Бинбар даргузашти Саймо Кулова, модари ситамдидаи Ҷаннутллоҳи Комил «Паём» тасмим гирифт қиссаи ӯро, ки қаблан дар 4 қисм гушр шуда буд, дар шакли комил нашр намояд.
Инак он қисса:
Қаблан иттило дода будем, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навори муроҷиъати модари Ҷанатуллоҳи Комил,, масъули бахши аврупоии ҲНИТ Саймо Куловаро расонаӣ кард, ки дар он модари Ҷаннатуллоҳ ӯро даъват мекунад, аз “фишор овардан” бар ҳукумат даст кашида, ба ватан баргардад.
Дар ин навор холаи Саймо инчунин мегӯяд “20-25 сол аст, ки мо тинҷу ором зиндагӣ мекунем, ягон кас ба мо фишор овардагӣ нест”.
Вале оё воқеъан 20-25 соли охири ин модар “тинҷу ором будааст”? Ва оё ин Ҷанатуллоҳ аст, ки беҳуда ба ҳукумати бегуноҳу мардумӣ “фишор оварда” “кишварро ноором” мекунад ва модарашро озор медиҳад? Оё ин модар ҳеҷ озоре аз дасти ин ҳукумат надидааст?
Биё, хонандаи азиз, боре ба қиссаи талху ҷонсӯзи ин модар, ки назираш кам пайдо мешавад,аз забони худи Ҷанатуллоҳ — шоҳиди он ҳодисаҳо бишнавем, то бубинем, ки ҳақиқат куҷост ва кӣ ба кӣ фишору озор расонидааст.
Ин ҳаводис айнан байни ҳамин 20-25 соле, ки модар мегӯяд, рух додаанд. Аниқтараш 24 сол пеш оғоз шудаву то ҳанӯз идома доранд.
Ҷанатуллоҳ мегӯяд:
Он замон ман даҳ сол доштам. Дар Себистони Данғара зиндагӣ мекардем ва падарам аз эҳтироми хоси мардум баҳравар буд. Ӯ Иззатуллоҳ ном дошт, аммо аз хидмати зиёде, ки ба мардум мекард, Хидматуллоҳ номаш карда буданд. Дар оилаи диндор ва илмдор ба воя расида буд ва аз улуми шаръиву замона хуб бохабар буд.
Солҳои 1988-89, замоне, ки як ҳаракати мардумии гароиш ба ислом оғоз шуда буд ҳамроҳ бо бародарону амакҳоям ду масҷиди қадимиро, ки ҳукумати Шӯравӣ якеро баставу дигареро тахриб карда буд, аз нав таъмир ва барқарор сохта, ба истифодаи мардум дода буд. Аз қазо он ду масҷид имрӯз аз дасти ҳукуматӣ феълӣ баста шудааст. Оғози душмании коммунистону коммунистмаъобон, ки баъдан Фронти халқиро таъсис доданд, аз ҳамин таъмиру биносозии он ду масҷид буд, ки чашми диданашонро надоштанд.
Баъди оғози ҳаракати озодихоҳӣ ва майдондории мардуми истиқлолталаб, падару бародаронам бо роҳбарии Мулло Аҷик ва яке аз бародаронам дар тазоҳуроти мардумии майдони Шаҳидон ширкат мекарданд ва гоҳе як ҳафта онҷо мемонданд. Худам ҳам, ба хотир дорам, ҳарчанд хурд будам, се рӯз дар майдони Шаҳидон истода будам. Бо оғози ҳаракати озодихоҳӣ дар Душанбе ва оғози майдоннишиниҳо, мардуми Себистон ҳам мисли ҳама ҷои Тоҷикистон ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд: тарафдорони истиқлолият ва тарафдорони боқимонии низоми шӯравӣ, ки имрӯз тарафдорони низоми шӯравӣ соҳибони истиқлолият шудаанду, онҳое, ки барои истиқлолият мубориза бурданд, душману хоин. Аввалин шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ ҳам чор ҷавонӣ себистонӣ буданд, ки дар наздикии ҳамин Себистон кушта шуданд.
