Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 175 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмондааст. Шавкат Бобозода, Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нишасти хабарии худ, имрӯз 26 июли 2017 ба хабарнигорон гуфт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 175 корхонаи саноатӣ аз фаолият боз монд. Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат ҳамагӣ таъсиси 78 корхона ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфти Бобозода сабаби аз кор мондани корхонаҳо ба қарздории онҳо назди бонкҳо будааст. “Бархе корхонаҳо аз бонкҳо қарз мегиранд ва сари вақт наметавонанд онро баргардонанд”- афзуд вазир.
Бино ба маълумоти вазири саноат, «…дар ҳоли ҳозир, дар миқёси кишвар 1957 корхонаи саноатӣ фаъол аст. Аз ин 494 корхонаи соҳаи саноати хурокворӣ, 35 корхонаи соҳаи истеҳсоли маъдан, 488 соҳаи маҳсулоти сохтмон, 19 корхонаи соҳаи саноати ангишт, 415 корхонаи соҳаи саноати сабук, 298 корхонаи соҳаи мошинсозӣ, 150 соҳаи табъу нашр, 33 корхонаи нафту газ ва 25 корхонаи дигар марбути вазорати энергетика ва захираҳои об мебошад».
Ҳарчанд ба гуфти вазир қисме аз корхонаҳо ба сабаби мавсимӣ будан аз фаъолият мондаанд вале тибқи қиёси худи Бобозода нисбат дар ҳамин давраи соли гузашта, дар ҷумҳури 2051 корхона фаъол будааст. Айни ҳол бошад адади корхонаҳои фаол ба 1957 фаромадааст.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ раҳмон, Президенти Тоҷикистон, имрӯз дар ҷаласаи ҳукуматӣ гуфт, «Дар шаш моҳи соли 2017 сарфи назар аз таъсири манфии идомаёбандаи вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ, тамоюли мусбии рушди иқтисодиёт дар кишвар таъмин гардид».
Аммо дар ҳоле, ки корхонаҳои саноатие, ки ба рукуд оварда аз фаолият бозмонда истодаанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Теъдоди соҳибкороне, ки қатъи фаолият кардаанд ҳамарӯза афзуда истодааст, чигуна устувор рушд кардани иқтисодиёти Тоҷикистон муаммо боқӣ мемонад.