Муҳаммадҷавводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоле ба Тоҷикистон сафар намуд, ки тайи чанд соли ахир равобити ин ду кишвари ҳамзабон ба поинтарин сатҳ расидааст. Албатта ҳанӯз маълум нест, ки ҳадафи Вазири хориҷаи Эрон аз сафар ба Тоҷикистон барои шикастани яхи равобити миёни ду кишвар сурат гирифтааст ё не, аммо бар асоси хабарҳое, ки то ҳол дастраси расонаҳо гардидааст, М.Зариф асосан барои ифтитоҳи сафорати навбунёди кишвараш дар Душанбе танҳо як рӯз хоҳад монд. Дар зимн вай рӯзҳои 9 ва 10 – уми ноябр дар конфронси байналмилалие дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ширкат хоҳад кард.
Чаро равобит тира шуд?
Аҳамияти сафари М.Зариф дар он аст, ки дар ҳадди ақал ду соли гузашта мақомоти Тоҷикистон, дар сардии равобити ду кишвар ангушти иттиҳомро сӯи Эрон дароз кардаанд. Ҳатто кор ба дараҷае расид, ки бо дастури Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон(КДАМ), вале аз номи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон(ВКД), дар Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон филми мустанаде таҳия ва пахш гардид, ки дар он бевосита Ҷумҳурии Исломии Эронро дар бархе ҳаводиси ҷиноӣ ва кушторҳои марбут ба солҳои 1994-95 гунаҳкор карданд.
Пештар аз ин, аниқтараш дар моҳи декабри соли 2015, баъд аз ширкати Муҳиддин Кабирӣ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон, ки бо даъвати расмии ҷониби Эрон сурат гирифта буд, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон сафири Эрон дар Душанберо эҳзор ва нотаи эътирозии ҷониби Тоҷикистонро ба вай супурд.
Масъалаи ҷолиби таваҷҷӯҳ ин аст, ки амалҳо ва иттиҳомоти тарафи Тоҷикистон нисбати Эрон баъзан ҷиддӣ ва гоҳо ғайриҳирфаӣ ва берун аз урфҳои дипломатӣ сурат гирифтанд. Аз сӯи дигар то ҳол байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо низ сардии равобит мушоҳида мешуд, аммо вокуниши мақомоти Тоҷикистон дар баробари Эрон ғайри қобили муқоиса нисбат бо дигар кишварҳо аст. Масалан дар гузашта чунин сардии равобит миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон вуҷуд дошт ва сабаби он ҳам пуштибонии Ӯзбекистон аз сарҳанги шӯришии Фронти халқӣ Маҳмуд Худойбердиев унвон мешуд. Ногуфта намонад, ки М.Худойбердиев 3-4 ноябри соли 1998 ҳамроҳи ҷангиёнаш аз самти Ӯзбекистон вориди вилояти Сӯғд (он замон Ленинобод)- Тоҷикистон шуда дар зарфи чанд соат шаҳри Хуҷанд ва атрофи онро тасарруф намуд. Аммо вокуниши Тоҷикистон на ба он ҳадде буд, ки дар баробари Эрон анҷом дод.
Инчунин то ҳол мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла раиси ҲНИТ М.Кабирӣ дар чандин кишварҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ ҳузур ва суханронӣ кардаанд, вале мақомоти Тоҷикистон дар ин мавридҳо лаб накушодаву сафиреро эҳзор накарданд.
Аммо то ҳол, вокуниши тарафи эронӣ дар баробари ин ҳама ошуфтагиҳои мақомоти тоҷик аз урфи дипломатӣ берун нарафтааст. Шояд ин аз табиати ороми эрониҳо бошад ва ё чизи дигар, ба ҳар ҳол то ҳанӯз маълум нашудааст.
Бинобар ин, саволе ба вуҷуд меояд, ки чаро мақомоти Тоҷикистон саросемавор ва бо зери по гузоштани ҳама муомилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ҳатто урфи маъмули дипломатӣ тамоми пулҳои миёни худ ва Эронро аз байн бурданӣ шуданд? Ҳадаф чист ва сабаби ошуфтагӣ чӣ буд?
Сардии равобит аз куҷо оғоз шуд?
Барои посух гуфтан ба саволи матраҳшуда бояд каме ба ақибтар, ҳадди ақал ба соли 2013 бармегардем. Яъне замоне, ки дар моҳи октябри соли 2013 маъмурияти дипломатии сафири он вақтаи Эрон Алиасғари Шеърдӯст ба поён расид ва расо як сол баъд яъне рӯзи 13 – ноябри соли 2014 Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ сафири тозатаъйини Эрон вориди Душанбе шуд. Дар ин муддат яъне як сол Эрон дар Тоҷикистон сафир надошт. Ба назари коршиносон барои ду кишваре, ки худро шарики стартегии ҳамдигар меномиданд, ин масъала наметавонист оддӣ бошад ва чанд фарзия дар он замон матраҳ буд. Аввал, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Эрон манофеи иқтисодии зиёде дар Тоҷикистон надошт дар муаррифии сафири нав чандон шитоб накард. Ва фарзияи дигар, раисҷумҳури нави Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, бар хилофи Маҳмуди Аҳмадинажод раисҷумҳури собиқи Эрон, таваҷҷӯҳи зиёде ба кишварҳои мисли Тоҷикистон, надошт.
