Мусоҳибаи раиси ҲНИТ бо сомонаи Eurasia Daily
— Вазъияти Тоҷикистонро дар ҳоли ҳозир чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Дар ду соли ахир, Тоҷикистон мавзӯи тавсиъаи кишварро ба куллӣ тағйир додааст. Дар ҳоли ҳозир, авлавият на тавсиъаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки ҳифзи субот ва амният аст. Мақомот мутаваҷҷеҳ шуданд, ки дигар наметавонанд ба мардум чизе ваъда бидиҳанд, зеро наметавонанд ба ваъдаҳои худ амал кунанд, бе ин ҳам, чизҳои ваъдадодашуда бисёр зиёд аст. Ба ҳамин далел, тасмим гирифтанд мавзӯъро иваз кунанд.
Имрӯз, паёми аслии онҳо ба мардум, ин ҳифзи субот ва амният аст. Ва ин рӯйкард, дастони онҳоро ба вижа дастони амниятиҳоро бозтар карда ва мекунад. Ҳарфу ҳадиси мақомот дар ин ду соли гузашта ва дар чанд соли оянда, мубориза бо теруризм ва ифротгароӣ хоҳад буд. Дар айни ҳол, вазъияти иқтисодӣ сол аз сол дар ҳоли вахимтар шудан аст, ва рӯйкарди ҷадиди онҳо (яъне таъкид бар ҳифзи субот ва амният) барояшон иҷоза медиҳад, то тақсир ва кӯтоҳӣ дар бад шудани вазъияти иқтисодиро бар гардани мардум бор кунанд. Ин рӯйкарди мақомот “оқилона” аст, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мавзӯи амният, аз тарафи Чин ва Русия пуштибонӣ мешавад.
— Иттилооте вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон шумори зиёде аз шаҳрвандони норозӣ ҷамъ шудаанд. Оё инҳо аъзои собиқи ҳизби шумо ҳастанд? Оё ҳомиёни шумо ҳастанд?
— Ин афрод ҳеч иртиботе бо ҲНИТ надоранд. Албатта, ман онҳоро ба унвони як таҳдид намеҳисобам. Афроде, ки дар Афғонистон ва ё Ховари Миёна мавҷуданд, ин афрод ба худии худ на барои Тоҷикистон хатар маҳсуб мешаванд ва на барои минтақа. Балки хатар дар ин аст, ки ин афрод дар дохили Тоҷикистон ҳаводорон ва ҳавохоҳони зиёде доранд. Ва шумори афроди норозӣ сол аз сол дар ҳоли афзоиш аст. Аз ин рӯ, хатари аслӣ дар ин аст, на дар гурӯҳҳои мусаллаҳи мавҷуд дар дохили Афғонистон ва ё Ховари Миёна, ки барои Тоҷикистон хатар маҳсуб бишаванд. Ба назари ман, Тоҷикистон ва шарикони аслии ӯ дар минтақа, аз ҷумла Русия, Чин ва дигарон, қодиранд ҷилави ҳар навъ ҳамлаеро бигиранд.
Асосан, мушкили асосӣ дар ин аст, ки ҳама чиз дар дохили минтақа дар ҳоли ҷӯшидан аст, (на дар атрофи он). Дар ин ҳолат, на артиш аз дасташ коре бармеояд ва на пулис. Зеро ки якчунин даргирӣ характери дигар ба худ мегирад, як характери хосс.
— Тарафдорони шумо куҷо шуданд? Оё ҳама кишварро тарк кардаанд?
— Ҳар касе, ки тавонист, ба Урупо, Русия ва дигар кишварҳо сафар кард. Дар октябри 2015 мо таваққуфи фаъолияти ҲНИТ дар дохили Тоҷикистонро эълон кардем. Имрӯз дигар касе дар дохили кишвар ҳаққи сухан гуфтан ва сӯҳбат кардан аз номи ҲНИТ-ро надорад, ва агар касе ҳам бо суистифода аз номи ҳизб сухан гуфт, ӯ ҳеч иртиботе бо мо надорад. Бо ин кор, мо тавонистем амнияти бисёре аз ҳаводорон ва тарафдорони худ дар дохили кишварро таъмин кунем. Аммо бо ин ҳол, мақомот мисли гузашта, тибқи гузоришҳое, ки дар ихтиёр дорем, ба таъқиби аъзои собиқи ҳизб ва бастагони онҳо мепардозанд, бо ин ки ваъда дода буданд, ки агар мо таваққуфи фаъолияти ҳизб дар дохили кишварро эълон кунем, ба касе кордор нахоҳанд шуд.
