Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

«Пешво»куҷо шуд?

$
0
0

Ғайб задани раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз саҳна гуфтумонҳоеро байни мардум ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Тахминҳо ҳам гуногунанд: Гурӯҳе ба ин назаранд, ки раисҷумҳур дар кома қарор дорад, гурӯҳи дигар мутмаинанд кайҳо ҷон додааст. Гурӯҳи саввум тахмин мезананд Раҳмонро барои табобат ба хориҷ бурдаанд. Ба оташи ин тахмину гумонҳо дурӯғпардозии ноӯҳдабароёнаи расонаҳои давлатӣ равған мерезад, ки бо аксу видеоҳои кӯҳна мехоҳанд мардумро мутмаин созанд раисҷумҳур зиндаву саломат аст.

“Паём” тасмим гирифт тамоми санаду далелҳо аз расонаҳо ва манобеъи худашро дар ихтиёри хонандагон қарор диҳад, то худи хонанда қазоват кунад, ки асли масъала чист.

Аввалин шубҳаро дар ин масъала сомонаи фейкии “Ҳамсинф” (бо гумони ғолиб мутааллиқ ба яке аз ниҳодҳои қудратӣ) андохт, ки аъзои ҲНИТ-ро ба дурӯғпароканӣ дар мавриди беморӣ ва ё марги раисҷумҳур муттаҳам кард. Таҷриба нишон додааст, ки вақте мақомот мехоҳанд касе ё гурӯҳеро тӯҳмат зананд, хабари дурӯғеро паҳн кунанд, ба далел ё санаде посух гӯянд аввал аз ин сомонаҳои фейкӣ истифода мекунанд. Сипас оҷонсии давлатии “Ховар” ба ин “манбаъ”-ҳо истинод мекунад. Вале агар хабар рост аст, нафари муттаҳам ҳади ақал каме гуноҳ дорад ё посухи камтаре ба далелу санадҳои мухолифин ё расонаҳои озоду хориҷӣ доранд, пас худи “Ховар” посух гуфтану тохтанро ба дӯш мегирад. Ҳеҷ посухе нагуфтани “Ховар” ба овозаҳои ғайбзании раисҷумҳур воқеъан шубҳанок аст.

Нашри аввал аксҳо, сипас як навори дасткоришуда дар бораи “сафар”-и раисҷумҳур ба ноҳияи Хуросон шубҳаҳоро бештар кард. Ҳама чиз дар он аксу видеоҳо шубҳанок буданд: либоси раисҷумҳур, нафарони маҳаллӣ, сабади олуҳо (замоне ки олу кайҳо тамом шудааст), интихоби ноҳияи Хуросон, дар ҳоле, ки чанд моҳ пеш ба ин ноҳия сафар карда буд, нишон надодани вохӯрияш бо мардум, дар ҳоле, ки ҳадафи сафар “шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва рафти корҳои саҳроӣ“ унвон шуда буд ва ғайра.   

Имрӯз ҳам расонаҳои расмӣ аз ширкати раисҷумҳур дар ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 59 дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ додаанд, вале ҳеҷ аксе аз он маърака оварда нашудааст.

Гузоришҳои чанд рӯзи охир дар сомонаи расмии раисҷумҳур ва оҷонсии давлатии “Ховар” ҳам аз гузоришҳои қаблӣ фарқ мекунанд. Ин тафовут пас аз бозгашти Эмомалӣ Раҳмон аз ИМА мушоҳида мешавад. Қаблан агар аз ҳар маҷлису нишаст ва вохӯриву сухангӯии ӯ аксу видео нашр мекарданд, як ҳафтаи охир ин гузоришҳо умумӣ ва бидуни акс ҳастанд. Ба ҷуз аз маҷлиси ҳукумат дар 28-уми сентябр дигар дар ҳеҷ куҷое зуҳур накардааст. Аз он маҷлис ҳам танҳо ду акс нашр шудааст ва таҳқиқ карданаш мушкил аст, ки оё воқеъан ба ҳамон рӯз ва маҷлис мутааллиқ аст ё хайр.