Вақте ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, падар ва чаҳор бародари ман ба Душанбеву Кофарниҳон (Ваҳдат) маҷбурӣ ҳиҷрат кардаву се нафари дигарашон ба муҷоҳидин пайваста буданд. Дар хона аз мардҳо мани даҳсола ва як бародари чаҳордаҳсолаам бо модар монда будем. Он замон мисли ҳамин сиёсати имрӯзае, ки ин режим пеш гирифтааст, мардумро ҷамъ карда назди хонаи мухолифин мебурданд ва онҷо “тазоҳурот” намуда хонаводаи онҳоро маҷбур ба кӯч бастан мекарданд. Гурӯҳи 100-200 нафараи “ихтиёриён” ба хонаҳои мухолифин зада медаромаданд ва кӯчи онҳоро зӯран ба мошини боркаше бор карда онҳоро ба Душанбе бадарға мекарданд. Дар ин бадарғакуниҳо кӯчи ду бародар ва ҳудуди 20 нафар хешовандони моро ҳам бор кардаву бадарға сохта буданд.
Пас аз чанд вақти ҳиҷрат падарам ҳамроҳи яке аз бародаронам ба Себистон баргашт. Ҷонибдорони Фронти халқӣ аз ин огоҳ шуда, мардумро назди хонаи мо ҷамъ карданду бо шиорпартоӣ аз падарам талаб намуданд, ки аз деҳа хориҷ шавад. Аммо бо назардошти обрӯву ҳайсияти ӯ ноком монданду пароканда шуданд.
Вазъ рӯз ба рӯз бадтар мешуд ва билохира ҷанги шаҳрвандӣ ҳам оғоз шуд. Дар тамоми вилояти Хатлон боздошт ва қатли тарафдорони мухолифин оғоз шуд. 9-ум ё 10-уми ноябри соли 1992 буд, ки шабона ду узви силоҳбадасти Фронти халқӣ, аз сокинони Себистон буданд ба хонаи мо барои дастгир кардани падар ва бародарам омаданд. Вале падару бародарам пинҳонӣ аз хона хориҷ шуданд ва онҳо ба хона ворид шуда, хеле ҷустуҷӯ намуданд. Қуръонҳое, ки дар хона буд ба замин партофтанд. Як нафараш кордро ба гулӯи мани 10-сола монд ва дигараш мили силоҳашро ба сарам рост кард ва ба модарам таҳдид кард, ки агар шавҳару писаратро наорӣ ин кӯдакро мекушем. Модарам хеле гиряву зорӣ крад, ки намедонад падару бародарам куҷо рафтаанд ва аз онҳо мехост маро озод кунанд. Байни пахши ангуштонашу марги ман ва раҳоиям ҳамагӣ чанд сония монда буд. Билохира модарам мушарраф шуд бо гиряву зорӣ он якеро қонеъ созад, ки силоҳашро аз сари ман бардорад. Аммо дигараш дар ҳоле, ки корди бузургеро ба гулӯям монда буд маро кашида ба ҳавлӣ баровард ва мехост ҳамроҳаш барад. Ман бо гиряву зорӣ хоҳиш мекардам, ки раҳоям кунад, аммо гӯш намедод. Билохира худамро аз дасташ раҳо карда ба хона гурехтам. Хушбахтона онҳо барнагаштанд.
Субҳи фардояш огоҳ шудем, ки ҳамон шаб писарамакам Атоуллоев Ширин ва писарамаки дигарам, ки писарамаки модарам ҳам мешавад, Мирзоев Шерхонро ба қатл расонидаву барои куштани падару бародарам ба хонаи мо омада будаанд. Ин ҳолат давом кардан гирифт ва ҳар рӯз ба хонаи мо меомаданду таҳдид мекарданд. Ҳама, ҳатто баъзе аз хешу таборонамон аз мо мегурехтанд ва ба хонаҳояшон роҳ намедоданд. Дар хона модари танҳо, ману бародари 14 солаам ва додари чорсолаву ду хоҳари кӯчакам монда будем. Хеле рӯзҳои сахт буданд. Ҳар лаҳза меомаданду тарафи хона тир мекушоданд.
