Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ирсоли аризаи Муҳаммадалӣ Ҳаит ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ

$
0
0

Аризаи Муҳаммадалӣ Ҳаит, ҷонишини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид фиристода шудааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ зӯҳри имрӯз зимни суханронӣ дар мизи гирд оиди маҳбусони сиёсӣ дар ҳошияи Конфронси САҲА дар Варшава гуфт: «Созмони Фридом нав «Freedom Now» ва созмони бонуфузи ҳуқуқӣ «Ҳоган Ловелс» (Hogan lovells) рӯзи ҷумъаи гузашта аризаи М. Ҳаит, муовини маҳбуси раиси ҲНИТ-ро дар ҳаҷми 78 саҳифа ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ фиристоданд”.

Ӯ аз ин созмонҳо барои анҷоми ин хидмати инсонӣ ташаккур карда, аз дигар кишварҳо ва созмонҳои ҳуқуқи башар хост, ки дар ин маврид саъйю талоши бештар анҷом шавад.

Раиси ҲНИТ ҳамчунин гуфт, ки ҳизб тамоми саъйю кӯшишро ба харҷ хоҳад дод, ки дар ҳаққи маҳбусони сиёсии тоҷик, сарфи назар аз мансубияти ҳизбӣ ё фикрӣ, ҳар хидматеро анҷом бидиҳад.

Муҳиддин Кабирӣ инчунин гуфт ҲНИТ дар паи тарҷумаи қарори додгоҳ нисбати аъзои раёсаташ ба забони ингдисӣ аст ва қисмате аз он аллакай тарҷума шудаанд.

Дар ин мизи гирд, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар, созмонҳои ҳуқуқи башар ва байналмилалӣ, шахсиятҳои мустақил ва журналистон. аз ҷумла вакили маъруфи дифоъи Русия Дагир Хасавов, раҳбари бахши бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Алим Шерзамонов ва рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ Темур Варқӣ ширкат карданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>