Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бузургтарин хатар аз уламои хоин аст (посух ба «Раҳнамо»)

$
0
0

Абдуллоҳи гиромӣ!

Мефаҳмам, чӣ қадар навиштани он посух ба Мӯсавӣ сахт буд. Аз як тараф азоби виҷдон аз пӯшидани ҳақиқату ҳақиқат ҷилва додани дурӯғ, аз тарафи дигар тарси аз даст додани ҷойи кор. Аз як тараф хиёнату тохтан ба дӯстони собиқ аз тарафи дигар фишори мақомот, ки агар нанавиштӣ ҷанозаатро мехонем. Воқеъан сахт аст. Ҳоло бисёриҳо хоҳанд гуфт, ки “хоин виҷдон надорад”, “агар виҷдон медошт ин хориву зиллатро намепазируфт”, “дараҷаи виҷдонаш аз қазияи Зайд маълум шуд” ва ғайра. Вале банда ба ин назарам, ки виҷдонро ҳама доранд, танҳо баъзеҳо бештар ва баъзеи дигар камтар. Баъзеҳо виҷдонро аҷр мегузоранду ҳар чизи хилофашро тарк мекунанд, баъзеи дигар баръакс, виҷдону шарафро қурбони арзишҳои ночизе мисли молу мансабаке мегардонанд. Вале аз ин виҷдон ба пуррагӣ ором намегирад ва ҳар гоҳе аз худ дарак медиҳад. Ба ин боварам, ки шуморо на танҳо виҷдонатон, балки ҳақиқате ҳам, ки медонеду китмонаш мекунед, лаҳзае ором намегузорад. Воқеъан сахт аст бо ин дард ҳама умр зистан.  

Мутмаинам, ки на танҳо навиштани он посух бароятон бисёр сахт буд, балки ҳамон кору фаъолият кардан дар он муҳит ҳам хеле сахт аст. Мефаҳмам, ки ин навиштаи банда ҳам намак болои ҷароҳататон хоҳад буд, вале чӣ илоҷ? Тақдири хоинону дурӯягону мунофиқин аз азал чунин будааст. Ҳамеша зери азоб ва тарс аз хиёнат алайҳашон. Чун ҳамаро дар кеши худ мепиндоранд ва ҳамеша мунтазири хиёнатеанд. Худашон ин роҳро баргузидаанд ва азобашон ҳам аз худашон. Шумо ҳам медонед, ки рӯзе суроғатон хоҳанд омад ва камтарин коре, ки дар қиболатон сурат мегирад, нишон додани дари баромад хоҳад буд. Албатта барои як марди худшинос баста шудани даре аслан мусибат набуда, баръакс шонси навбатист. Вале барои шумо, ки ба хотири қарор гирифтан паси ҳамон дар ва ҳифзи тиҷорататон ҳама муқаддасотро пушти по задед, тасаввур мешавад, ки чӣ қадар сахт хоҳад буд.

Аз таҷриба ҳам инро медонем: вақте мактаберо, ки Зайд Саид бароятон ба ивази як миллион доллар сохту ҳамин ҳукумати ҷоноҷонатон аз шумо онро гирифт, ҳолатонро мушоҳида карда будем, ки чӣ бад шуда буд. Боз ҳам дӯстони собиқатон, ки террористашон мехонед аз кӯча шуморо пайдо кардаву назди Зайд Саид бурданд ва ӯ дар як моҳ бароятон боз як мактаби дигар сохт. То шумо вақте боздошташ карданд, алайҳаш маълумот диҳед!