Даҳ рӯз пас, 19 ноябри соли 1992, онҳо падар ва бародарамро, ки дар хонаи яке аз хешовандонамон, дар ҳамон ҷамоъати Себистон пинҳон шуда буданд, нӯҳ нафар рафта, пайдо ва дастгир карданд. Ва дар шаби тор онҳоро ба мавзеъе, ки аз себистон тақрибан 7-8 километр дуртар аст бурда ва ба ҳар нафарашон шаш корд мезананд. Бародарам муқобилияти зиёд нишон медиҳад ва ӯро боз маротибаи зиёде корд мезананду ба шаҳодат мерасонанд. Ва онҳоро дар ҳамон дашт партофта, бармегарданд. Аммо падарам кушта нашуда буд ва субҳ афтону хезон худашро ба хонаи яке аз хешовандон ба деҳаи Шаршар мерасонад. Ҳамон субҳ аъзои Фронти халқӣ аз зинда мондани ӯ огоҳ мешаванду падари маҷрӯҳамро ба пойгоҳашон, ки дар Себистон таъсис шуда буд оварда, ҳукми қатлашро содир мекунанд ва ҳамонҷо мепарронанд.
Хеле хуб ба хотир дорам, ки тақрибан нисфирӯзӣ буд ва ман бо бародару хоҳаронам дар ҳавлӣ бозӣ мекардам. Як трактор омаду назди хонаи мо қарор кард ва мо давидем то бинем, ки трактор чӣ овардааст.
Вақте ду нафар болои трактор баромаданду чизеро поён партофтанд, дидем, ки мурдаи падарам буд.
Бадани падарам пур аз хун буд. Мо кӯдакон, гирёну нолон, ӯро бардошта ба ҳавлӣ даровардем. Модарам ҳам аз хона хориҷ шуду ба наздамон омад. Ранги рӯи паридаи ӯ ва сипас фиғонаш ҳаргиз аз хотирам намеравад. Амакам омад ва модару амакам ва ману бародарам ҷисми хуншори падарамро ба хона даровардем. Амакам бо вуҷуде, ки худаш зор мегирист, модарамро таслият мегуфт. Хоҳарони хурдсолам сари ҷисми беҷони падарам нишаста фиғон мекарданд.
Ду се ҳамсоя тарсон-тарсон омаданду зуд рафтанд. Хешовандонамон ҳам аз омадан ба хонаамон метарсиданд. Пас аз соате амакам хабари мудҳиши дигар — кушта шудани бародарамро ҳам гуфт ва аз модарам иҷоза хост, то рафта ӯро ҳам оварад.
Амакам рафт ва танҳо бегоҳ, қарибии шом ҷасади бародарамро ҳам овард. Маълум шуд то ин вақт ӯ барои дарёфтии иҷозаи қумондони Фронти халқӣ барои гирифтану овардани ҷанозаи ҷиянаш даводав кардааст.
Он шабро модарам дар як хона бо ҷанозаи ду нафари азизаш гирёну нолон рӯз кард. Ҷузъ як хоҳарбузургам ва занҳои ду амакам касе ҷуръат накард ба назди модарам биёяд. Субҳ чанд силоҳдори Фронти халқӣ омаданд. Онҳо иҷоза намедоданд, ки ҷасади падару бародарамро бишӯем. Он вақт ғамгин шуда будем, ки нагузоштанд ҳатто ҷасадашонро бишӯем, вале дертар ҳикмати ин корро фаҳмидем: ҷасади шаҳид набояд шуста шавад. Ҳарчанд онҳо аз бадбинӣ ин корро карданд, вале Худо амри худро бо дасти онҳо пиёда кард. Чизи дигаре, ки аз он рӯз ёдам мондааст, ин буд, ки хуни падарам ҳатто замоне, ки ба қабр мегузоштанд, ҷорӣ буд.
