Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Оҷил! Мақомоти амниятӣ се ҷияни Ҷаннатуллоҳи Комилро бо худ бурдааст

$
0
0

Се нафар пайвандони Ҷаннатуллоҳи Комилро мақомоти амниятӣ имрӯз ба таъзияхона омада, бо худ бурдаанд.

Тавассути паёмфиристаки Вотсап як хонандаи Паём.net  хабар дод, ки чанд нафар бо либоси мулкӣ омада, худро корманди амният муаррифӣ кардаанд ва  аз таъзияхона се нафар ҷияни Ҷаннатуллоҳи Комилро бо худ бурдаанд.

Бино ба манбаъ, ягон нафари онҳое, ки худро корманди амният гуфтаанд, ному насаби худро зикр накардаанд. Чанд нафар аз онҳо ба куҷо бурдани ин се нафарро пурсидааст, вале онҳо ҷавоб надодаанд.

Тафсилоти бештар дар бораи боздошти пайвандони Ҷаннатуллоҳи Комил аз таъзияи модараш дар даст нест. Ҳаргоҳ маълумоте дар ин бора пайдо кардем, манзури хонандагон мегардад.

Қобили зикр аст, ки Саймо Кулова, модари Ҷанатуллоҳи Комил ва яке аз ситамдидатарин модарони тоҷик субҳи имрӯз 26/07/2017, қабл аз намози бомдод дар синни 72 солагӣ дунёи фониро падруд гуфт.

Ин модари ранҷкашидаро бе истиҳола мешавад яке аз мазлумтарин модарони тоҷик номид, ки 25 сол зери зулму шиканҷа ва дар асорати режими Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

Сомонаи “Паём” қаблан қиссаи ин модраи шарифро дар 4 қисм пешкаши хонадагон карда буд, ки чӣ гуна Фронти халқӣ аввал шавҳару фарзанди ин модарро кушта ҷанозаи шавҳарашро ба назди дарвозааш партофта буд. Сипас амаки ӯро  ҳам ба шаҳодат расонданд. Баъди он бо ин сабаб ки Фронти халқӣ табибонро аз табобаташ манъ карда буд, духтари 5-солааш рӯи дастонаш ҷон медиҳад.

Силоҳбадастони хуношоми Фронти халқӣ ба ин ҳам иктифо накарда, худи модарро паронданӣ мешаванд ва вақте ӯ туфанги он бадзотро аз дасташ мерабояду писари 3,5 солаашро ба оғӯш мегирад, яке аз силоҳбадастон, ки ҳоло дар додситонии вилояти Суғд кор мекунад, кӯдакро аз дасташ рабуда ба замин мезанад. Кӯдак бемор мешавад ва Саймо кулова ӯро ба беморхонаҳои Себистон, Данғара ва Норак мебарад, вале дар ҳеҷ куҷое аз тарси террористҳои Фронти халқӣ табобати кӯдакро ба дӯш намегиранд, ки дар натиҷа ӯ ҳам рӯи дастони модараш ҷон медиҳад.

Мусибатҳои ин модари ситамдида бо поён ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ҳам ба охир нарасид ва ӯ солҳои дароз аз дидори фарзандонаш, ки муҳоҷиру гуреза буданд ранҷ мекашид. Дар соли  2002 фарзанди дигарашро, ки афсари баталиони 25-ум буд, бо тӯҳмат барои 25 сол равонаи зиндон ва тамоми амволашро мусодира карданд ва ду ҷигарбанди дигараш аз ватан фирор намуданд. Яке аз онҳо тавонист баъди 6 сол худро сафед намуда ба ватан баргардад, вале фарзанди калониаш дигар натавонист бо модар дидор кунад ва модар баъди 15 соли зиндаҷудоӣ орзуи дидори фарзандашро ба гӯр бурд.

Баъди ба ҲНИТ пайвастани Ҷанатуллоҳ, ба хусус баъди манъ шудани фаъолияти он, фишору таъқибу ранҷу озору шиканҷаи ин модари ситамдида аз тарафи режими ҷинояткор аз сар гирифта шуд. Ӯро борҳо боздошт намуда ба идораи пулису амният бурданд. Охирин ҷинояти режим алайҳи ин модар он шуд, ки замини деҳқонии онҳоро, ки рӯзирасони оилаи бузургашон буд, мусодира кард.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>