Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Суннат ва илм

$
0
0

Агар мехоҳем иртиботи  Суннати Паёмбар (с) ро бо илм ва ё ҷойгоҳи илмро дар суннати набавӣ, пайдо намоем, лозим меояд саре бизанем ба китобҳои ҳадис ва сирату зиндагонии Паёмбари гиромии Ислом. Дар тамоми китобҳое, ки дар риштаи ҳадис таълиф шудаанд, ҳатман боб ва ё китоби алоҳидае дар робита ба илм ва фазилати он, ҷойгоҳи уламо ва ситоиш аз онҳо, вуҷуд дорад ва дар он аҳодиси бешуморе аз Расули Худо (с)  оварда шудааст. Ба унвони мисол метавон чанде аз китобҳои ҳадисро инҷо зикр кард.

Имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ дар саҳеҳаш баъд аз китоби “Ваҳй” ва китоби “Имон”, китоби илмро ҷой додааст. Дар ин китоб (китоби илм) бар асоси гуфтаи Ибни Ҳаҷар, 102 ҳадиси марфуъ (аҳодисе,ки санади онҳо бар Расули Худо расидаанд), дар робита ба илм ва паҳлӯҳои гуногуни он  оварда шудааст.  Аз ин адад 16  ҳадис ба такрор зикр гардидааст. Илова бар 102 ҳадисе, ки аз расули Худо (с)  нақл кардааст, 22 асари дигар аз саҳоба ва тобеъин низ, ривоят намудааст.   

Ҳамин тавр дар дигар китобҳои ҳафтгонаи ҳадис, (Саҳеҳи Муслим, Муаттои имом Молик, Ҷомеъи Тирмизӣ, Сунани Абудовуд, Насоӣ ва Ибни Моҷа )   ҳатман бобе ва ё китобе дар мавзӯъи илм  вуҷуд дорад ва дар ҳар яки он камтар ва ё бештар аз китоби “илм”-и  Имом Бухорӣ ҳадис ҷамъоварӣ карда шудааст.

Инчунин дар ғайри китобҳои ҳафтгона, дар дигар китобҳои ҳадис низ китоби илм ҷойгир аст ва дар робита ба илм ва ҷойгоҳи он аз Расули Худо (с) аҳодиси зиёде ривоят карда шудааст.  

Масалан китоби “Илм”-и  “Маҷмаъу-з-завоид”, асари ҳофиз Нуриддини Ҳайсамӣ, иборат аз  84 сафҳа мебошад, ки дар ҳар сафҳаи он чанд ҳадис мавҷуд мебошад.  Ҳофиз Мунзирӣ дар китоби “Тарғибу-т-тарҳиб”, 140 ҳадисро дар китоби “илм” ҷамъоварӣ кардааст. Дар китоби “Фатҳ-ур-раббонӣ”, ки муаллиф аҳодиси муснади имом Аҳмадро ба тартиб даровардааст, дар китоби “Илм”-и он  81 ҳадис вуҷуд дорад. Ин танҳо чанд намуна аз китобҳои ҳадис буд, ки инҷо оварда шуд.

Ногуфта намонад, адади зиёди аҳодисе, ки дар як китоб ҷамъоварӣ шудаанд, дар китобҳои дигари ҳадис такроран зикр гардидаад. Инчунин маврид ба зикр аст, ҳама он аҳодисе, ки дар робита ба илм ҳастанд танҳо дар китоби “Илм”-и китобҳои ҳадис ҷойгир нестанд. Балки даҳҳо ва садҳо аҳодиси дигар вуҷуд дорад, ки бо илму дониш ва ҷойгоҳи уламову донишмандон иртибот доранд аммо дар мазеъҳо ва бобҳои дигар оварда шудаанд.  

Ба унвони мисол:  Ҳадиси озодсозии асирони Бадр аз ҷониби расули Худо (с) дар ивази таълим додани фарзандони ансор, бо вуҷуди он ки дар мавриди таълим додан ва омӯхтан аст, дар китоби “илм”-и китобҳои ҳадис  оварда нашудааст, балки дар бобҳои дигар ҷой  дода шудааст.

Инчунин ҳадисе дар Саҳеҳи Муслим  бо ин мазмун аз Расули Худо ривоят шудааст, ки он Ҳазрат тавсия мекунанд, дар умури дунёӣ аз таҷрибаҳо истифода намуда, корҳо ба дӯши мутахассисон ва донандагони ҳар соҳае вогузор карда шавад. Агарчӣ дар ин ҳадис аз илму таҷриба ва истифода аз он сухан ба миён омадааст, вале онро Имом Муслим дар китоби “илм”, наовардаст.