Бо талошу хархашаи зиёд бо як гурӯҳи ками мардум ҷанозаи падару бародарамро хонда, дар як қабристоне, ки худашон бо булдозер канда буданд, гӯрониданд. Дар қабристони аслие, ки гузаштагони мо онҷо хок шудаанд ва қабри Хоҷа Шақиқи Балхӣ ҳам онҷост, роҳ надоданд.
Вале бо куштани падару бародарам аз азияти мо даст накашиданд. Қариб ҳар рӯз меомаданду ба мо бо роҳҳои гуногун фишор меоварданд ва сӯи хонаамон тир мекушоданд. Се бор хонаамонро ба оташ кашиданд, вале хушбахтона муваффақ нашуданд. Нимашабе аз садои баланд бедор шудем ва дидем, ки алангаи баланде ҳама ҷоро равшан кардааст. Давида ба ҳавлӣ баромадем ва дидем, ки он аланга аз тарафи хонаи бародарам, ҳамоне, ки шаҳид карда буданд, меояд. Маълум шуд хонаи ӯро оташ задаанд ва он пурра сӯхта хокистар шуд.
Хонаи ҳар хешу табор ё шиносе. ки мехостем паноҳ бубарем, қабул намекарданд ва мегуфтанд, ки бо омадани шумо болои мо ҳам балое меоранд. Як солу ду сол мо ҳамеша дар тарсу ҳарос будем ва ҳар лаҳза омадани балоеро мунтазирӣ мекашидем.
Баъди куштани амакбачаҳоям ва падару бародарам амаки модарам — Мирзоев Пирмуҳаммад ва амаки дигараш, ки номаш ба хотирам намондааст, шаҳид карданд. Инчунин аз наздиконамон як оиларо, ки шавҳар тоҷику занаш руси мусалмоншуда буд, бо шумули зану шавҳар ва чаҳор фарзандашон шаҳид карданд. Танҳо ду фарзанди онҳо бо инояти Худо зинда монд.
Бар болои он ҳама ғаму андӯҳ ва дарду ранҷи зиёд, ки модарам медид, маҷбур шуд мани 10 соларо ҳам ба шаҳри Қӯрғонтеппа гурезонад, то баногоҳ ба қатл нарасонанд. Чун ҳамон рӯзе, ки ба гулӯям корд ва ба сарам силоҳ гузошта буданд, аз ояндаи ман сахт дар ташвиш буд. Ман муддати 20 ё 30 рӯз дар Қӯрғонтеппа гуреза будам ва баъди он бо ин гумон, ки вазъ беҳтар шудааст, ба Себистон баргаштам. Аммо вазъ баръакс бадтар шуда буд. Мо дар як муҳосираи иқтисодиву равониву тиббӣ қарор доштем, ки ҳатто ба духтур ҳаққи муроҷиъат кардан надоштем.
Мехоҳам инҷо достони хоҳарам Кибриёро нақл кунам. Аслан ӯ хоҳар неву ҷияни ман буд, вале чун дар хонаи мо бузург шуда буд, хоҳараш мехондем. Аз ин ки онҳо дугоник буданд — Хадиҷаву Кибриё ва модараш имкони нигоҳубинашонро надошт, Кибриё дар хонаи мо бузарг шуда буд, ки модарам нигоҳубин мекард.
Кибриё, ки панҷ сол дошт, аз қатли падар ва таҳдиду фишорҳо ба беморие гирифтор шуда буд. Ҳар замон хун мепартофт ва шикамаш сахт дард мекард. Вале ҳеҷ табибе ҷуръат намекард, ки ӯро табобат ё ҳатто муоина кунад. Дарандаҳои Фронти халқӣ табибонро огоҳ карда буданд, ки ҳар касе ӯро табобат кунад, паронда хоҳад шуд. Бо ин ҳама куштори аҳли хонаводаамон, аз кӯдакон ҳам дастбардон набуданд ва барои муҳосираи мо ҳама корро анҷом медоданд.
