Субҳи рузи гузашта бо шунидани марги модари азияткашида ва шаҳидамон Саймо Кулова, дарду озори пешина тоза гашт. Ба қавли мардумӣ «мурдаи нав алами мурдаҳои пешинаро тоза мекунад».
Ҳукумати имрӯза ва қумандонҳои дирӯза, ки бо хиёнат ва зургӯӣ 25 сол мардумро аз ҳаққашон маҳрум карда буданд ва карда истодаанд ошкоро ба ҳуҷум гузаштаанд. На ҳуҷуми мардона, балки таҳқири кампир, пирамарду зану кӯдак.
Шояд фикр карданд, баъди фишор болои хонаводаҳои фаъолон, ки волидонашон тоб наоварда дори фониро падруд гуфтанд муваффак шуданд.
Аммо фаромуш карданд, ки ҳақиқат рузе ошкор хоҳад гашт!
Баъди кӯчактарин рафтори солим ва андешаи воқеъии мухолифин онҳо нафаре аз волидонро қурбонӣ карданд,д уруст, ки бе аҷал касе намемирад, вале шумо «ватандустони асил» то марги иллоҳӣ чандбор мемиронед!
Баъди конфронси Варшава, моҳи сентябри соли 2016 ниҳодҳои ба дил сангбастаи дахлдор бо ҷамъи муллою муаллим духтуру коргари қаторӣ ва донишҷӯён, тақрибан 100 нафар вориди манзили наздикон ва волидони ширкат намудагони ҳамоиши Варшава гаштанд, гӯё ин “қаҳрамонон” бо ин салобат ва каффи пулодинашон шоҳдухтари афсонавиеро аз чанголи аждаҳо раҳо мекарда бошанд ва бо сангшап ва тухму ҳақорату дашном вазифаашонро анҷом доданд.
Муваффақ ҳам шуданд, модари Абдуссамади Абдуссаттор тоб наоварда бо фишори баланди хун дар рӯзи 5-уми ҳамоиш даргузашт.
Пирамард Тилло Кабиров, Падари роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ҳарчанд ин пирамарди шуҷоъ мардонавор гуфт «агар сухани шумо воқеият дорад биравед! гуноҳи писари маро дар ҳамон конфронс исбот кунед,чаро пеши мо арз мекунед, мо на қозием, на ҳоким». Аммо фишор кори худро кард ва бо ин алла м ва дар оқибати фишорҳои равониву тазйиқҳои бераҳмона пирамарди 95-сола ҷон ба ҷонофарин таслим намуд.
Падари Қиёмиддини Аваз, зиндонии бе гуноҳ ва исботнашуда низ яке аз ин қурбонии фишорҳост.
Баъди 10 соат нигаҳдорӣ намудани Зарафо Раҳмонӣ хоҳарбузургаш, ки аз бемории саратон ранҷ мебурд, дардаш хуруҷ намуда, ин дунёро бо ҳама ҷавраш тарк намуд ва ятимонашро барои ҳоҳаронаш гузошт.
Имрӯзҳо дорад ин раванди фишор густурдатар мегардад ва амалӣ гашта истодааст. Тибқи иттилои баъзе шоҳидони ҳол, нафароне, ки бо ҳар роҳе, воситае хориҷи кишвар қарор доранд ва аз фаъолони мухолифин ҳастанд, бо ҳар навъе фишор меоранд. Якеро бо ситонидани маблағ, ғасби амвол, тарси зиндон намудан ва аз ҳама аламовараш байни ҷамъи мардум тамғаи хоин задан.
Баъди ҳамоиши тоҷикони берунмарзӣ бахшида ба 20 солагии Созишномаи сулҳи тоҷикон дар Олмон, ин навъи фишор зиёдтар гашт ва инак қурбонии тоза модари бародари гиромӣ Ҷаннатулло гардид. Имрӯзҳо ин ба хуни миллат ташнагон мардумро дар масҷид ва ҷамоъатҳо гирд оварда, дар ҳузури наздикони мухолифин ҳар чи забони бе устухонашон тоб хурд, дилашонро ба қавли худашон холӣ мекунанд .
Аз ҷумла болои пайвандон ва келини роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ҳамсари Руҳулло Тиллозода, Миҷгонаи Зайниддин як идда нохалафон ваҳшиёна фишор меоранд.Ин хонуми мазлум борҳо иброз дошт, даст аз сарам бардоред «хонаи падар бо 3 тифли хурдсол бори зиёдатӣ гаштам, бо тамоми пайвандон рафтуомадро қатъ кардам,»магар ман медонистам, ки баъди чандсоли издивоҷ ҳамсари ман бо туҳмат тарки ватан мекунад”-мегӯяд Миҷгонаи Зайниддин.
Чаро касе аз ҳуқуқи ин занон ва модарон дифоъ намекунад? Чаро нафаре
садо баланд намекунад, ки дар кишваре ба ном демократи чаро ба гуноҳи исботнашудаи як нафар ҳама наздикон ҷавобгар бошанд?
Чаро модарон бояд кушта шаванд?
Чаро пайвандон ва наздикон радди маърака шаванд?
Даст бардоред аз зулм болои занону модарон, пиразану пирамардон
Некиро аз шумо касе интизор нест! Ақаллан мазлумони бегуноҳро ором гузоред,
Ин чи бедодӣ?
Дар манзили худашон нагузоред зиндаги кунанд,
Аз кишвар намонед хориҷ шаванд
Саҳар ҳам бе иҷозат сар ба манзили бегона мехалонед, бегоҳ ҳам
«Гӯш ба қимор » будан кори рузмарраи беномусонаи шумо шудааст.
Бояд ёдовар шавам, ки Муроҷиати адвокати шинохта Ҷамшед Ёров барои тамоми ҳаммиллатон ва фаъолону соҳибандешон, ки имрӯз тавассути саҳифаи фейсбукиаш расонаӣ шуд бояд ҳамагонро бетараф нагузорад!
Хомуш набошед!
Модаркушӣ бас!
Мунисаи Солеҳ