Имом Муслим аз Анас (р) ривоят мекунад, ки ҳамроҳи Расули Худо (с) аз назди қавме мегузаштем, ки дар ҳоли бордоркунии дарахтони хурмо буданд. Расули Худо ин амали онҳоро дида гуфт: “ Агар ин корро ҳам накунед, ҳосил хоҳед гирифт!”  Он мардум баъди шунидани сухани расули Худо аз ин амал мунсариф шуданд. Дар фасли ҳосилғундорӣ, ҳосили хуб ба даст наоварданд. Боз чанде пас  Расули Худо ба онҷо гузар карданд ва аз онҳо пурсон шуданд: “имсол ҳосил чигуна буд?” дар чавоб гуфтанд Шумо моро тавсия кардед, ки аз бордор кардани дарахтон мунсариф шавем, мо ҳам қабул кардем, аз ин сабаб имсол ҳосил хуб набуд. Расули Худо баъди шунидани ин посух гуфтанд: “Ман аз пеши худ ва фикри шахсии худамро гуфта будам, шумо дар ин хусус аз ман донотар ва огоҳтаред!” .  Яъне маҷбур набудед ба раъйи шахсии ман амал намоед, балки мебоист аз илми худатон дар ин маврид истифода мекардед.

Хулоса ин гуна аҳодис, ки иртибот ба илм доранд, вале дар китоби “илм” ҷой дода нашудаанд, хеле зиёданд. Аз ин қабил ҳастанд ҳадисҳое, ки аз Расули Худо дар мавриди илми тиб ва табобат ва амсоли он ривоят шудаанд. Бо он ки ин аҳодис дар бахше аз улум сӯҳбат мекунанд, вале боз ҳам дар мавзеъ ва боби дигар зикр гардидаанд.

 

Чанд ҳадис аз Расули Худо (с) дар мавриди илм

Ҳадисҳое, ки дар мазӯъи илм аз Расули Худо ривоят шудаанд, чунончӣ қаблан баён шуд, хеле зиёданд. Агар бихоҳем ҳамаи онҳоро дар як ҷой ҷамъоварӣ ва тартиб диҳем, як китоб мешавад. Ҳамонгуна, ки қаблан баён доштем, Ислом илмро новобаста аз онки  илми дунявӣ аст ё  ухравӣ тақдир мекунад ва ба омӯхтани он ташвиқ менамояд. Аммо бархе аз илмҳо нисбат ба бархеи дигар авлавият доранд. Илми дин ва Худошиносӣ аз нигоҳи Қурон ва Суннат дар авлавият қарор дорад. Зеро инсон ба воситаи илми дин ҳам дар мавриди худаш маърифат ҳосил мекунад ва ҳам  Худояшро мешиносад, ҳадафи зиндагияшро дарк мекунад, роҳашро муайян месозад ва зарару фоидаи дунявӣ ва ухравиашро ташхис медиҳад. Баъд аз илми дин, дигар илмҳо бо назардошти   заруратҳо ва ниёзмандиҳои мардум, ҷалби масолеҳ ва манофеъ барои онҳо, бартараф сохтани зарарҳо ва харобиҳо, дар мартабаҳои баъдӣ қарор мегиранд.

Расули Худо мефармояд:  “ Ҳаркиро Худо барояш хайру хубӣ дар назар дошта бошад, ба ӯ  фаҳми дин ато мекунад.”  Ривояти Бухорӣ ва Муслим

Дар ҳадиси дигаре, мефармояд: “ Ҳар касе барои талаби илму дониш ба роҳе барояд, Худованд  ба сабаби он роҳи расидан ба биҳиштро барояш осон месозад. Малоик болҳояшро  ба хотири хушнудии талабкунандаи илм паҳн месозанд.  Ҳама офаридаҳои осмонӣ ва заминӣ барои толибилм аз Худованд талаби омӯрзиш мекунанд, ҳатто моҳиҳо дар қаъри дарё. Ҳамоно фазилату бартарии олим бар обид ба мисли фазилати моҳтоб бар соири ситорагон аст. Уламо меросбарони Паёмбаронанд.  Паёмбарон динору дирҳам ба мерос нагузоштаанд, балки илму донишро ба ирс гузоштаанд ва ҳаркӣ аз он чизе бардорад, ҳиссаи бузурге бардоштааст.” Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷа аз Абидардо.

Аз ҳазрати Усмон (с) ривоят шуда, ки Расули Худо фармудаанд: “Беҳтарини шумо касест,ки Қуръонро биомӯзад ва онро ба дигарон биомӯзонад.”