Вақте инсон бори аввал хиёнат ё ҳар ҷинояти дигареро кард, виҷдонаш сахт азобаш медиҳад. Бори дуввум камтар. Бори саввум боз камтар. Ҳамин тавр ҳар дафъа камтар мешавад то ҳаде, ба кори оддӣ табдил мегардад. Бо хиёнат ба оне, ки ба Эрон фиристодатон, ба оне ки бароятон дар онҷо хона гирифту маблағи таҳсилатонро чанд сол пардохт, ба онҳое ки дар Тоҷикистон кӯмакатон карданд ва билохира ба оне, ки мактабатон сохт, шояд ин кор бароятон оддӣ шудааст. Вале ин дафъа шумо ба ҳақиқат ва илм хиёнат кардед, ки мутмаинам виҷдонатон ба ҳайси виҷдони як олим дар азоб аст.   

Хиёнатҳои қаблии шумо ба шахсиятҳо, хонаводаҳо, гурӯҳҳо ва ё ба қавли худатон созмон буд. Вале ин дафъа ба илм, таърих ва ба кулли миллат мекунед. Ҳирсу тарс шуморо то ҷое бурд, ки бузургтарин дурӯғро ба таърихи ҳамагӣ 20-25 сол қабл мебандед, дар ҳоле, ки миллионҳо шоҳиди он давраи таърих ҳанӯз зиндаанд. Шумо рӯ ба рӯи миллат меистед ва ширро сиёҳ мегӯед. Касе ба ҷуз чанд дузду хоин то ҳол ин ҷуръатро надоштааст, ки ҲНИТ ва ҳатто Фронти халқиро ба марги 150 000 нафар гунаҳкор донад. Албатта мухолифин ҳам бегуноҳ набуданд, вале бо вуҷуди таблиғу дурӯғи расонаҳои давлатиӣ ҳама медонанд, ки гунаҳкори асосии ҷанг кӣ буду кӣ мардум кушт.

То ин замон ба хотири посдории сулҳ аз забони мухолифин ҳеҷ рақаме аз куштагони тарафи муқобил садо надодааст ва тарафи ҳукумат ҳам бо вуҷуди тӯҳматпарокании чанд соли охираш ҳаргиз ин даъворо накарда буд, ки ҲНИТ дар кушта шудани 150 000 нафар даст дорад. Ва шумо, ки худро пажӯҳишгар меномед ин иддаоро замоне мекунед, ки миллат дар вартаи як ҷанги дигар қарор гирифтааст. Оё мешавад аз ин тӯҳматпарокании шумо хулоса кард, ки Маркази таҳқиқоти стротежии назди раисҷумҳур чӣ ҳадаферо думболагирӣ мекунад?

Шумо аввал мегӯед, танҳо пажӯҳишгаре будаед, ки дар бораи ҲНИТ чандин китоб ва мақолаҳои илмӣ, таҳлилӣ ва интиқодии созанда навиштаед. Ва агар дар ин ҳизб инсофу дурбинӣ мебуд, ҳоло барои шумо муҷассамаи симин мегузошт ва барои омӯзиши китобҳоятон чандин семинару  конфронс барпо мекарданд. Яъне замоне, ки шумо пажӯҳиш анҷом медодед, ҳеҷ ҷинояте аз ин ҳизб ошкор накардед, вале вақте шумо дар тарафи ҳукумат қарор гирифтеду ҳукумат ҳам ҲНИТ-ро бо ҷурми сохтаи кудато террористӣ эълон кард, шумои дастпарварди ин ҳизб ба ин натиҷа расидед, ки маблағгузорони таҳсили шумои пажӯҳишгар гунаҳкори аслии ҷанги шаҳрвандӣ ва марги 150 000 одам будаанд?  Он ҳама пажӯҳишҳои шумо дурӯғ баромаданд? Ҳоло мо ба қавли худатон ба кадом суханатон бовар кунем? Ба пажӯҳиши чандинсолаатон ё ба даъвои хушку холӣ ва бидуни ҳеҷ далелатон?

Мӯҳтарам пажӯҳишгар!

