Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Мулоқоти сарди Эмомалӣ Раҳмон бо Зариф

$
0
0

Имрӯз, 8-уми ноябри соли 2017, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷаввод Зариф мулоқот кард.
Аммо ба назар мерасад, ин мулоқот тавре гуфта мешуд, дар фазои самимӣ баргузор нашуд. Президент Эмомалӣ Раҳмон вазири умури хориҷаи Эронро бо пешонии боз ва чеҳраи кӯшода пазироӣ накард, ҳарчанд Муҳаммад Ҷавводи Зариф тазоҳур мекард, ки дар ин миён ҳеч сардие вуҷуд надораду худашро абрӯкӯшода ва хандонрӯ менамуд.


Бо ин вуҷуд, ҳамоно дар лаҳни гуфтори Эмомалӣ Раҳмон дар муносибат бо Эрон тағйироти ҷиддие ворид нашудааст  ва президенти Тоҷикистон ҳам дар ин мулоқот аз ҳамон адабиёти пешин ва истилоҳоти кӯҳанааш дар муқобили ҷумҳурии исломӣ истифода мекунад. Ба иборати дигар, президент Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот ҳеч ҳарфу хабари ҷадиде ба Муҳаммад Ҷаввод Зариф, раҳбари димломатҳои Эрон надошт, ҳама гапи эшон дар бораи мавзӯъҳои кӯҳна буд.


Ин мулоқот дар расонаҳои расмии  Тоҷикистону Эрон бозтоби густурдае надошт. Бо ин вуҷуд, Маркази матбуотии президенти Тоҷикистон аз он бо интишори як акс  ва ҳамон ҷумлаву ибораҳои маъмулӣ, аз ҷумла «рушди ҳамкориҳо» ва «татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада» иктифо кард.
Ба назар мерасад, Эмомалӣ Раҳмон дар пайти таъмиру тармими робитаҳои дуҷониба байни Душанбе ва Теҳрон набуда, аз дастафшонии вай маълум мешавад, ки ҳамоно дар сатҳи муносиботи ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон аз сиёсатҳои оилавии худаш истифода мекунад.


Аз сӯи дигар, ҷониби Эрон ҳам хуб медонад, ки дар ҳоли ҳозир аз ин зиёдтар дасташро барои муносиботи ҳасана дароз кардан ба нафъи он кишвар нест, чун дар ин сурат тамаъҳо ва талабҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳам аз Ҷумҳурии исломӣ аз ин зиёдтар хоҳад шуд.
Бо ин вуҷуд, ҳамоно ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Эрон чашму гӯши сиёсатмадорон ва коршиносон ва дар умум мардум ба сӯйи беҳбуди равобити ҳар ду ҷониб давонида шудаасту ҳар лаҳза фурсатшуморӣ мекунанд, то ин ду миллат оғӯши худро ба рӯйи ҳамдигар дубора боз кунанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>