Суҳбати дуюми раиси ҲНИТ дар конфронси байналмилали САҲА дар Варшаваи Лаҳистон дар шабакаи Ютюб дар муддати камтар аз 12 соат беш аз 12 ҳазор бинанда доштааст.
Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин суҳбати кутоҳи 3:30 дақиқаӣ гуфт:
«Маҷбурам суханонамро бо як хабари нохуш оғоз кунам. Касоне, ки дар ин нишаст бояд ширкат мекарданд, ба хотири фишори мақомоти амниятии Тоҷикистон ба хонаводаҳои онон, аз ман узр хостанд. Ҳамин алъон ба ман хабар расид, ки хонаводаҳои ин афрод аз онҳо хоҳиш кардаанд, ки аз ширкат дар ин нишасти ба қавли мақомоти Тоҷикистон “зидди тоҷикистонӣ” худдорӣ намоянд.
Ба назари ман, дар қарни 21-ум ин кор муносиби як давлат нест, ки зану баччаи ширкаткунандагонро озору азият кунад, то наздикони онҳо ин нишастро тарк кунанд.
Мехоҳам ба як нуктаи муҳим ишора кунам, ва он ин ки: мо бояд ба интихобот як нигоҳи дигаре дошта бошем. Яъне, на фақат ба унвони ҳаққи мардум ба он нигоҳ шавад, балки ҳамчунин ба унвони як омили субот ва амният ба он нигоҳ кунем, бахусус дар манотиқи мо.
Интихобот, ки озод ва шаффоф баргузор намешавад, ин амр сабаби ноумед шудани мардум бахусус ҷавонон мегардад. Ва ҳамин масъала боис мегардад, ки ҷавонон рӯй ба гурӯҳҳои ифротӣ ва родикол оваранд.
Ҳизби мо 15 сол дар порлумон намоянда дошт, ва худам 10 сол намояндаи порлумон будам. Фаъолияти ҳизби моро, ки дар соли 2015 мутваққиф карданд – албатта, на танҳо мутаваққиф, балки як гурӯҳи теруристӣ ва экстримистӣ ҳам эълон карданд — ин боис шуд дар кишвари мо хатари падидаи теруризм ва экстримизм боло биравад.
Имрӯза дар Ироқ ва Сурия беш аз ду ҳазор нафар ҳамватанони мо дар саффи гурӯҳҳои теруристӣ ҳузур доранд. Дар ҳоле, ки қабл аз баста шудани ҳизби мо, Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Миёна ба унвони як кишвари дорои субот ва демукротик маъруф буд ва дар он замон аз Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигар, афроди бисёр андаке дар суфуфи гурӯҳҳои теруристӣ ва родикол ҳузур доштанд. Вале алъон мутаассифона аз ҳама ҷилавтар ҳастем.”