиёде дорад, ки ба он ишора мекунем:
1.Душмании шадид бо Худо ва Исломи азиз;
Яке аз сабабҳое, ки Э. Раҳмон бар ҷанги бар алайҳи сатру ҳиҷоб бархостааст ин аст, ки ӯ Худо ва Исломро душмани ашаддии худ медонад. Ҳиҷоб фармони Худо аст. Ӯ агар бо Худо душман нест, чаро бо фармони Худо ба ҷанг бархостааст? Пас маълум мешавад, ки ӯ бо Худо ва Ислом душмании ашаддӣ дорад.
- Шаҳватпарастӣ ва майл ба фасод;
Э. Раҳмон худаш зотан шаҳватпарасту фасоддӯст аст. Аз рақсу ишваю нозе ки дар раққосӣ дорад, инро мешавад фаҳмид. Шаҳватпарастӣ талаб мекунад, ки занон урён бошанд. Занон бесатру ҳиҷоб бошанд. Шаҳватпарастӣ ва фасодхоҳии ӯ сабаб шудааст, то сатру ҳиҷобро монеи шаҳватронии худ бинад. Аз ҳамин сабаб бо сатру ҳиҷоб меҷангад, то ҳисси шаҳватпарастии худро сер кунад.
- Дунёдӯстӣ ва дунёпарастӣ;
Э. Раҳмон дар дарёи дунёпарастӣ чунон ғарқ шудааст, ки тамоми вуҷудаш дунё шудааст. Ва ҳар чизе ки бо дунёдӯстии ӯ дар тазод бошад, онро душмани ашаддии худ медонад. Сатру ҳиҷоб монеи дунёпарастии ӯ мешавад, аз ҳамин сабаб алайҳи он меҷангад. Дар ривоят аз вуҷуди гиромии ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) омада аст, ки “Дунёпарастӣ ва дунёдӯстӣ, решаи ҳамаи бадиҳо ва хатоҳост”. Аз ин ҳадис фаҳмида мешавад, ки дунёпарастӣ Э. Раҳмонро ба чӣ ҳайвонияте кашидааст, ки бар зидди Худо ба ҷанг бархостааст.
- Густариш додани шаҳватронӣ ва фасод барои ҳифзи курсии президентӣ ва қудрати худ;
Э. Раҳмон ошиқи қудрат ва курсии президентӣ аст ва барои ҳифзи ҳамин курсии президентӣ ҳазорон нафарро ба хоку хун кашид, аз ватан овора кард, ба зиндон андохт ва садҳо балои дигар ба сарашон овард. Агар сатру ҳиҷоб дар ҷомеа зиёд шавад, шаҳватронӣ ва фасод дар ҷомеа кам мешавад. Ҷавонон агар ба шаҳватронӣ ва фасод кашида шаванд, дигар аз онҳо умеде нест, на дар тағйири сарнавишти ҷомеа, на дар сиёсат ва на дар танқиду пешрафти ҷомеа. Аммо агар ҷавонон аз шаҳватронию фасод дур бошанд, ба фикри озодӣ ва арзишҳои инсонӣ ва талаб кардани ҳуқуқи поймолшудаи хеш мегарданд, ки дар натиҷа ба тағйири режим мунҷар мешавад. Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамин аз ҳиҷоб метарсад, ки мабодо ҷавононро ба маънавияту дин савқ диҳад, дар натиҷа ҳукумат ва курсии президентиаш аз даст равад. Ба ҳамин хотир бо сатр ва ҳиҷоб меҷангад, то фисқу фасоду шаҳватрониро дар ҷомеа густариш диҳад ва ҷавононро ба фасод кашад, то ҳукуматаш боқӣ монад. Тарси Э. Раҳмон аз ҳиҷоб, аз даст додани ҳукумату қудрат аст. Барои ҳамин бо тамоми тавон алайҳи ҳиҷоб меҷангад, то решаканаш кунад, аммо ғофил аз инки ин орзуро ба гӯр мебарад!.
- Иҷрои фармони яҳуд ва саҳюнист;
Шакке нест, ки яҳуд ва саҳюнист бар асоси ояи 8 сураи Моида, сарсахттарин душмани мӯъминон ва мусулмононанд. Ва шакке нест, ки иқтисод ва сармояи ҷаҳон низ дар дасти яҳуд аст ва яҳуд бо пулҳои калоне ки харҷ мекунад дар садади он аст, ки Исломро аз байн барад. Ба ҳамин хотир дар кишварҳое ки зери назари яҳуд ҳастанд, мубориза бо Ислом ва ҳиҷоб торафт шадидтар мешавад, монанди Озарбойҷон, Узбакистон, Тоҷикистон ва …..
