Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Морлин Лурел: “Низомҳои диктотурӣ омили асосии пайдоиши терроризманд”

$
0
0

Морлин Лурел, яке аз муҳаққиқони донишгоҳи Ҷурҷ Вошинтон дар мақолаи худ, ки дар маҷаллаи «Фуриян эфейрз» нашр шудааст, иллатҳои гароиши шаҳрвандони Узбекистон ба ифротгароӣ мисли ҳодисаи Монҳотен дар ИМА-ро, мавриди  таҳқиқ қарор дода чунин қайд мекунад:

 

Низомҳои диктотурӣ ва саркӯбгароёнаи Осиёи марказӣ манбаъ ва омили асосии пайдоиши ифротгароӣ ва терроризм мебошанд. Дину мазҳаб ончуноне, ки гуфта мешавад, ба терроризм ва ифротгароӣ рабте надоранд.

 

Ӯ дар ин таҳқиқоти илмии худ, ҳама он сару садо ва овозаҳое, ки дар баъзе расонаҳо ва  хукуматҳо садо дода, дин ва мазҳабро сабаби аслии пайдоиши терроризм ва ифротгароӣ медонанд, рад намуда, сабаби асосии гравидани ҷавононро ба ифротгароӣ, низомҳои диктотурӣ ва сиёсати саркӯбгаронаи ҳокимони худкома мешуморад.

 

Ин проффесори донишгоҳи Амрико дар мақолаи худ аз гузориши сохторҳои амниятӣ мисол оварда зикр мекунад, ки бештари касоне, ки ба гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ шомил мешаванд аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ махсусан  Осиёи Марказӣ мебошанд.

 

Ӯ ҳамчунин қайд мекунад, ки Ӯзбекистан ва Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки нисбати исломи сиёсӣ ва фарханги исломӣ аз хама бештар сиёсати саркубгароёнаро пеш гирифтаанд. Ҳатто аз ин ҳам бадтар бо баҳонаи ифротгароӣ ва терроризм даҳҳо ҳазор нафарро вориди зиндон кардаанд. Ва мухолифони худро бо ин баҳона ҷисман маҳв мекунанд.

Масалан дар Ӯзбекистан, соли 2005 қиёми мардумиро дар шаҳри Андиҷон бераҳмона ва бо зӯри силоҳ хомуш намуда, беш аз ҳазор нафар аз ҷониби амният ва артиши Ӯзбекистон ба қатл расонида шуданд.

 

Аммо дар Тоҷикистон, ки солҳои 90-уми асри гузашта ҷанги хонумонсӯзро паси сар карда буд, ҳукуматдорон фишору таъқиб ва саркӯби мухолифонро ба ҷое расониданд, ки бо баҳонаи пешгирӣ аз ифротгароии исломӣ, гузоштани номҳои арабӣ, пӯшидани ҳиҷоб ва гузоштани ришро ҳам ҷурм шумурда садҳо нафарро зиндонӣ карданд ва ё ҷарима бастанд.  

 

Маҳз сиёсати саркубгароёна, фишору таъқиб ва низомҳои диктотурии ин ду кишвар бо шумули набуди иқтисод ва вазъи бади иҷтимоӣ  сабаб шудааст, ки ҳазорҳо тан аз шаҳрвандони ин ду кишвар ба Сурия рафта, зери парчами ДОИШ саф кашанд.

Агар фишору таъқиб ва сиёсати саркӯбгароёна дар ин ду кишвар вуҷуд намедошт, аксари ҷавонони ин кишварҳо ба муҳоҷират ба кишварҳои  гуногун рахт намебастанду луқмаи омода ба даҳони ДОИШ  барои амалӣ кардани ҳадафҳои террористияш қарор намегирифтанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>