Имкон дорад ба зудӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн гарданд, ки дар он аъзои собиқи ҲНИТ алайҳи раис ва масъулини он баёнот бо шева ва иттиҳомоти наве додаанд.
Гурӯҳе калоне аз собиқ аъзоёни ҲНИТ дар навоҳии тобеъи марказ ва вилояти Хатлон боздошт шуда, зери шиканҷаи шадид “эътироф” кардаанд, ки бо супориши раис ва дигар масъулини ҲНИТ куштор, дуздӣ, ғорат, фурӯши маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо анҷом додаанд.
Тибқи иттилои манбаъи “Паём”, ки қисмате аз ин наворҳоро дидааст, ин боздоштшудаҳо аз навоҳии гуногун ба ҷиноятҳои мухталифе эътироф кардаанд. Дар ҳоли ҳозир, тибқи гуфтаи манба, дасткории ин наворҳо дар ҳоли ба анҷом расидан аст ва имкон дорад рӯзҳои наздик пахш шаванд.
Ба гуфтаи манбаъҳои мухталиф сар аз 20-25 рӯз қабл дар навоҳии кишвар шуморе аз аъзои собиқи ҲНИТ боздошт шудаанд, ки то ҳанӯз макони нигаҳдории аксари онҳо маълум нест. Тахмин мешавад онҳо барои ҳамон эътирофи дар боло зикршуда ба Душанбе оварда шудаанд.
Кӯшиши бастани иттиҳоми нав ба ҲНИТ ва масъулини он дар ҳолест, ки иттиҳомоти қаблии ҳукумат алайҳи ин ҳизб аксаран аз тарафи ҳеҷ қишр ва кишваре қабул нашуда, баръакс боиси изҳороти зиёди нобоварӣ ба худи ҳукумат шудаанд.
Аз бузургтарин иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ширкати ин ҳизб дар “кӯшиши табаддулот”-и Абдуҳалим Назаров аст, ки то ҳол ҳеҷ созмон ва кишваре ин иттиҳомотро қабул ва эътироф накардааст.