Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ас-сисӣ: Ба сарқонун эҳтиром мегузорам

$
0
0

Ба гузориши “садои Амрико” Абдулфаттоҳ Ас-сисӣ президенти Миср дар як мусоҳибааш таъкид кардааст, ки ба сарқонуни кишвар эҳтиром мегузорад ва мухолифи тағйири сарқонун аст. Ин суханҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки давраи аввали президентии ӯ ба охири худ наздик мешавад ва бархе шахсиятҳо барои интихоботи президентии соли оянда, омодагии худро эълон кардаанд. Абдулфаттоҳ Ас-сисӣ ҳоло ин имконро дорад, ки худро барои як давраи дигар ҳам номзади интихобот кунад, аммо аз тарафи баъзе расонаҳои давлатии Миср пешниҳодҳои тағйири қонуни асосӣ барои идомаи ҳузури Ас-сисӣ дар қудрат низ садо додаанд.

Садои Амрико менависад, бо вуҷуди таъкиди Ас-сисӣ ба пойбандиаш ба қонуни асосӣ, ӯ ҳамеша дам аз он мезанад, ки хостаҳои мардуми Миср барояш муҳим ҳастанд. Президент Ас-сисӣ таъкид бар он мекунад, ки ӯ тобеъи фармону хоҳишоти мардумаш аст ва наметавонад хостаҳои онҳоро нодида бигирад. Ин ба он маъно аст, ки агар мардум аз Ас-сисӣ бихоҳанд, ки боз ҳам дар қудрат боқӣ бимонад,  қабул хоҳад кард.

Чунин таҷриба дар кишварҳои ғайридемократии ҷаҳони севвум кам нестанд. Чуноне, ки мо шоҳид ҳастем раҳбарони бештари кишварҳои Осиёи Миёна ин роҳро рафтаанд. Охиринаш ҳам Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳам худашро пешвои миллат эълон кард ва ҳам роҳро барои то охири умраш президент мондан ҳамвор кард.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>