Ин ҳарфҳо аз шумоянд?: “Пас, агар Суди Олии ин кишваре, ки Шумо истиқлолияташро эътироф намудаед, дар бораи як созмони дохилии ин кишвар ҳукме содир карда бошад, чӣ гуна давлати дӯст ва эътирофкунандаи истиқлолияти он кишвар метавонад нисбат ба он мавқеи расмии дигаре дошта бошад? Зеро эътирофи як давлат ба маънои эътирофи манфиатҳо, сохторҳо, қонунҳо ва сиёсатҳои он аст. Ишора ба қарори Суди Олӣ ба ин маъност, ки эътироф накардани қарори Суди Олии як давлат дақиқан ба маънои амалан эътироф надоштани худи он давлат аст.” Пас Тоҷикистон ҳеҷ дӯсте надорад? Гузашта аз ин, Тоҷикистонро ҳеҷ кишваре эътироф намекунад, чун қарори террористӣ шинохтани ҲНИТ-ро то ҳанӯз накардааст?

Шумо дар дурӯғпароканӣ “Ховар”-ро ҳам бо як нӯл задед: “Аз тарафи дигар, ин матлаби расонаии мушовири аршади Вазорати умури хориҷии ҶИ Эрон дар масъалаи узвияти Эрон ба Созмони ҳамкории Шанхай низ саволҳоеро эҷод кардааст, ки он дигар танҳо ба раъйи Тоҷикистон вобаста нест.” Яъне тибқи мантиқи шумо сабаби ба СҲШ қабул нашудани Эрон ҲНИТ-ро террористӣ эътироф накарданаш буд? Пас Ҳинду Покистон бо кадом далел чанд моҳ пеш қабул шуданд? Ё мехоҳед паёми ҳукуматро ба ин восита ба Эрон расонед, ки танҳо баъди террористӣ шинохтани ҲНИТ Тоҷикистонро барояш раъй хоҳад дод?

Агар “Ховар” танҳо дар тасвири масъала дурӯғ гуфт, шумо онро ба як дурӯғи бузург табдил додаед, ки мегӯед: “Тавре огоҳӣ доред, Созмони ҳамкории Шанхай Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба таври расмӣ ба Феҳристи ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар қаламрави кишварҳои ин созмон манъшуда ворид намудааст.”  ҲНИТ-ро Созмони ҳамкории Шанхай не, Созмони минтақавии зиддитеррористии он ба рӯйхати баҳисобгирӣ ворид кардааст. Лутфан  ба худи матни хабар ва асноди ҳуқуқии СҲШ ва ниҳоди зидитеррористии он, ки линкашро ҳам овардаед муроҷиат шавад, то ин суйитафоҳумҳо ва умумигӯйиҳо дар ин мавзӯъ аз байн биравад. Дар матни русии изхороти Созмони минтакавии зидитеррористии СҲШ хеле возеҳ оварда шудааст: »Об  информационных учетах Региональной антитеррористической организации ШОС». Яъне, дар бораи баҳисобгирии иттилоотии Созмони зиддитеррористии СҲШ. На дар номи санад ва на дар матни он чизе дар бораи эътирофи ин ё он созмонҳои ҳамчун созмони террористӣ аз тарафи кившарҳои узв вуҷуд надорад. Дар давоми матн омадааст, ки ин рӯйхат ва ҳисобгирӣ дар асоси пешниҳоди кишварҳои узв сурат мегирад, ки то имрӯз бештар аз 100 созмон ва 3000 нафар шомили ин рӯйхат гаштаанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кишвари узви СҲШ метавонад ба ин рӯйхат номи дилхоҳ созмон ё шахсро ворид намояд ва созмони зиддитеррористии СҲШ ҳақи рад кардани онро надорад. Аммо, нуктаи асосӣ инҷост, ки тасмимро дар бораи эътироф кардан ё накардани ин ё он созмон ё шахс ҳамчун террорист ё экстремист ҳар кишвари узв дар алоҳидагӣ мегирад, на СҲШ ва на зермаҷмӯъаҳои он. Ва чунин қарор тибқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии ҳар кишвар ба тасвиб мерасад, ки то имрӯз ягон кишвари дигари узви СҲШ ин корро нисбати ҲНИТ анҷом надодааст. Ва инро масъулини СҲШ ба таври ошкор дар сӯҳбат бо  сайти “Ахбор” зикр намудаанд. Албатта шумо онро хондаед ва медонед, ки ҳақиқат куҷост, вале боз ҳам дурӯғи шохдоре месозед, то вазифаи ба дӯшатон гузошташударо анҷом диҳед.