Як субҳи аввалбаҳор, ки ҳаргиз аз хотирам намеравад ва яке аз сахттарин рӯзҳои зиндагиям аст, бедор шудам, ки модарам назди тиреза Кибриёро ба оғӯш гирифта нишаста буд. Ман ҳам наздаш рафта нишастам. Аз хунпартоии зиёд ранги Кибриё рӯз то рӯз сафедтар мешуд. Се моҳ бештар шуда буд, ки Кибриёро ба беморхона роҳ намедоданд. Ин субҳ рангаш аз ҳарвақта ҳам паридатар ба назар мерасид. Модарам бе садо ашк мерехт. Намедонам чанд дақиқа ё соат мо ҳамин тавр нишастем ва баногоҳ фиғони модарам баланд шуд. Ва ман дарёфтам, ки Кибриё, ин кӯдаки маъсуми 5-сола аз бераҳмиву сангдилии силоҳбадастони Фронти халкӣ баъди ранҷу азоби чандинмоҳа ҷон дод…
Кибриёро ҳам бо ҷамъи кӯчаке аз ҳамсояҳову хешовандон ҷаноза карда, дар назди падарам ба хок супоридем. Падарам, аз ин ки Кибриё наберааш буд ва дар хонаи мо бузург мешуд, ба ӯ меҳри хосе дошт. Ҳамон вақт фикр карда будам шояд Худованд Кибриёро барои он назди падарам бурд, ки зиқ нашавад.
Силоҳбадастони Фронти халқӣ ба қатлу кушторашон идома медоданд. Ваҳшонияти онҳо рӯз ба рӯз бештар мешуд ва дигар бо кушторҳои оддӣ иктифо намекарданд. Як ҷавони ботақвову хидматгоре бо номи Афғонов Маҳмадалӣ буд, ки ҳамагӣ 20-22 сол дошт. Ӯро боздошт кардаву ба мақарашон, ки дар Себистон буд бурданд. Чӣ гунае, ки баъдан шоҳидон нақл карданд, бадани ӯро қитъа қитъа мебуриданду ба дарё мепартофтанд, то хӯроки моҳиҳо шавад. Вақте ки аз шиканҷаи зиёд ва буридани аъзояш ҷон дод, худашро ҳам ба дарё мепартоянд.
Байни ҳар чанд рӯзе хабари марги яке аз хешовандонамонро мешунидем. Мӯйсафедеро, ки Мулло Боронаш мегуфтанд ва синнаш ҳам аз 70 гузашта буд, дастгир намуда, бо мушту лагад он қадар заданд, ки билохира ҷон дод ва ӯро низ ба дарё партофтанд. Писарамакам Қарахонро ҳам бо шиканҷаи зиёд ба қатл расонданд. Зуҳуров Ҷамшед, як хеши дигари моро кушта ба чоҳе партофтанд, ки танҳо баъди 1 моҳ ҷанозааш пайдо шуд. Ҳудуди 30 нафар наздикони моро бо роҳҳои гуногун ба қатл расониданд.
Дар наздикии деҳаи мо деҳаи дигаре ҳаст, бо номи Розиён, ки ба ҷамоати Себистон ворид мешавад. Аз онҷо шабе 12 нафар мардуми бесилоҳро боздошт мекунанд ва ба мошини калоне бор карда ба назди як ғоре, ки дар 2 километрии Себистон аст мебаранду ҳамаашонро қатл мекунанд ва ба ҳамон ғор мепартоянд. Мурдаи онҳо низ танҳо баъди ду ҳафта пайдо мешавад ва ҳамаашонро дар ҳамон қабристоне, ки Фронти халқӣ барои “душманон” сохта буд ва падару бародари маро низ онҷо ба хок супорида буданд, мегӯронанд. Алъон он қабристон бо номи “Қабристони шаҳидон” маъруф аст.
