Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Тсейтноти Раҳмон. Қудрат ба кӣ хоҳад расид?

$
0
0

Бо вуҷуди кӯшиши зиёди мақомот барои пинҳон доштани бемории раисумҳур, сабти навори боздиди ӯ аз деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ бармало кард, ки ӯ ин чанд рӯз воқеъан бистарӣ будааст. Ҳарчанд пахш нашудани аксҳо дар аввалин гузориш бисёриҳоро ба ин андеша водор сохт, ки ин боздид ҳам мисли ноҳияи Хуросон сохтакорӣ аст, вале баъди нашри аксҳо, бахусус навори ин боздид, маълум гашт сабаби аслии таъхири нашри аксҳо чист.

Давоми ин чаҳор соати таъхир мақомот кӯшиш кардаанд аксҳоеро интихоб кунанд, ки нишони бемории Эмомалӣ Раҳмон дар он камтар дида шавад. Дар интихоби аксҳо каме муваффақ шудаанд, вале дар сабти навор вазъи бади раисҷумҳур мушоҳида мешавад.

Аз дақиқаи 3.32 то 3.36 дар ин навор дида мешавад, ки вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон ҳади ақал хуб нест:

Ҳам дар навор ва ҳам дар аксҳо ба назар мерасад, раисҷумҳур кӯшиш дорад аз дасти чапаш камтар истифода кунад ва бештар дар кисааш нигоҳ медорад. Ҳангоми роҳ рафтан ва ҳаракат додани дастонаш ҳам дида мешавад дасти чапаш ба ҳолати муқаррарӣ ҳаракат намекунад. Мутахассисон ба ин назаранд, ки ин ҳолати Раҳмон ё аз сактаи мағзист ва ё аз инсулт.

Ҳарчанд ин дафъа Эмомалӣ Раҳмон аз чанги кадом бемории шадиде берун ҷаст, баъид нест бо дастаи бемориҳое, ки дар ӯ мавҷуд аст, сактаи навбатӣ ӯро аз по дарорад. Чӣ гунае, ки қаблан зикр карда будем кардеосклерози атеросклеротӣ, атеросклерози рагҳои мағзи сар, гломерулонефрит ва дистрофияи равғании ҷигар бемориҳое ҳастанд, ки раисҷумҳур ба онҳо гирифтор аст ва ба гуфтаи манбаъи мо, ин бемориҳо кайҳо аз ҳади эътидол гузаштаанд.

Пас, дар сурати беморӣ ё марги Эмомалӣ Раҳмон кӣ ба ҷои ӯ хоҳад нишаст?

Тибқи қонун дар сурати марг ё корношоямии раисуҷумҳур, ҷои ӯро бояд раиси Маҷлиси Миллӣ ишғол кунад. Вале Раҳмон ҳамаи корро кард, то Убайдуллоевро ба ҳошия ронад. Ҳарчанд ӯ ҳанӯз раиси Маҷлиси Миллӣ боқӣ мемонад, вале дигар қудрати рақобат бо Рустами Эмомалӣ, Озода Раҳмон ва афроди дигари чашмдӯхта ба курсӣ, мисли Ятимовро надорад. Ҷойгузини Раҳмон шудани ӯ танҳо дар сурате имкон дорад, ки то ба синни «балоғати сиёсӣ‘» расидани Рустами Эмомалӣ, яъне, 30-сола шудан ва мансаби Раиси Маҷлиси Миллиро ишғол кардани ӯ, Раҳмон ба таври ошкор корношоям шавад ва ё ҳодисаи бадтар аз ин рух бидиҳад. Ҳақдортарин нафар будани Убайдуллоев ҳам аз ҷиҳати қонунӣ ва ҳам таҷрибаву хидматҳояш ҳанӯз маънии онро надорад, ки дар сурати корношоямии давомнок ё марги Раҳмон ӯ метавонад ҷонишинаш шавад. Инҷо доштани ҷасорат, масъулиятшиносӣ пеши миллат ва омода будан барои ҳама гуна ҳолатҳои пешбининашаванда нақши асосӣ доранд. Сифатҳое, ки солҳои охир дар Убайдуллоев камтар дида мешуд ва ӯ исбот кард, ки аз қонунҳои навишта дида, бештар ба »қонунҳои нонавишта» пойбанд аст ва ҷасорати кофиро барои дифоъ аз ҳақи худ ва Конститутсия надорад. Таҷрибаи Раиси Сенати Ӯзбекистон нишон дод, ки чунин нафарони дуюми »конститутсионӣ» ба осонӣ ҳақи худро бо дигарон дар муқобили амнияти шахсӣ ва ё имтиези дигаре ба муомила мегузоранд. Аммо Убайдуллоев вежагиҳои дигаре низ дорад, ки то ҳол ошкор нагаштаанд ва шояд дар лаҳзаи охир ва лозимӣ онро ошкор созад. Дар ин масъала, сарсахттарин рақиби ӯ на фарзандони Раҳмон, балки Раиси КДАМ Ятимов метавонад бошад, ки роҳро барои худ дар муқоиса бо Убайдуллоев беҳтар ва осонтар ҳамвор кардааст. Ва ҳар қадар лозим бошад, сабр хоҳад кард ва то нафаси охири »ҷасад» барнома ва ҳадафи худро ошкор нахоҳад кард. Кофист рафтору амалхои Берияро дар рузҳои охири ҳаёти Сталин аз китобҳо ва архивҳо варақ бизанем ва мантиқи рафторҳои ин намуд инсонҳоро дарк намоем.