Мо ба ваъдаи худ пойбандем ва фаъолияти худро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ мутаваққиф намудем. Вале бо ин ҳама, саркӯб ва таъқиби аъзои собиқи ҲНИТ ва бастагони онҳо ҳанӯз мутаваққиф нашудааст ва идома дорад, онҳоро ба иттиҳомҳои дигар зиндонӣ мекунанд, на ба хотири ин ки собиқан узви ҲНИТ будаанд, балки ба далели ин ки масалан гӯё салафӣ будаанд ва ё узви яке аз гурӯҳҳои мамнӯъ будааст.
— Аммо шумо дар хориҷ машғули фаъолият ҳастед.
— Бале. Ман намегӯям, ҳамаи муҳоҷирон, ки дар Урупо ба сар мебаранд, узви ҲНИТ ҳастанд, вале мо тавонистем ҳизби худро дар хориҷ созмондиҳӣ кунем. Мо тавонистем 5 дафтар; дар Варшав, Берлин, Вен ва дар соири манотиқи Иттиҳодияи Урупо, боз кунем. Мо дар заминаи ҳуқуқи башар, расонаҳо, дар мавриди масоили марбут ба муҳоҷират фаъолият мекунем. Моро акнун дар хориҷ эътироф мекунанд.
— Нигоҳи мақомоти Лаҳистон (Полша), Олмон ва Утриш (Австрия) ба фаъолиятҳои ҲНИТ дар кишварҳояшон чӣ гуна аст?
— Хеле оддӣ. Кишварҳои урупоӣ аз муддатҳо пеш бо ҳизби мо ошно буданд, ва инак иттилооти комилтаре дар бораи ҲНИТ дар ихтиёр доранд. Албатта, инро ҳам ёдовар шавам, ки то қабл аз саркӯби ҳизби мо дар Тоҷикистон, тасаввурот дар бораи мо сатҳӣ буд. Масалан, дар ҳамин Лаҳистон, то як сол қабл, парвандаи муҳоҷирони тоҷики узви ҲНИТ ба сурати ҷиддӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор намегирифт. Ин гумон вуҷуд дошт, ки ба истиснои чеченҳо, ҳамаи муҳоҷирон аз Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, муҳоҷирони корӣ ҳастанд. Аммо инак нигоҳҳо тағйир кардааст. Урупо тоза мутаваҷҷеҳ шуд, ки ба хусус дар Тоҷикистон мушкилоти ҷиддие вуҷуд доштааст. Ин худ яке аз далоиле аст, ки нисбат ба фаъолиятҳои мо ҳеч эроду ишколе надоранд.
— Дар Урупо, дар Русия ҷанги исломҳаросӣ рӯ ба афзоиш аст, умдатан ба далели аъмоли теруристӣ ва ҷиноятҳое, ки анҷом мешавад. Оё шумо инро дар худ эҳсос мекунед?
