“Фарҳанги миллӣ”-е ки имрӯз аз ҷониби роҳбарони кишвар ва дарбориёну чоплусонаш тарғиб мешаваду гӯши мардумро кар кардааст ин ҳадафҳоро дорад: модари тоҷикро бе шарму ҳаё, мардҳоро даюс ва мардумро аз дин дур кардан.
Чун модар бе ҳаё бошаду падар даюс, ҳеҷ гох фарзанди ҷасуру ғаюр ва бо нангу номус тарбия намекунад. Маддоҳ, чоплус, золим ва хоин тарбия мекунад. Ин бо барномарезии хос рӯи даст гирифта шудааст, барои бақои мансабашон.
Шояд соле баъд барои намозхонӣ ҳам мисли ҳаҷ қонуне бароранд, ки баъди 40 ё 50 солагӣ ё вақте нафақа баромадед, мехонед. Шояд аз Қуръон ҳам далел биёваранд: аввалин ояти нозил шуда бар Паёмбар (с) амр ба хондан буд (илм омузӣ) на намозхонӣ. Ё аз ҳадиси Паёмбар (с), ки фармудаанд: Ҳар амали хайр ибодат аст.
Шояд баъди манъи намоз ҷамъ кардани Қуръон ва китобҳои динӣ шурӯъ шавад. Дар хонаи касе чунин китобҳо пайдо гардид ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Баҳонааш ҳам ҳамон “фарҳанги бегона”. Яъне ин китобҳо бо забони арабӣ ва форсӣ навишта шуда, мақсади муаллифонаш аз байн бурдани забони мост. Барои ин кор Кумитаи дин ва Вазорати фарҳанг мувазаф хоҳанд гашт. Вакилони фармонбардор ҳам дарҳол қонунашро омода мекунанд.
Алҳол, ки шоҳид ҳастем оиди ҳиҷоби модарону хоҳарон қонунро ба Маҷлис пешниҳод кардан доранд, то расман (зулман) пеши ҳиҷоби исломӣ манъ шавад. Чизе дигаре, ки ҳоло ба он часпидаанд, маҳдуд кардани идҳои исломӣ аст. Мехоҳанд бо баҳонаи пешгирӣ аз исрофу хароҷот маҳбубияти ин идҳоро кам карда, ба ҷои онҳо идҳои давлатиро тарғиб намоянд ва бузургу бо арзиш нишон диҳанд. Ҳато имсол рӯзи иди саиди Фитр рӯзи корӣ эълон шуда буд, дар ҳоле ки дар тақвим рӯзи истироҳат эълон шудааст. Дар идҳои ғайридинӣ аз 3 то 5 рӯз истироҳат дода мешавад.
Суол: Агар душмании шумо бо дин набошад, чаро дар бораи соли нав, 8 март, ки аз мо нестанд, Наврӯз, рӯзи Вахдат (рузи хиёнат), Истиқлолият (ки нест) ҳам аз тарафи мардуму ҳам аз буҷаи кишвар хароҷоти зиёд мешавад, чизе намегӯед?
Худованд дар Қуръон мегӯяд: Шайтон шуморо аз садақа кардан боз медорад, ки фақир мешавед ва ба исрофкорӣ роҳнамоӣ мекунад.
Як амали хайре, ки Паёмбар (с) худ онро анҷом додаанд ва дигаронро ба ин кори хайру савоб ташвиқ кардаанд, ва ҳукумат онро расман мехоҳад манъ кунад, ақиқа аст. Барои манъ кардани ақиқа баҳонаашон пешгирӣ аз забҳи чорво аст. Дар ҳоле, ки ақиқаро шахси сарватманд мекунад — барои писар 2 гӯсфанд ва барои духтар 1 гӯсфанд забҳ карда, ба фақирон, ҳамсоягони эҳтиёҷманд, хешу табори нодор тақсим карда мешавад ё таъом пӯхта даъват мекунад. Як бечораи нодори фақир бо ин сабаб нони бойро мехӯрд ва бой низ дар назди дигарон маҳбубият пайдо мекард.
Ҳукумати диктотурии Тоҷикистон дар чанд соли охир ба мардуми Тоҷикистон, ки бо эътирофи худашон 97 дарсад мусалмон ҳастанд, чунин маҳдудиятҳоро ҷорӣ кардааст:
1. Манъи тӯйҳои исломӣ;
2. Манъи маъракаҳое, ки дар он амри маъруф карда мешуд;
3.Фӯруши наворҳои исломӣ;
4. Манъи рафтани ҷавонони синнашон аз 18 сола поён ба масҷид;
5. Аз минбар рондани уламои маъруф;
6. Манъи таълими динӣ дар хона ва масоҷид;
7. Бастани гимназияи исломӣ;
8. Бастани Ҳизби наҳзати исломӣ;
9. Манъи намозхонӣ дар корхона, ташкилот ва ҷойҳои ҷамъиятӣ;
10. Бастани масҷидҳо ва табдил додани онҳо ба боғчаи кӯдакон, бунгоҳҳои тиббӣ, чойхона, тӯйхона, хонаи истиқоматӣ, толори варзишӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ;
11. Маҷбуран тарошидани риши мардон;
12. Маҷбуран гирифтани сатру ҳиҷоби модарону хоҳарон;
13. Иҷозат надодани фурӯши либосҳои исломӣ дар бозору мағозаҳо;
14. Пешгирӣ аз идҳои исломӣ бо баҳонаи исрофкорӣ ва талафоти чорво;
15. Манъ кардани ақиқа ва ғайра
Оё ҳукумати диктотурии Тоҷикистон бо мубориза алайҳи дини мубини ислом, ин миллатро ба кадом сӯ бурда истодааст?
Абдуллоҳи Хатлонӣ