Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Паёми таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти модари Ҷаннатуллоҳи Комил

$
0
0

 

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун

Хабари даргузашти модар Саймо Қулова, волидаи 72-солаи сабуру бузургвори Ҷаннатуллоҳи Комил, узви Шӯрои Иҷроияи ҳизб ва намояндаи он дар Олмон, муҷиби ғаму андуҳи мо гардидааст.

Мо мусибати ҷонкоҳро хидмати бародар Ҷаннатуллоҳ ва хонаводаи муҳтарамашон таслият гуфта, аз даргоҳи Худованди карим барои модари марҳума ғуфрону раҳмат ва барои Ҷаннатуллоҳу хонаводаи гиромиашон сабру шикебоӣ хоҳонем.

Марҳума яке аз аъзои собиқадор ва вафодори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда, як инсони парҳезгор, муъмина, меҳрубон ва сабур буд. Дар баробари ҳама ситамҳову мушкилот, қалбу хотири реши худро бо хондани намоз ва тиловати Қуръони карим таскин медод.

Марҳума илова бар шаҳодати шавҳару ду фарзандаш дар солҳои 90-ум ва ҳабси тулонии як писарашу ҳиҷрати Ҷаннатуллоҳ, дар рӯзҳои ахир мавриди фишору таъқиби бераҳмона ва таҳдидҳои зиёди мақомоти тоҷик қарор гирифт, ки дар натиҷа вазъияти саломатии беон ҳам вахимаш, вахимтар гашт. Дар паи ин фишорҳову таҳдидҳо ин модари мубориз ва ситамдида субҳи имрӯз ҷоми шаҳодатро нушид. Худованд шаҳодати модарро қабул ва золимонро ба ҷазои аъмолашон бирасонад.

Шӯрои иҷроияи ҲНИТ даргузашти ин модари фидокорро ба мардуми шарифи Тоҷикистон, тамоми муборизони роҳи озодӣ ва Ҷаннатуллоҳу хонаводаашон таслият гуфта, барояшон сабри ҷамил ва барои волидаи марҳума ҷаннатул-фирдавсро хоҳон аст.

Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод!

Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ
26.07.2017

Манбаъ: Саҳифаи фейсбукии Маҳмудҷон Файзраҳмон, сухангӯи ҲНИТ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>