Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Интиқоди “HRW” аз Тоҷикистон

$
0
0

Пайвандони фаъолони сиёсие, ки аз хориҷ  Ҳукумати Тоҷикистонро интиқод мекунанд, зери фишор қарор гирифта ва боздошт мешаванд.

Созмони  ҳуқуки башар (Human Rights Watch) аз Брусел, бо интишори як баёния дар бораи риоя нашудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба шидат интиқод кард. Ин созмон мегӯяд: “Аз соли 2015 то ин ҷониб дар Тоҷикистон то рафт ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ поймол мешаванд, фаъолиятҳои сиёсӣ, озодиҳои мазҳабӣ ва озодии баён рӯз то рӯз маҳдудтар мешаванд”.

Ин чунин меафзояд, “зиёда аз 150 фаъоли сиёсӣ, адвокатҳо ва рӯзноманигорон аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд.

Фаъолони сиёсие, ки дар хориҷ ба созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, HWR шикоят мебаранд ва аз ҳукумати Тоҷикистон итиқод мекунанд, мақомоти тоҷик алайҳи пайвандони онҳо дар дохили кишвар фишорҳои гуногун оварда, онҳоро боздошт мекунанд.

Пеш аз ин ҳам чандин маротиба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар  аз вазъи бади ҳуқуқи инсон дар минтақа ва бахусус Тоҷикистон нигаронӣ кардаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles