Маҷаллаи бритониёии “The Economist” Эмомалӣ Раҳмонро ба паймоншиканӣ ва нақзи тааҳҳудоти худ дар баробари Созишномаи сулҳи тоҷикон айбдор кард.
“The Economist”, яке аз машҳуртарин ва муътабартарин нашриёти ҷаҳон, дирӯз 21-уми сентябри соли 2017 бо интишори мақолае Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба аҳдшиканӣ дар мавриди сулҳи тоҷикон, саркуби мухолифин ва роҳандозии сиёсатҳои зидди-динӣ муттаҳам кард.
Дар ин мақола, ки номаш «Бериш ва бекор. Тоҷикистон саркӯби мусулмонҳои диндорро афзоиш медиҳад” мебошад, омадааст: “Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ кишвари ягонае буд, ки бар асоси созишномаи сулҳи соли 1997, ки ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ хотима гузошт, ба ҳизби мухолифи исломӣ – ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) – иҷозаи фаъолият дода буд.”
“Вале Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба кишвар раҳбарӣ мекунад, яке аз тарафҳои даргир буда ва батадриҷ бо он созишнома аҳдшиканӣ карда, дар соли 2015 ӯ фаъолияти ҲНИТ-ро манъ кард ва ба дунболи он, фишор ба диндоронро боз ҳам афзоиш дод.”- навиштааст муаллифи ин мақола. (But Emomali Rahmon, the country’s leader since 1992, was on the opposing side in the conflict and has gradually reneged on the deal.)
Ин бори аввал нест, ки як маҷаллаи муътабари байналмилалӣ Э. Раҳмонро ба паймоншиканӣ ва нақзи тааҳҳудоти худ дар баробари Созишномаи сулҳи тоҷикон муттаҳам мекунад. Пештар аз он, Созмони миллали муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо, САҲА, Амрико, кишварҳои аврупоӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ин иқдоми ҳукумати Раҳмон нисбати ҲНИТ-ро мавриди интиқоди шадид қарор дода, онро нигаронкунанда ва дорои ангезаи сиёсӣ хонданд.
Бо баёни анвоъи мухталиф ва мавориди зиёде аз поймолшавии ҳуқуқи динии шаҳрвандони Тоҷикистон, муаллифи мақола ҳамаи ин фишорҳову маҳдудиятҳоро боиси рушди ифротгароӣ ва редикализм дар Тоҷикистон арзиёбӣ кардааст: «Ин таъқибот ба таври ногузир ба боз ҳам тундрав ва ифротӣ шудани мусалмонҳои диндор кумак кард. Бино ба гузоришҳо, беш аз 2000 аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ДОИШ пайвастаанд.”
Муаллиф рушди иқтисод ва эҷоди ҷойҳои корро яке аз муассиртарин роҳҳои пешгирӣ аз ифротгарӣ хондааст, аммо сухани ахирашро бо ин ҷамъбаст намудааст:
«Ҷаноби Раҳмон зоҳиран бештар нигарони риш аст, то таъмини ҷои кор.”