Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Оғози фаъолияти “Ҳепотитбонкбизнес” дар Тоҷикистон

$
0
0

Маълумотномаи тиббии Шуъбаи навтаъсиси “Ҳепотит” дар пойтахти Тоҷикистон бо супориши “БОЛО” аз 30 то 50 сомонӣ муайян шудааст.

Ин маъломотномаи тиббӣ, ки дар зарфи на камтар аз як шабонарӯз омода мешавад барои тамоми мизоҷони беморхонаҳои давлатӣ “иҷборӣ” буда, бидуни он дар марказҳои ҳифзи саломатии пойтахт тибибон беморонро қабул намекунанд.

Аҳмадшоҳи Комилзода, хабарнигори маъруфи кишвар дар як муроҷиатнома ба Вазири тандурустии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш қиссаи талхеро аз саргузашти дандондарди шадид худаш дар ин бора нақл карда, навиштааст: “ Имрӯз пагоҳӣ дар пайи дандондарди шадиди шабона рост ба Маркази саломатии шаҳрӣ (собиқ поликлиникаи №1) рафтам. Умедвор будам, ки дандонамро мекананду ҷонам аз дард халос мешавад.шаҳрӣ (собиқ поликлиникаи №1) рафтам. Умедвор будам, ки дандонамро мекананду ҷонам аз дард халос мешавад.”

Аҳмадшоҳи Комил дар робитаи ба муносибати ноҳинҷоркунандаи табиб нисбат ба ӯ барои надоштани маълумотномаи дар бораи “Ҳепотит” меафзояд: “Вале табиб аз рӯйи курсии табобат маро фуроварда гуфт, ки “бе доштани маълумотнома дар бораи Ҳепотит комилан ҳеч коре карда наметавонам, бубахшед”.

Ин журналисти маъруф ҳамзамон дар бораи як тифли беморе, ки модараш ӯро барои дармон ба ин маркази саломатӣ оварда буд, чунин нақл мекунад: «Ба берун баромадам, зане доду фарёд бардошта буд, ки мехоҳад тифли хурдсоли беморашро сӯзандору бигузаронад, вале табибон аз иҷрои кор даст кашида буданд. Тифл дар рӯйи дастони модараш беист гиря мекард. Зан мегуфт, ки барои гирифтани маълумотномаи Ҳепотит пул надорад , ғайр аз ин маълумотнома пас аз як рӯз омода мешавад, охир тифли беморашро чӣ кор кунад? Модарони ҳайратзада дар атрофи ин зани парешон ҷамъ шуда, бо алам ба ӯ нигоҳ мекарданд.»

Вай дар бораи нархномаи ин маълумотнома дар идома менависад, “ман ҳам барои гирифтани маълумотнома ба шуъбаи навтаъсиси Ҳепотит рафтам. Духтари хушсурате ба ман гуфт, ки нархи як маълумотнома аз 30 то 50 сомонӣ аст, вале натиҷаи ташхис фардо омода мешавад. Ман аз шиддати дард гуфтам, ки “мехостам дандонамро биканам, охир шаби дароз хоб накардаам!” Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки “коре карда наметавонам, супориш аз боло аст!”.

Ин муроҷиатномаи журналист ба вазири тандурустӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук баҳсҳои зиёдеро дар ин робита ба вуҷуд оварда, Хилватшоҳи Маҳдуд, хабарнигори тоҷик аз он ба унвони “Ҳепотитбонкбизнес” ном бурдааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>