Мубориза бо сатру ҳиҷоб ва Ислом, ки дар Тоҷикистон масъалаи бисёр доғ аст, дастури яҳуд аст, ки Э. Раҳмон пул гирифта, фармони яҳудро дар Тоҷикистон иҷро мекунад. Яҳуд низ, ки сармояи ҷаҳонӣ дар дасташ аст, бо тамоми тавон аз Э. Раҳмон ҳимоят мекунад, то ӯ хиёнат карда, миллати худро бо душманӣ бо Ислом аз пушт ханҷар занад. Ба ҳамин хотир мебинем, ки Э. Раҳмон ба ҷои ин ки мардумро ба кору некӯаҳволӣ таъмин кунад ва зиндагии хубу шоиставу осоиштаеро фароҳам оварад, ки вазифааш аст, тамоман ба он на аҳамият медиҳад ва на дар фикраш аст, ки иқтисоди кишварро хуб кунад то зиндагии мардум хуб шавад, ба мубориза алайҳи сатру ҳиҷоб бархостааст ва гӯё дар Тоҷикистон масъалае муҳимтар аз он нест.
Вазифаи мо дар қиболи муборизаи Э. Раҳмон бо ҳиҷоб чӣ аст?
Э. Раҳмон, ки мубориза алайҳи ҳиҷобро пурзур кардааст, балоҳои сангине бар сари ҳиҷобпӯшҳо ва сатрдорон меоварад. Аммо як суол матраҳ мешавад, ки вазифаи мо чист ва дар муқобили муборизаи Э. Раҳмон, чӣ кор бояд бикунем? Оё таслим шавему ҳиҷобро аз сар бардорем, ё муқобила кунему то охир побарҷой монем?
Дар ҷавоб ба ин суол бояд гуфт, ки ба назар мерасад бояд мо низ ба унвони мусулмон ин корҳоро анҷом диҳем:
1.Дифоъ аз сатру ҳиҷоб;
Ҳиҷоб чун фаризаи Илоҳӣ аст, бояд то охир бар он пойбанд бошем ва аз он дифоъ кунем, ҳатто агар зарарҳои калоне ба мо расад. Ба ҳамин хотир вазифаи мо дифоъ аз ҳиҷоб аст ва ҳарчӣ бодо бод. Яъне Э. Раҳмон ва режимаш ки ҳар қадар мубориза алайҳи ҳиҷобро шадид мекунанд, мо низ пойдорӣ, муқовимат ва истодагӣ дар муқобили хостаи Раҳмонро ба хотири Худо шиори зиндагии худ қарор диҳем. Бешак ҳама рӯзе хоҳем мурд, ҳам мо, ҳам Э. Раҳмон. Он касе дар пеши Худо сарбаланд аст, ки ба хотири иҷрои фармони Илоҳӣ ба шаҳодат расад, ба зиндон афтад ва ранҷу сахтӣ оидаш шавад. Пас метавон гуфт вазифаи мо муқовимат ва истодагӣ аст ва бояд то охир бар ҳиҷоб ва сатри худ пойбанд бошем.
- Дуо ба даргоҳи Худо;
Бояд ба даргоҳи Худо дуо кунем, то ҳазраташ ба мо ҳам қудрати истодагӣ дар муқобили золимро ато кунад ва ҳам исломи азизро дар сарзаминам мӯҳкаму мустаҳкам гардонад. Дуо силоҳи мӯъмин аст ва аз ин силоҳ бояд дар дифоъ аз худ ва безарар гардонидани душман истифода бурд. Худо фармудааст, дуо кунед то иҷобат кунам шуморо. Пас, метавон гуфт вазифаи мо дуо аст, то Худо бо салоҳдиди худаш иҷобат гардонад ва моро аз фармонбардорони худ қарор диҳад!.
- Лаъну нафрин нисори душманони Худо алалхусус душманони сатру ҳиҷоб дар ҶТ;
Вазифаи мо ба унвони мазлум ва мавриди зулму ситами ситамгарон, ин аст, ки душманони Худо ва касонеро ки зидди Ислом дасиса мечинанд, душманӣ мекунанд, ба ҷанг бархостаанд, онҳоро лаъну нафрин кунем. Худованд дар Қуръон чунин инсонҳоеро лаънат фиристодааст, ки дар сураи Оли-Имрон ояти 87, сураи Моида ояти 33.
Ҷамшеди Хатлонӣ