Дар ҳамин ҳол шоҳидҳои зиёде аз пайдо шудани низомиёну пулис ва амниятиҳо дар кӯчаҳои Душанбе сар аз бегоҳи панҷшанбе, 28-уми сентябр хабар медиҳанд, ки рӯзи шанбе либосҳояшонро ба либосҳои мулкӣ иваз кардаанд. Як манбаи “Паём”, ки дар яке аз ниҳодҳои наздик ба раисҷумҳур кор мекунад гуфт, ки рӯзи ҷумъаву шанбе кортежҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ на субҳ ва на бегоҳ дида нашудаанд. Вале дирӯз, душанбе 03-октябр кортежи раисҷумҳур дида шудааст.  

Оё имкон дошт Эмомалӣ Раҳмон ба сактаи мағзӣ гирифтор шавад?

Як манбаъи “Паём” хабар дод, ки пас аз конфронси мухолифин дар Дортмунд аъсоби Эмомалӣ Раҳмон сахт хароб гашта, пайваста дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Номуваффақии тими амниятиҳо, ки муваззаф шуда буданд аз ширкати ҲНИТ ва махсусан Кабирӣ дар конфронси САҲА дар Варшава ҷилавгирӣ кунанд, вазъи равонии раисҷумҳурро бадтар кардааст. Барканоркунии се муовини Ятимовро ҳам манбаи мо ба ҳамин конфронс рабт дод. Вале назари “Паём” дар ин маврид аз назари манбаъ фарқ мекунад ва дар як таҳлили дигар ироа хоҳад шуд.

Имкон дорад нуқтаи тамматро ба ин парешониҳо вохӯриҳои раиси ҲНИТ бо мақомоти аршади аврупоӣ дар Брюссел гузошта бошад, ки гуфта мешавад хеле муваффақ будааст. Дар ҳоле, ки Раҳмон наметавонад ризояти кӯчактарин кишварҳои аврупоиро барои сафари расмӣ ба даст оварад, вохӯриҳои Кабирӣ дар чунин сатҳи баланд зарбаи сахтест ба хукумати Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол манбаъи дигари “Паём” (мутахассиси барҷаста ва корманди соҳаи тиби кишвар) аз бастаи бемориҳое иттило дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо гирифтор аст: кардеосклерози атеросклеротӣ, атеросклерози рагҳои мағзи сар, гломерулонефрит ва дистрофияи равғании ҷигар. Ин бемориҳо ба гуфтаи манбаъи мо кайҳо аз ҳади эътидол гузаштаанд. Ҷуз инҳо чанд бемории дигар ҳам дар раисҷумҳури Тоҷикистон мавҷуд аст, ки агарчӣ ҳанӯз аз ҳад нагузаштаанд, дар бастаи бемориҳои дигар хатар ба чони бемор доранд. Ин манбаъ гуфт нафари гирифтор ба ин бастаи бемориҳо дар ҳолати гирифтор шудан ба сактаи мағзӣ имкони “барқарор” шуданаш хеле заъиф аст.

Гумони ахир ва аз ҳама заъифтар ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон тибқи одати пешина дар ҳолати  »запой» (мастии дуру дароз) бошад. Заъиф будани ин эҳтимол ба гуфти манбаъи дигари мо он аст, ки солҳои охир наздикони ӯ ба иллати бемориҳои зиёд ба шиддат аз мастшавиҳои давомноки ӯ ва суйистифодаи шароб пешгирӣ мекунанд ва худаш ҳам пас аз марги ногаҳонии Каримов эҳтиёткор шуда буд.

Вокунишҳо ва тарзи пӯшиши ин мавзӯъ аз тарафи расонаҳои расмӣ мисли »Ховар» ва расонаҳои фейкӣ метавонад маълумоти бештар дар бораи ҳақиқати ҳоли ӯ ба ҷомеъа пешниҳод кунад. Аммо суоли асоси ин аст, ки дар сурати ба кома рафтан ё марги Эмомалӣ Раҳмон кӣ ба ҷои ӯ хоҳад нишаст? Таҳлили баъдӣ дар ин мавзӯъ хоҳад буд.

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>