Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

«Худаш медонад куҷост». Ё посухҳои булъаҷаби Додситони кул Юсуф Раҳмон

$
0
0

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабариаш, ки имрӯз баргузор шуд, посухи асосиаш ба суоли хабарнигорон “нисбаташ парванда боз шудааст” буд.

Ҳатто вақте суоли хабарнигорон аз мавзӯъи дигаре буд, Додситони кулли Тоҷикистон посух медод, ки “нисбаташ парванда боз шудааст”. Барои мисол ба суоли хабарнигор, ки пурсид “Тоҷикистон талош барои баргардондани шаҳрвандонаш аз Сурия ва Ироқ, аз ҷумла беш аз 250 кӯдакро дорад. Инро ба чӣ шева амалӣ карданист?”, Юсуф Раҳмон чунин посух дод: “Нисбати шаҳрвандоне, ки бо ҷалби ташкилотҳои террористӣ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар сурати дастгир шудан ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Парвандаи занону ноболиғонро дар сурати бозгашташон ба Тоҷикистон баррасӣ мекунем. Ноболиғон албатта ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешавад. Нисбати дигарон чораандешӣ мешавад.”

Ё ба суоли “Низомхон Ҷӯраев куҷо шуд?”, Додситони кулли Тоҷикистон посух дод: Вай худаш медонад, куҷо шудааст(!!!!). (Яъне худашро пайдо кунеду пурсед) Нисбати вай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, қисми парвандаи ҷиноӣ ба суд ирсол шудааст. Ӯ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ҳамин тавр аз 12 саволе, ки хабаргузории “Озодагон” онҳоро бо посухҳояшон нашр кардааст, Юсуф Раҳмон ба 6-тояш бо як маънӣ “Парванда боз шудааст” посух гуфтааст.

“Дақиқтарин” посухро Додситони кулл ба суоли ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргаштани ҷангиёни тоҷик гуфтааст. Вақте хабарнигор аз ӯ мепурсад, ки “Гуфта мешавад, ки ҷангиёни зиёди тоҷик аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон, ба марзи Тоҷикистон баргаштаанд. Дар ин бора чӣ иттилоъ доред?” айбдоркунандаи рақами яки Тоҷикистон посух медиҳад: “дар ВАО дар ин бора иттилоот аст, шумо огоҳед.”

Маълум гардид, Доситони кулл аз нақзи қонуни танзим аз тарафи мансабдорон ҳам, ки Эмомалӣ Раҳмон аз он борҳо гуфтааст, хабар надоштааст. Яъне аз қонуншиканӣ раисҷумҳур хабар дораду Додситони кулл на. Вақте аз ӯ пурсида шуд, ки “дар мавриди нақзи қонуни танзим аз сӯи мансабдорон чӣ иттилоъ доред?”, Юсуф Раҳмон посух дод “мақсад пешгирӣ намудани қонуншикании фарзандони хизматчиёни давлатӣ аст. Мо дар ин самт ҳама вақт кор мекунем. Дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои қонуншиканӣ чора меандешем.”

Ба назар мерасад Додситони кулли Тоҷикистон аз чӣ будани рақаму шумора ҳам хабар надорад. Ба суоли “чанд нафар аз Сурия ва Ироқ баргаштаанд ва чанд нафарашон афв шудаанд?”, ҷавоби эшон хеле булъаҷаб аст: “Пеш аз он ки ба ҷангҳои хориҷӣ раванд, бояд фикр кунанд, ки ин ҷиноят аст. Надонистан онҳоро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Ягон бахшиш нисбати террорист татбиқ намешавад. Бисёри онҳо барнамегарданд, онҳо дастгир мешаванд ва ба Тоҷикистон истирдод мешаванд. Ман гуфтам, нисбати террорист ягон бахшиш нест, истисно занон ва кӯдакон. Онҳо барои ҷамъият, давлат мардум хафви калон доранд.”

Маълум гардид, додситони аввали Тоҷикистон дар мавриди Гулмурод Ҳалимов иттилои хеле зиёд доштааст. Ба суол дар ин бора ӯ чунин посух гуфт: “Нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, тариқи Интерпол дар кофтукоб қарор дорад. Дар сурати дастгир шуданаш ба ВАО иттилоъ пешниҳод хоҳад шуд.”