Вале баъдтар баҳси қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи Сангуда 2”, ки бо саҳми 180 миллион доллари Эрон сохта шудааст, ба вуҷуд омад ва ҳатто дар моҳи январи соли 2014 сарусадоҳое дар мавриди қатъи фаъолияти нерӯгоҳи мазкур бо сабаби пардохт нашудани 28 миллион доллар қарзаш аз сӯи “Барқи тоҷик” расонаӣ шуд. Ва бояд хотирнишон намоем, ки имрӯз қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз “Сангтӯда- 2” ба беш аз 62 миллион доллар расидааст. Ва мӯҳлати 12,5 солае ҳам, ки барои комилан ба ихтиёри Тоҷикистон гузаштани “Сангтӯда 2” муйаян шуда буд, ба поён расида истодааст, бо вуҷуде, ки ин мӯҳлат то ду соли дигар тамдид шуда буд. Пас оё тарафи Тоҷикистон мехоҳад қабл аз ин ки ба таври комил қарзи худро пардозад, “Сангтӯда2” – ро аз худ кунад?!
Занҷоние, ки ба дуздии амвол муттаҳам аст дар канори Раҳмон чӣ кор мекард?
Аз сӯи дигар дар ҳамин сол яъне 30-юми декабри соли 2013 тоҷир ва миллиардери маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ бо иттиҳоми азхудкунии беш аз 2 миллиарду 60 милион евро, ки мутааллиқ ба Вазорати нафти Эрон буд, дастгир ва дар моҳи марти соли 2016 бо ҳукми Додгоҳ ба эъдом маҳкум шуд. Занҷонӣ ҳамон тоҷири эрониест, ки дар Тоҷикистон сармоягузориҳои миллионӣ дошта саҳмиядори аввали ширкати холдингии «Конт-групп Тоҷикистон» мебошад. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон сармуоягузории Занҷониро рад мекунанд, аммо ҳузури вай дар маросими ифтитоҳи Asian Express Terminal, дар канори Эмомалӣ Раҳмон ва сӯҳбати бевоситаи онҳо, ки аксҳои ифтитоҳи маросим шоҳиди гӯёи воқеа мебошанд, дурӯғ будани иддаои мақомоти тоҷикро исбот мекунад. Бинобар ин саволе ба вуҷуд меояд, фарде, ки дар Эрон барои азхудкунии амволи давлатӣ маҳкум ба эъдом шудааст, камтар аз як сол қабл аз содир шудани ҳукмаш дар канори раиси ҷумҳури Тоҷикистон чӣ кор мекард? Илова 2 миллиарду 60 миллион евро, ки Занҷонӣ ба сирқати он муттаҳам шуда буд, дар миёни мақомоти тоҷик обу лой шуда ва бо таваҷҷӯҳ ба вуҷуди фасоди бонкӣ дар ин кишвар, исботи расмии он мушкил ва ғайримумкин аст ва маълум аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳеч гоҳ ин расвоиро ба дӯш нахоҳанд гирифт.
Бинобар ин…
Бо таваҷҷӯҳ ба ду қазияи пулии мазкур (ба хусус расвоии қазияи Бобаки Занҷонӣ) ва дар муддати аз октябри соли 2013 то октябри соли 2014 сафир надоштани Эрон дар Тоҷикистон, ба чунин натиҷа метавон расид, ки сардии муносиботи ду кишвар ҳадди ақал аз соли 2013 оғоз ва соли 2014 бадтар ва дар соли 2017 ба поинтарин сатҳ расид.
Аммо мақомоти тоҷик бо сохтакорӣ ва ташкили қазияи генерал Абдуҳалим Назарзода ва сипас рабт додани ҲНИТ ба он, мехостанд расвоии худро бо пардаи дурӯғ ва ибҳом пӯшонда Эронро низ “гӯшмол” бидиҳанд, вале бешак арқом, далоил ва асрори пушти пардаи зиёд, аз чизи дигаре мегӯянд.
Дар поён, илова кардан ба маврид аст, ки ҷониби Эрон чандин бор бавосита дар расонаҳо масъалаи “пулӣ” будани қазияи миёни ду кишварро дар миён гузошт ва аз ҷониби тоҷикистонӣ талаб намуд, ки қарзи худро аз “Сангтӯда -2” пардохт намояд ва бархеҳо ҳамроҳии Вазири энержии Эрон Ризо Ардакониён, дар сафири ахири Зариф ба Тоҷикистонро низ ба ҳамин маъно медонанд.
Аммо баъди дидори Зариф бо Раҳмон, то ҳол маълум нест, ки оё Зариф ба Раҳмон гуфта бошад, ки қарзи ин “Оқо”- ро бидеҳ ва ё Раҳмон талаби бахшиши Аҳмадинажодиро аз Зариф кардааст?!