Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

«Мақомоти Тоҷикистон ба сарбозонаш барои куштани афғонҳо рутба медиҳад»

$
0
0

Ду шаҳрванди Афғонистон аз тарафи сарҳадбонони тоҷик дар вулусволии Ишкошими вилояти Бадахшон ба қатл расиданд.

Субҳи имрӯз, 9-уми ноябри соли 2018, Агентии хабарии мустақили Афғонистон Пажвок (Pajwok) дар бораи кушта шудани ду шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз тарафи сарҳадбонони тоҷик дар марзи Тоҷикистон хабар додааст.  

Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадамон Насим, фармондеҳи пулиси марзбонии Афғонистон ба “Пажвок” гуфтааст: “То ба ҳол нерӯҳои амниятии тоҷик сабаби кушта шудани ин ду шаҳраванди Афғонистонро шарҳ надодаанд”.

Ба навиштаи “Пажвок”, яке аз афроди кушаташуда дар дарёи Панҷ ғарқ шуда, ҷасади дувумиро то ҳол дарёфт накардаанд.

Толибиддин Қодирӣ, узви Шӯрои маҳаллӣ ба “Пажвок” изҳор доштааст: “Солҳои охир дар қаламрави Афғонистон дар вулусволии Ишкошим сокинони бегуноҳи ин минтақа  аз тарафи марзбонони тоҷик  кушта мешаванд ва ҳукумати Тоҷикистон сарбозонро барои ин амалашон рутба медиҳанд, марзбонон барои ба даст овардани рутба ин амалро анҷом медиҳанд.”

Мақомоти расмии Тоҷикистон ва Афғонистон то ҳол ба ин ҳодиса вокунише нишон надоданд. Аммо бо ин вуҷуд, баъзе коршиносон бар ин боваранд, ки ба эҳтимоли зиёд ин ду шаҳрванди кушта шудаи Афғонистон дар ҳоли қасди убури ғайриқонунии марз аз ҷониби сарҳадбонони Тоҷикистон мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.    


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>