Мӯҳтарам стратег!

Дар ҳоле ҳам, ки худро ҷонибдору ҳомии давлат мехонеду ба ҲНИТ бузургтарин тӯҳматро мечаспонед, боз ҳам ба ин ҳизб ва эрониҳо паёми сиррӣ мефиристед, ки ман дорам ин корро аз маҷбурият мекунам. Магар зикри хидматҳоятон ба ҳизбу қадр накардани онҳо ва ин ки то баста шуданаш ҳеҷ мушкиле бо ин ҳизб надоштед ҳамин паём нест?  Аз “фаҳмиш ва фарҳанги ҳуқуқии” шумо ҳам ҳамин паём хонда мешавад: “Масъалаи ҳукми ҲНИТ як масъалаи салиқайӣ нест, ки нисбат ба он ин ё он гуна назар дошта бошем. Он як масъалаи ҳуқуқист, ки дар сатҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал ва эълон шудааст. Банда ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон наметавонам мавқеи дигаре дошта бошам. Зеро эътироф накардани ҳукми Суди Олии кишвар ба маънои эътироф надоштани тамоми низоми давлатӣ ва инкори худи давлат аст.” Шумо ба ҳайси як донишманд наметавонед чунин як фаҳмишу фарҳанги ҳуқуқии хандаовар дошта бошед. Мехоҳед паём диҳед, ки “ман дохили Тоҷикистонам ва ноилоҷ бояд ҳамин мавқеъро дошта бошам”. Ва ба эрониҳо ҳам паём медиҳед, ки “агар дар ҳақиқат пойи инсоф ва бародарӣ дар миён бошад, Шумо мавқеъ ва дидгоҳи моро дуруст дарк мекунед”.

Вале ҳазорҳо мисол аз таърих вуҷуд дорад ва ҳатман дар пажӯҳишҳоятон ҳам мисолҳои зиёдеро вохӯрдаед, ки хоин дар ҳеҷ тарафе қадру қимате надорад. Дар тарафе, ки ба он хиёнат кард ба хотири хиёнаташ, дар тарафе, ки хоин ба он пайваст ба ин хотир, ки медонанд хоинон ҳаргиз ба ҳеҷ тарафе вафо нахоҳанд кард.     

Албатта худро таскин медиҳед, ки ин ҳама хиёнату дурӯғҳоятон аз ноилоҷӣ аст. Мутаассифона “ноилоҷӣ”-и шумо мансабакатону мактабатон аст, ки ноилоҷӣ ҳисобида намешавад. Маҳбусинро, ки барои дифоъ аз ҳақ на танҳо молу мансабашонро, балки озодиву саломатиашонро ҳам аз даст доданд, канор гузорем. Шумо аслан лоиқи муқоиса бо онҳо нестед. Вале ҳазорҳо нафари дигар ҳастанд, ки ба хотири ҳифзи шарафу номусу имон аз баҳри молу мансаб гузаштаанд ва агарчӣ дар ғарибиянд сарашон пеши нокасон хам нест ва вичдонашон ором аст.

Оё боре чун олиму пажӯҳишгар фикр кардаед, ки китмони ҳақиқат, таҳрифи таърих ва пирӯзиҳои муваққати ботил бар ҳақиқат ҳамеша бо дасти афроде мисли шумо роҳандозӣ шуда?


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>