Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Нигаронии созмони ҳуқуқи башари туркӣ аз вазъи мусалмонон дар Тоҷикистон ва бозтоби густардаи он дар расонаҳои Туркия

$
0
0

Созмони туркии ҳуқуқӣ İnsan Hakları ve Adalet Hareketi (iHAK)  гузорише аз вазъи Тоҷикистон нашр намудааст.

Дар ин гузориш нақзи ҳуқуқи мусалмонони кишварро баён намуда азсалби ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ин кишвар изҳори нигаронии шадид кардааст.  

Нақзи густардаи ҳуқуқи инсон дар чанд соли охир, аз ҷумла боздошту шиканҷаи мухолифон, фишор ба вакилони дифоъ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, террористӣ ва мамнӯъ эълон кардани ҲНИТ — умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, боздошт ва шиканҷаи аъзои ин ҳизб дар зиндонҳо, фишор болои ВАО, тарошидани риши мардони мусалмон ва баргирифтани сатри занон, манъи рафтани ҷавонон ба масоҷид, бастан, тахриб ё ба идораҳои пулису амният табдил додани масҷидҳо ва ғайра дар ин гузориш зикр гардидааст.   

Дар изҳорот омадааст, кишваре, ки 90 дарсади аҳолиашро мусалмонон ташкил медиҳанд, давлат ба диндории мардум дахолат ва озодиҳои диниро сахт маҳдуд кардааст. Манъи пӯшидани сатру ҳиҷоб, гузоштани риш, баста шудани мағозаҳои фурӯши либосҳои исломӣ, бастани масоҷид, маҳдудияти синнусолии вуруд ба масоҷид, иҷрои ҳаҷ  ва ғайраро ин созмон аз навоқизи ҳуқуқи мусалмонон шумурдааст.

IHAK дар изҳороташ мегӯяд, баъди суханони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мабнӣ бар ин, ки сатру ҳиҷоб ва риш ба фарҳанги тоҷикон созгор нест, аз тарафи давлати Тоҷикистон гурӯҳҳои махсусе ташкил шудаанд, ки ба бозору мактабу беморхонаҳо, ҷойҳое, ки ҳузури бештари занон дида мешавад ва ҳатто хонаҳои мардум мераванд, то барои “даст кашидани занон аз фарҳанги бегона” бо онҳо “корҳои фаҳмондадиҳӣ” гузаронанд.  

Ин созмони туркӣ дар таҳқиқоташ муайян кардааст, ки танҳо дар соли гузашта 160 мағозаи фурӯши либосҳои исломӣ баста шудааст. Ҳамчунин аз изҳороти раҳбари вақти пулиси вилояти Хатлон ёдовар шудааст, ки 1700 занро маҷбур ба кашидани ҳиҷоби исломиашон кардаанд.

“Режими Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо фарҳанги бегона ва “радикализми исломӣ” ба риши мардон ҳам дахолат ва онро зӯран тарошидааст, ки боис ба тарки кишвар намудани ҳазорон нафар гаштааст”- омадааст дар изҳороти IHAK.  

Ин созмон гуфтааст, масҷид ҳадафи асосии сиёсати секулёрии ҳукумати Тоқикистон будааст, ки мисли давраи коммунистӣ ба дорухона, тарабхона, коргоҳи дӯзандагӣ, идораи пулису амният ва ғайра табдил дода шуданд ё тамоман тахриб гардиданд. Баҳонаи ҳуҷуми мақомот ба масҷид суханони Эмомалӣ Раҳмон гардиданд, ки гуфт “ҷанг дар Тоқикистон аз масоҷид оғоз шуда буд».  

Террористӣ ва мамнӯъ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ — умдатарин ҳизби мухолифи кишварро ҳам ин созмон аз ҷумлаи нақзи ҳуқуқи мусалмонон дониста, гуфтааст пас аз табаддулот дар Миср ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо мусалмонон нерӯи бештаре касб кардааст.

Дар охир IHAK ба ҳама кишварҳое, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд, САҲА, Созмони ҳамкории исломӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар муроҷиат кардааст, ки дар поён додани нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон саҳим бошанд.  

Ин баёнияи  IHAK-ро расонаҳои зиёди туркӣ, аз ҷумла “Haberler”, “Son dakika”, “0n5yirmi5”  ва ғайра бознашр кардаанд.

Ҳамчунин сомонаи арабизабони наздик ба ҳизби ҳокими Туркия  “Yenisafak” гузориши ҷудогонае аз вазъи Тоҷикистон омода ва нашр кардааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>