— Ба унвони мусалмон, мо инро дар худ эҳсос мекардем ва эҳсос мекунем. Як мавзеъгирии эҳтиёткорона нисбат ба мусалмонон умуман, ва Ислом хусусан вуҷуд дорад. Аммо воқеият ин аст, ки дар Лаҳистон ин мавзеъгирии эҳтиёткорона, бештар нисбат ба мусалмонони муҳоҷир аз Ховари Миёна ва шимоли Офриқо аст, на мусалмонони муҳоҷир аз кишварҳои пасошӯравӣ. Ба назари онҳо, “мусалмонони шӯравӣ” ба онҳо наздиктаранд, то мусалмонони Ховари Миёна. Ҳатто вақте ман бо коршиносони лаҳистонӣ дидор кардам, онҳо гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир баҳсе миёни Лаҳистон ва Иттиҳодияи Урупо дар масъалаи пазириши муҳоҷирон дар ҷараён аст. Иттиҳодияи Урупо дар ҳоли фишор бар тамоми кишварҳои узви ин иттиҳодия аст, то ҳар кишваре бахше аз масъулият дар баробари муҳоҷиронро бар ӯҳда бигирад. Лаҳистон ва куллан Урупои шарқӣ, муқовимат мекунанд, онҳо намехоҳанд пазириши муҳоҷирон аз Ховари Миёна ва шимоли Офриқоро афзоиш диҳанд. Баъзе аз коршиносон мӯътақиданд, ки дар пайи як тавофуқ дар Иттиҳодияи Урупо, кишварҳои Урупои шарқӣ муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқро мепазиранд ва аз пазириши муҳоҷир аз Ховари Миёна худдорӣ мекунанд. Мо ҳам ба навбати худ саъй мекунем ҳарчи аз дастамон омад, анҷом диҳем. Имрӯз вазифаи мо бисёр густардатар аз мухолифати сирф сиёсӣ ва ба унвони опозисиюн аст. Мо дар дафотири худ шӯъбаҳое барои кор бо муҳоҷирон роҳ андохтаем, ба омӯзиши афроди худ машғулем, дар ҳоли барқарории тамос бо ниҳодҳои маҳаллӣ ва мардуми сокин ҳастем.
— Раисиҷумҳури Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев, аз ҳамаи кишварҳои ҳамсоя боздид ба амал овард, ба ҷуз Тоҷикистон. Гуфта мешавад, ки боздид аз Тоҷикистон низ дар ҳоли омодасозӣ аст, аммо чӣ замоне иттифоқ меафтад, маълум нест. Ба назари шумо, чаро раҳбари Ӯзбакистон ба сафар ба Тоҷикистон аҷала надорад?
— Ба назари ман, далели аслии сардии равобит, дар шахсиятҳост. 90 дарсади мушкилоти Тоҷикистон дар замони риёсати ҷумҳурии Ислом Каримов на ба мардуми Тоҷикистон рабт дошт ва на ба мардуми Ӯзбакистон, балки бархоста аз равобити печидаи раҳбарони ин ду кишвар буд. Бо марги Каримов, қисмате аз ин мушкилот нопадид шуданд, аммо чун ҳанӯз Эмомалӣ Раҳмон зинда аст, қисмате дигар аз мушкилот ҳамчунон боқӣ ҳастанд. Чеҳраҳо, ки иваз шуданд, равобит ҳам тағйир хоҳад кард. Раҳмон, ки рафт, равобити Душанбе на танҳо бо Тошканд, балки бо бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ низ беҳбуд хоҳад ёфт.
— Ва агар қудрат аз Раҳмон ба писараш мунтақил шавад, ки имрӯзҳо дар ҷомеа ин ҳарф сари забонҳост?
— Бо ин ки тағйири систем бисёр душвор аст, аммо шахсият нақши муҳимме дорад. Зеро, систем ҳар андоза, ки қавӣ бошад, аммо шахсият, ба хусус дар Шарқ, нақши муҳимме ифо мекунад. Бисёреҳо мегуфтанд, ки баъд аз рафтани Каримов, системе, ки ӯ бино ниҳодааст, барои як муддати тӯлонӣ пойбарҷо хоҳад буд, зеро аз байн бурданаш бисёр душвор аст. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки қазия чунин ҳам набудааст. Аз ин рӯ, мо умедворем, Шавкат Мирзиёев роҳи пешгирифтаи худро идома хоҳад дод, дар ҳамин як сол хеле чизҳо дар Ӯзбакистон тағйир кардааст.
Аммо дар мавриди Тоҷикистон, ҳатто бо интиқоли қудрат аз як узви хонавода ба узви дигари он, хеле чизҳо тағйир хоҳад кард, зеро раҳбари ҷадид дидгоҳҳо ва хатти машйҳои раҳбари пеш аз худро надорад. Насли оянда мехоҳад кишвареро мудирият кунад, ки дигар субот ва инсиҷоми дохилӣ дар он мавҷуд аст. Насли ҷадид мехоҳад бисозад, дар ҳоле ки ҳукумати феълӣ мехоҳад он чиро, ки дорад, ҳифз намояд. Аз ин назар, ҳар навъ тағйир дар Осиёи Миёна, мунҷар ба беҳбуд мешавад.