Яке аз шабҳои он замони пурдаҳшат, нимашабӣ дарвозаи моро сахт заданд. Гӯё касе мехост онро бишканад. Модарам берун шуд ва пушти дари мо як узви Фронти халқӣ, ки алъон дар додситонии вилояти Суғд кор мекунад ва рӯзе ҳатман исмашро ҳам ошкор хоҳем кард, қарор дошт. Ин нафар дар куштори нафарони зиёде даст дошт. Ӯ аз таъсири маводи мухаддир сахт маст буд ва хост бо таппончаи дасташ модарамро парронад. Модарам бо доду фиғон ба таппончааш чанг зад ва нагузошт, ки парронад. Аз фиғони модарам ҳамаи кӯдакон бедор шуданд. аз ҷумла додари 3,5 солаам Сунатуллоҳ, ки аз тарс гирён шуд ва ба тарафи модарам давид. Модарам ӯро ба оғӯш гирифту бардошт ва он палид чанг зада додарамро гирифту ба ҳаво бардошта ба замин зад. Бо ин ҳам қаноат накарда, аз нав таппончаашро бардошт ва мехост ҳамаро парронад. Аз доду фиғони мо як ҳамсояи дурамон, ки фарзандонаш бо он палид шинос будаанд, ба хонаамон омад ва ӯро аз назди мо ронд.
Баъди ин ҳодиса модарам аз тақдири ман тарсида, маро ба Душанбе фиристод. Додарам ҳам аз зарби хӯрдаашу тарс бемор мешавад. Модарам чанд бор ӯро ба беморхонаи Себистон мебарад, вале ба гиряву зории ӯ касе аҳамият намедиҳад. Баъд ба беморхонаи Данғара мебарад, вале онҷо ҳам маълум мешавад ҳамаи табибон огоҳӣ гирифтаанд, ки “вовчик”-ҳоро табобат накунанд. Рӯз то рӯз вазъи бародарам бадтар мешавад ва модарам маҷбур мешавад ӯро ба Норак барад.
Баъдан модарам нақл мекард, ки вақте вориди беморхонаи Норак мешавад, яке аз ҳамон силоҳбадастонеро мебинад, ки дар куштори падару бародарам даст дошт. Модарам мегӯяд, он ҷинояткори ваҳшӣ назди ҳар табибе мерафт ва бо онҳо сӯҳбат мекард. Баъди он ҳеҷ табибе ҳозир намешавад табобати додарамро ба дӯш гирад. Модарам тамоми рӯз аз назди як табиб ба дигараш меравад ва илтимосу зорӣ мекунад, ки бародарамро табобат кунанд, вале чанд нафари онҳо мегӯянд, ки ин кор ба ҷонашон хатар дорад, чун огоҳӣ гирифтаанд. Ва модарам маҷбур мешавад ба хона баргардад.
Пас аз азоби зиёд додари 3,5 солаам ҳам рӯи дастони модарам ҷон медиҳад. Ҷанозаи ӯро на ман ва на ягон бародарону хоҳаронам надидем. Ҷузъ ду хоҳари кӯчакам ва як бародари 14 солаам. Ин ҳодиса таъсири сахте ба модарам гузошт ва то ҳанӯз асараш боқист…
Баъди кушта шудани додари севунимсолаам аз тарафи он силоҳбадасти Фронти халқӣ ки алъон дар додситонии вилояти Суғд ба ҳайси додситон кор мекунад, ману як бародарам — ду писари хурдии модар ба Покистон ҳиҷрат кардем. Се бародари дигарам дар сафи муҷоҳидин буданд.
То соли 1998 модарам бо ду хоҳараму як бародарам дар Себистон мезист, то созишномаи сулҳ имзо шуду бародаронам бо сари баланд ба назди модар баргаштанд. Чун онҳо афсар буданду бародарам Фатҳулло дар баталиони 25-ум вазифаи баланд дошт, дар Себистону Данғара ҳам аз обрӯву эътибори хубе бархӯрдор буданд. Бо инояти Худованд ва кӯшиши бародаронам баъзеи онҳое, ки дар ҷиноят алайҳи мардуми бегуноҳ ва хонаводаи мо даст доштанд, ба сазои аъмолашон расиданд. Аммо на ҳаммаашон. Мардуми Себистону Данғара шоҳиданд, ки бо вуҷуди он ҳама озору шиканҷае, ки ба модару хонаводаи мо расониданд, бародарони ман ҳаргиз аз паи қасосгирӣ набуданд ва мардум ҷузъ хайр аз эшон чизе надидааст.