Суолҳои дигари хабарнигорону посухҳои Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бидуни ба шакли зер буданд:

 

Суол: Барои истифодаи меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон парванде боз шудааст?

Юсуф Раҳмон: Парвандаи ҷиноие барои истифодаи меҳнати кӯдакон боз нашудааст. Агар чунин ҳолат ба қайд гирифта шавад, мо оммаро огоҳ мекунем.

 

Суол: Ҳамлаи террористӣ дар Қӯрғонтеппаро кадом созмон ба дӯш гирифт. ВКД аз пешгирии 12 ҳамлаи террористӣ хабар дод, метавонед инро шарҳ диҳед?

 

Юсуф Раҳмон: Аз рӯи ҳамлаи террористӣ дар Қӯрғонтеппа парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва давоми ҳамагӣ 10 рӯз ошкор гардид. 4 нафар боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Дар мавриди он ки аъзои кадом ташкилоти террористиянд, бо далели сирри тафтишот будан, маълумот пешниҳод намешавад.

 

Суол: Қонуншиканӣ дар соҳаи замин зиёд шудааст ё камтар?

 

Юсуф Раҳмон: Имсол қонуншиканӣ дар соҳаи замин камтар шудааст. Танҳо дар доираи як парвандаи ҷиноӣ зиёда аз 4 миллион сомонӣ ба ҳайси пора ошкор шудааст. Ин миқдор пораро гирифта, заминро фурӯхтаанд. Фақат дар ноҳияи Рӯдакӣ 100 парванда, дар маҷмуъ 500 парвандаи ҷиноии марбут ба замин боз шудааст.

 

Мо ҳозир бо мақомоти судӣ аризаҳои даъвогӣ пешниҳод мекунем ва тамоми хонаҳое, ки дар заминҳои ғайриқонунӣ сохта шудаанд, давлатӣ карда мешаванд. Маблағҳое, ки тариқи пора гирифта шудаанд, аз шахсони гунаҳкор ба манфиати давлат рӯёндем. Ҳам мансабдорон ва ҳам онҳоеро, ки заминро ғайриқонунӣ харидаанд, ба ҷавобгарӣ мекашем. Роҳи дигари кам кардани ҷинояткорӣ дар соҳаи замин нест. Хонаҳое, ки ғайриқонунӣ сохта шудаанд, давлатӣ мекунем.

 

Суол: Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, наздикони аъзои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ мавриди фишор қарор доранд. Чунин ҳолатҳо ҷой доранд?

 

Юсуф Раҳмон: Ин хел гап нест, ягон фишор ба аъзои оилаи онҳо нест. Дар доираи парвандаи ҷиноӣ хешу табори наздики аъзои “Гуруҳи 24” ва дигар созмонҳо мавриди пурсиш қарор мегиранд. Ягон хел фишор нест.

 

Суол: Пинҳонкунии ҷиноят дар Тоҷикистон кам шудааст ё зиёд?

 

Шариф Қурбонзода, сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо: Дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳонкунии ҷиноятҳо ҷой дорад. Ҳолатҳои пинҳонкунии ҷиноятҳо 599 ададро ташкил медиҳад, ки қисми зиёди камбудиҳо дар ВКД ҷой доранд. Зиёда аз 180 парванда ба судҳо равон шудаанд. Зимни санҷиши ҳодисаҳои ҷиноят аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба кирдори содиршуда баҳои ҳуқуқӣ дода наметавонанд. Дар натиҷаи назорати прокурорӣ ин ҳолатҳо ошкор мешавад. Нисбати гунаҳкорон ҷавобгарӣ дар шакли ҷавобгарии интизомӣ то дараҷаи аз вазифа озод кардан, татбиқ мешавад.

 

Суол: Санҷиши мақолаи Паномарёв, ки қаблан гуфтед, чӣ натиҷа дод?

 

Юсуф Раҳмон: Мо гуфтем, ки мақола мавриди санҷиш қарор мегирад ва агар таркиби ҷиноят ошкор шавад, парванда оғоз мегардад. Санҷиш мавҷуд будани таркиби ҷиноятро дар мақолаи ӯ ошкор накард.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>