— Манофеъи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва куллан минтақа, чист?
— Дар дараҷаи аввал, ин рақобат бо Эрон аст. Кишварҳое мисли Тоҷикистон, ё қурбонии ин гуна рақобатҳо мешаванд ва ё чи басо манфиат ва судеро дар он миён насиби худ мекунанд. Ҳама чиз бастагӣ ба вазъияти рақобатӣ дорад. Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар саховат ва дастгушодагӣ, чандон тафовуте бо салафи худ (Аҳмадинажод) надорад, Руҳонӣ бештар бар ҳалли мушкилоти дохилии кишвараш мутамаркиз аст. Маҳмуди Аҳмадинажод, ки пул тақсим мекард, аз Венесуэла бигир то кишварҳои Осиёи Миёна, дар он замон чизе ҳам насиби Тоҷикистон мешуд. Руҳонӣ, як раҳбари комилан амалгарост.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба маҳзи ин ки ҷараёни резиши пул (аз сӯи Эрон) мутаваққиф шуд, равобит бо Эронро ҳамон лаҳза тағйир дод. Як баҳонаи хубе ҳам ба дасташ омад. Ӯ, бо баҳона қарор додани ҳузури ман дар Эрон, Теҳронро муттаҳам ба сиёсати ғайридӯстона карда ва шурӯъ ба тағйири равия намуд. Агар сабаби сардии равобит воқеан ҳузури ман дар Теҳрон будааст, пас Раҳмон мебоист айни ҳамин мавзеъро дар баробари Молезӣ (Малайзия) иттихоз мекард ва ин кишварро ба боди интиқод мегирифт; кишваре, ки муддате пеш ман ба он сафар кардам ва дар сатҳи бисёр болое қабулам карданд, ҳатто бештар аз Эрон. Дар Эрон, ҳини баргузории конфронс, Оятуллоҳ Хоманаӣ як салому алейку дастфишории мухтасаре бо ҳамаи ширкаткунандагони конфронс аз ҷумла бо ман дошт, на беш аз ин, мунтаҳо акси мо дар сафаҳоти расонаҳо қарор гирифт… Ман дар кишварҳои зиёде ҳузур пайдо мекунам, аммо Раҳмон фақат ба Эрон изҳори норизоятӣ кардааст, ва касе ҳам чизе наменависад.
— Ширкати шумо дар нишасти САҲА дар Варшав, мумкин аст мунҷар ба таваққуфи фаъолиятҳои САҲА дар Тоҷикистон бишавад. Мақомоти Тоҷикистон дар ин хусус ҳушдорҳое ҳам додаанд, албатта, на танҳо ба хотири ҳузури шумо, балки куллан дар эътироз ба навъи фаъолиятҳои ин ниҳод дар Тоҷикистон.
— Ман намедонам, САҲА барои Тоҷикистон чӣ аҳаммияте дорад, вале инро медонам, ки Тоҷикистон барои САҲА аҳаммият дорад. Зеро ки ин кишвар узви ин созмон аст. Ман фикр намекунам, ки кор мунҷар ба бастани дафтари САҲА бишавад. Ин созмон як созмони бисёр ҷолиб аст, ки дар он, кишварҳои мухталиф монанди Тоҷикистон ва Суис (Шветсария) дар канори ҳам қарор доранд, тибқи тартиби алифои ангилисӣ. Ва ҳама ба як забон дар бораи демукросӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқи башар сухан мегӯянд, вале ҳар як ба шеваи худ ин забонро мефаҳмад. Аз бастани дафтари САҲА дар Тоҷикистон, на Тоҷикистон чизе аз даст хоҳад дод ва на Урупо ва на худи САҲА. Фақат ин ки ҳукумати Тоҷикистон бо ин кор, нишон хоҳад дод, ки дар қомуси ӯ аз ин мафоҳим хабаре набудааст, ба ҷуз мафҳуми саркӯб.
Тарҷумаи сомонаи «Кимиёи Саодат»