3- Додситонии Ӯзбекистонро аз мақомоти “нопок”- и ин ниҳод пок намуд ва назорати фаъолияти кормандони умури дохилаи кишварашро яке аз вазоифи аслии додситонҳо унвон кард: Моҳи августи соли ҷорӣ, расонаҳо аз интиқоди шадиди Шавкат Мирзиёев аз додситонҳои кишвараш хабар доданд. Вай зимни интиқод аз фаъолияти додситонҳо дар замони президенти собиқи ин кишвар, онҳоро “дузд” номида гуфт: “Ман худам раиси ноҳия будам ва медонам, ки ин бевиҷдонҳо чӣ гуна муносибат доранд. Вақте ба мақоми додситонӣ мерасанд, ҳатто роҳгардияшон иваз мешавад ва касеро ба назар намегиранд.” Ва илова намуд: “Додситонҳо сабаби бадбахтии мардум шудаанд.” Айнан ҳамон мусибате, ки мардуми Тоҷикистон бо он гирифторанд. Чанд рӯз баъдтар Мирзиёев дар ҷаласае бо кормандони умури дохилии кишвараш, камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ин ниҳоди қудратиро дар адами назорати додситонҳои шаҳру навоҳӣ барои аз сӯи кормандони ниҳоди мазкур донист ва дастур дод, ки бояд ошнобозиро канор гузашта болои ин ниҳод назорати ҷиддӣ баранд.
Шоҳидони воқеъие, ки дар муддати чанд моҳи ахир ба кишвари Ӯзбекистон сафар кардаанд, нақл мекунанд, ки муносибат ва рафтори гумрукчиён ва кормандони марзбонии ин кишвар нисбат ба гузашта тафовут дорад. Чуноне ки дар урфият мегӯянд: “Мардум дар дини раҳбаронашон ҳастанд.” Агар раҳбар ислоҳ шуд, раъият ислоҳ хоҳад шуд.
4- Ба дин ва эътиқодоти миллати Ӯзбекистон эҳтиром қоил шуд ва қадамҳои мусбатеро барои ислоҳи иштибоҳот гузошт: Аз ҷумла чуноне ки дар оғози ин матлаб омад, рӯзи 7 – уми ноябр ба масҷидҳои шаҳри Тошканд иҷоза дода шуд, ки азонро бо садои баланд гӯянд. Дар ҳоле, ки қаблан бо садои баланд азон гуфтан мамнӯъ буд. Ҳамон ҳаққи мусалламе, ки солҳост мусалмонони Тоҷикистон низ аз он маҳруманд. Ин дар ҳолест, ки дар бархе кишварҳои аврупоӣ ҳам, ки пайрави дини масеҳӣ ҳастанд, мардум субҳи барвақт бо садои ноқуси калисо бедор мешаванд. Садои ноқус ба ҳеч кас халал намерасонад. Вале дар Тоҷикистон кишваре, ки 98% ҷамъияти он мусалмонанд, танҳо ба ин хотир, ки ҳукуматдоронаш аз садои азон “аллергия” доранд, аз ҳаққи даъвати намозгузорон маҳруманд.
Шавкат Мирзиёев дар давоми камтар аз як соли президентиаш, илова бар мавридҳои дар боло зикр гардида, тавонист муносибатҳои кишварашро бо ҳамсояҳо ба самти мусбат равона созад. Инчунин бо даъват аз созмонҳои байналмилалӣ ва ваъдаи фаъолияти озод ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, озодии матбуот, сабукиҳо дар сабти номи созмонҳои ғайридавлатӣ, таваҷҷӯҳи созмонҳои байналмиларо ба худ ҷалб кард ва муваффақ шуд то андозае назари мусбати онҳоро касб кунад. Аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар дар охирин баёнияи худ рӯзи 7-ноябр, ислоҳоти Мирзиёевро қадамҳои мусбат номид.
Оё ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад?
Дар чанд соли ахир, ҳар гоҳ яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаи “таъмини амнияти давлат” қонунеро тағйир медод ва ё ислоҳ мекард, ба мисли қонуни “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон”, “Манъи рафтани ҷавонони то 18 сола ба масҷид”, “Маҳдудияти ришу ҳиҷоб”, “Ташкили руйхати ифротиҳо” ва даҳҳо мавориди дигар, ҳамсояи дигар низ тӯтивор аз ҳамсоя ранг мегирифт ва ба назар мерасид, ки ин ҳама аз як марказ ва як нуқта идора мешавад.
Аммо бо оғози раванди ислоҳот дар Ӯзбекистон, оё Тоҷикистони ҳамсоя низ аз ҳамсояаш ранг мегирад?
Аллакай ин баҳс моҳҳо аст, ки идома дорад. Гурӯҳе бар ин назаранд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки командаи феълии ҳукумати Тоҷикистон, ки тамоми пулҳои пушти сари худро вайрон кардаанд, фурсати худро барои ислоҳот аз даст додааст ва дигар на иродаи ислоҳот доранд ва на тавонашро. Ин фурсат барои ҳукумати феълӣ баъд аз имзои Созишномаи сулҳ ба вуҷуд омада буд ва метавонист пешгоми ислоҳот дар минтақа бошад. Аммо бо нақзи Созишномаи сулҳ ва сиёсати саркӯбгароёнаи дохилӣ ва адами муваффақият дар сиёсати хориҷӣ, байрақи ислоҳотро аз даст дод. Бинобар ин, ҳеч интизоре аз командаи феълӣ набояд дошт.
Аммо гурӯҳи дигар бар ин назаранд, ки айб дар мош аст, на дар ош. Ба ин маънӣ, ки бояд мунтазири сарнавишти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон бошем ва шояд аз дохили ҳамин команда шахсе пайдо шавад, ки аз ҳамсоя ранг бигирад. Агар айб дар мош бошад, чӣ ҳоҷат ба дур рехтани ош!