Шитоби Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчӣ зудтар ҷойгузини худ сохтани писараш баёнгари он аст, ки а) ӯ аз вазъи саломатии худ огоҳ аст ва  мехоҳад ҳарчӣ зудтар масъалаи интиқоли қудрат ба фарзандонро дар зиндагиаш ҳал кунад, б) аз ниятҳои бисёре аз мансабдорони атрофаш, мисли вазирҳои қудратӣ огоҳ аст ва эҳтимоли кудаторо аз тарафи яке онҳо дар назар гирифтааст.

Вале алъон кӣ дар Тоҷикистон қудрати анҷоми кудаторо дорад? Тамоми далоил ва ҳаводиси чанд соли охир ба он ишора мекунанд, ки ягона нафаре, ки метавонад қудратро аз Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводаи ӯ бигирад, Саймуъмин Ятимов аст. Ӯ бо оҳистагӣ тамоми шароитро барои як кудатои нарм, вале муваффақ омода кардааст. Дар ҳоле, ки хонаводаи раисҷумҳур дар фикри зиёд кардани шумори сифрҳо дар ҳисобҳои бонкияшон ҳастанд, ба Ятимов муяссар шудааст дар тамоми ниҳодҳои давлатӣ таъсиргузор шуда, идораи давлатро ба даст гирад. Ӯ то ҳаде мавқеъашро устувор кардаст, ки ба андешаи бархе аз таҳлилгарон Эмомалӣ Раҳмон дигар дар барканор сохтанаш мушкил дорад.

“Паём” тахмин мезанад, барканории се ноиби Ятимов дар чанд рӯз қабл гоме барои тазъифи ӯст, ки дар ояндаи наздик худашро ҳам барканор кунанд. Чун будани ӯ дар симаташ барои ояндаи Рустами Эмомалӣ хавфи ҷиддӣ дорад. Вале Ятимов ҳам он қадар сода нест, ки мисли Убайдуллоев мунтазир бимонад, ки кай навбаташ мерасад. Сарчашмаҳои огоҳ аз вазъи долонҳои ҳукумат  бар ин назаранд, ки Ятимов сиёсати иттилоърасонӣ ва контроли ин самти давлатиро пурра ба ихтиёри худ гирифтааст ва ин имкониятро  дорад, ки ин нерӯи худро бар зиди дилхоҳ нафар дар кишвар истифода кунад. Зиди худи Раҳмон ва ё Рустами Эмомалӣ низ. Ҳатто дар сурати ҷонишини падар гаштани Рустам ва ё Озода, ин ду қудрати контроли »гурги борондидае» мисли Ятимовро нахоҳанд дошт ва он замон дур кардани ӯ аз кудрат ба маротиб душвортар хоҳад гашт. Чуноне ки то  имрӯз Мирзиёев натавонистаст Иноятовро такон бидиҳад, агарчӣ ихтилофи ин ду дар масоили давлатдорӣ комилан возеҳу ошкор аст.

Рӯзҳои бемории Раҳмон ва аз расонаҳо дур гаштани ӯ якбора Рустами Эмомалӣ ҳам аз матбуоти давлатӣ барои ин чанд рӯз ғайб зад ва ин бори дигар нишон дод, ки сиёсати расонаии ҳукумат ба дасти кист. Ва аз тарафи дигар, нишон дод, ки  худи хонавода дар баробари торҳои анкабутии танидашуда атрофашон чӣ қадар заъифанд. Ин торҳо на танҳо дасту пои хонаводаро бастааст, балки фосилаи бузурге байни онхо ва мардум эҷод кардааст, то хаде, ки як қисме аз мардум аз бемории Раҳмон дар шабакаҳо изҳори хурсандӣ ҳам кардаанд. Шояд ҳеҷ рохбари зиндае дар чаҳони имрӯз то ин ҳад нафрати мардумашро нисбати худ бедор накарда бошад. Агар қисме аз ин ҳолат натиҷаи амалҳои худи Раҳмон бошад, қисми дигар ҳатман натиҷаи »заҳматҳои» касоне аст, ки зеҳни мардумро ба ин самт махсус кашониданд ва Раҳмонро ба вартаи дастбагиребонӣ бо миллат тела додаанд.

Инак Раҳмон боз ба пои худ истод. Маълум нест, барои чанд рӯз ё чанд моҳи дигар. Мушаххас аст, ки ӯ бемор аст ва сабук хам не. Ӯ дар ҳолати »тсейтнот» (камбуди вақт) қарор дорад ва маҷбур аст, ки дар мӯҳлати боқимонда тасмимҳои ҷиддӣ бигирад. Суоли асосӣ ин аст, ки оё фурсат хоҳад кард? Ва агар фурсат кард, қудраташро дорад? Ё қудратро якҷоя бо мушкилоти эҷодкардааш ба фарзандонаш мерос гузоштан мехоҳад?

Вақт нишон медиҳад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>