Расонаҳои хабарӣ дар Афғонистон ва минтақа иттилоъ медиҳанд, ки Атомуҳаммади Нур, волии Балхи Афғонистон тавассути президенти ин кишвар Муҳҳамад Ашраф Ғанӣ аз мақомаш барканор шудааст.
Ба навиштаи ин расонаҳо, рӯзҳои охир ба хотири мутақоид кардани Атомуҳаммади Нур як ҳайъати расмӣ вориди Балх шуда буд ва ин ҳайъат талош карданд волии Балхро барои истеъфо рафтан ва ё тарки ин мақомаш кардан водор созанд.
Аммо Забиҳуллоҳи Фитрат, муовини сухангӯи ҳизби «Ҷамъияти исломӣ» дар Афғонистон дар сӯҳбат бо бахши форсии Радиои «Озодӣ» дар Кобул иддаъоҳои мабнӣ ба барканории Атмуҳаммади Нур ва рафтани ҳайати иҷроя ба Балхро рад кардааст.
Пеш аз ин Хабаргузории «Тасним»-и Эрон иттилоъ дода буд, ки Ашраф Ғанӣ президенти Афғонистон бо судури фармоне Атомуҳаммади Нур, волии Балхи Афғонистонро аз мақомаш барканор карда ва ин фармонро тавассути доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Ҳукумати Ваҳдати миллӣ ба ӯ расонидааст.
Ин манбаъ меафзояд, ҳамзамон президети Афғонистон бо судури фармоне Айюб Солангӣ, женероли аршади полиси ин кишварро ба мақоми Атомуҳаммади Нур, волии Балх таъйин кардааст.
Гуфта мешавад, Атомуҳаммади Нур, узви «Шӯрои эътифоли наҷоти Афғонистон» аст, ки тайи чанд моҳи ахир муносибаташон бо ҳукумати Ваҳдати миллӣ хеле сард шудааст.