Пас аз баргашти бародаронам зиндагии модарам ором шуд ва азобу шиканҷаҳояш тамом шуданду ба роҳат расид. Вале боз ҳам дар паҳлӯяш набудани ду писари хурдиаш комашро талх медошт. Қариб даҳ сол — аз нимаи соли 1993, ки ҳиҷрат кардам, то охири соли 2002 ман аз хидмати модари азиз маҳрум будам ва ҳеҷ тамосе бо модару бародаронам надоштам. Танҳо бо бозгашт дар охири соли 2002 ба пойбӯсии модар мушарраф шудам.
Бозгашти писари хурдиаш бояд фурӯрезии охирин сад барои хушбахт шудану ба роҳати комил расидани модарам мешуд, аммо мутаассифона қабл аз бозгашти ман мусибати бузурги дигаре болои хонаводаи мо омада буд. Вақте ин ҳукумати Фронти халқӣ қудратманд шуду қудрат ҳарчӣ бештар дар дасти данғарагиҳо қарор мегирифт, онҳо тавони дидани чанд муҷоҳид дар Данғараро накарданд ва айнан мисли ин рӯзҳо, ки моро ба табаддулоту хиёнат ба ватан муттаҳам мекунанд, бародарони маро бо хиёнат муттаҳам карданду хостанд боздошт кунанд. Ба онҳо муяссар шуд бародарам Фатҳулло Комиловро дастгир кунанд, аммо ду бародари дигарам фирор карданд. Баъдан бародарам бо ҳамин иттиҳоми хиёнат ба ватан 25 сол ҳукми зиндон гирифт. Вақте ман баргаштам дар хона танҳо ҳамон бародарам монда буд, ки тамоми ин солҳо ҳамроҳи модарам буд. Дигарон боздошт ё фирорӣ гашта буданд. Танҳо ба акаи сеюмам муяссар шуд, ки соли 2008 баъди сафед шуданаш ба ватан баргардад. Акаи калониам Раҷаб то ҳанӯз хориҷ аз ватан аст ва Фатҳулло дар зиндон. Ҷузъ ин ки як бародарамро маҳкум ба зиндон ва дуи дигарашро фирорӣ карда буданд, амволи эшонро низ ғасб карданд ва таъмину хоҷгидории тамоми оилаи бузурги мо ба дӯши ҳамон як бародарам афтода буд, ки ҳамроҳи модарам буд ва баъдан ман ба ӯ пайвастам.
Баъди бозгашт шомили донишгоҳ шудаму соли 2008, баъди хатми он ба ҲНИТ пайвастам. Аммо давоми ин солҳо ҳам ҳаргиз аз озори хонаводаи мо дастбардор набуданд ва моҳе набуд, ки модарам ё яке аз моро ба Кумитаи амният даъват накунанд.
Соли гузашта вақте ман дар интихобот номзадиамро дар муқобили номзади ҳизби ҳоким гузоштам, алайҳи ман парвандаи ҷиноятӣ боз карданд ва бо иттиҳомоти сохтаву бофта мехостанд дастгир кунанд. Бинобар ин маҷбур ба ҳиҷрат шудам. Баъди ҳиҷрати ман, бахусус аз замоне, ки фаҳмиданд аз мубориза даст накашидаам, фишор болои модари азиз ва бародаронам афзоиш ёфт. Чанд бор онҳоро, ҳатто боре бо хонаводаашон, боздошт карданд. Модарамро ҳам ҳафта ё моҳе нест, ки ба “зиёраташ” нараванд. Замоне, ки модарамро сабти видеоӣ карданду ӯ аз ман хост баргардам, як бародарам дар боздошгоҳ қарор дошт.
Инак бо гузашти қариб 25 сол аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам ранҷу азоби модари ман тамом нашудааст. 25 сол аст, ки ӯ дар асорати ин режими хуношом қарор дорад ва рӯзи хушро кам дидааст. Ҳамин алъон ҳам як бародарам дар маҳбас аст, дигараш фирорӣ, бародари калониамро аслан намедонем, ки куҷост. Ман дар ҳиҷратам ва модарам дар ҳиҷрон…