Дар ҳадисе,ки Абуҳурайра аз Расули Худо ривоят намудааст, омадааст: “Ҳаргоҳ фарзанди одам аз дунё мегузарад, ҳама аъмолаш аз ӯ канда мешавад, ба ҷуз се чиз.  Садақаи ҷория, илме, ки мардум баъди сари ӯ аз он истифода мебаранд ва фарзанди солеҳе,ки пушти сари худ гузоштааст ва барояш дуои хайр мекунад.” Ривояти Муслим

Расули Худо ба саҳоба тавсия мекунад ду кунед, то Худованд бароятон илми нофеъ ато фармояд ва аз илми бе ҳосил шуморо ҳифз намояд. “ Аз Худо бихоҳед бароятон илми нофеъ ато намояд ва аз илме, ки ҳеч манфиатеро ба ҳамроҳ надорад, бар Худо паноҳ бибаред.”

Худи Расули Худо чунин дуо мекарданд:  “ Бор Худоё илму донишеро, ки маро додаӣ, онро бароям бо самар бигардон!  Бароям илми босамар ато фармо! Бар дониши додаат бияфзо!  Сипос Худойро дар ҳама ҳол ва паноҳ ба Худо аз аҳли нор!“  Ривояти Тирмизӣ

Расули Худо (с) аз сӯистифодаи илми дин моро барҳазар доштааст.  Мефармояд: “ Ҳар касе илмеро, ки бояд ба хотири ризогии Худованд омӯхта шавад, барои он омузад, ки соҳиби колои дунё шавад, дар рӯзи қиёмат бӯйи хуши ҷаннатро намебинад. “  Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ

Расули Худо (с) аз китмони илм низ барҳазар доштааст. “ Аз ҳар касе дар мавриди масъалае суол шавад ва ӯ бо вуҷуди донистанаш аз ҷавоб додан худдорӣ намояд, дар охират лаҷоми оташин бар даҳонаш зада хоҳад шуд.”   Ривояти Аҳмад Абудовуд ва дигарон

Ин чанд намуна аз фармудаҳои расули Худо (с) дар робита ба илму дониш буд, ки инҷо оварда шуд.  Дар ин хусус чунончӣ қаблан гуфтем садҳо ҳадис аз Паёмбари Ислом ривоят ва нақл шудааст, ки ин ҷо маҷоли бозгӯ намудани ҳамаи онро надорем.

Ин роҳнамоиҳо ва тавсияҳои Расули Худо, буд, ки шогирдони мактаби ӯ ҳамеша дунболи илм буданд, илму донишро қадр мекарданд, ҷойгоҳи уламову донишмандонро гиромӣ медоштанд ва мардумро бар омӯхтани илм ташиқ мекарданд.

 

Намунае чанд аз суханони саҳоба, тобеъин ва бузургони дин, дар мавриди илм

Ҳазрати Умар (р) дар робита ба талаби илм мефармояд: “Эй мардум! Шумо бояд дунболи илм бигардед! Зеро Худованд ридое дорад, ба номи ридои муҳаббат. Ҳарки барои талаби илме  берун шавад, Худованд ӯро бо ридои муҳаббаташ сарфароз хоҳад кард.

Дар ин асар ҳазрати Умар (р) ба ононе, ки ба дунболи илм мегарданд башорат дода, ки Худованд ба онҳо ҷомае аз муҳаббат мебахшад, яъне бо таъбири дигар бо онҳо дустӣ барқарор мекунад.

Ибни Масъуд (р) мефармояд: “ Беҳтарин маҷлисҳо маҷлисе аст, ки дар он ҳикмат ва раҳмат нашр карда мешавад.”  Мақсад аз маҷлиси ҳикмату раҳмат дар ин асар нишастҳои илмӣ ҳастанд.

Ҳазрати Алӣ (Р) мефармоянд: “ Илм беҳтару бартар аз мол аст. Зеро маҷбур ҳасти аз мол ҳифозат кунӣ , вале баръакс илм аз ту ҳифозат мекунад! Мол бо  харҷ кардан кам мегардад, вале додани илм ба дигарон онро бештар мекунад. Илм ҳоким, вале бар мол ҳукм карда мешавад. Сарватмандон дар зиндагиашон аз ёдҳо мераванд, вале уламо баъд аз мурданашон ҳам дар ёдҳо боқӣ мемонанд. Агарчӣ ҷисмашон аз байн рафта бошад ҳам, асар ва ёди онҳо дар дилҳо боқист.”

Ибни Аббос (р) гуфтанд: “Лаҳзае аз шабро бо баҳси илмӣ гузаронидан, бароям беҳтар аз зинда нигоҳ доштани тамоми шаб аст.”

Аз Қатода (р) дар мавриди илм нақл шудааст: “Як бобе аз илм, ки инсон барои салоҳи худ ва инсонҳои баъд аз худаш  меомӯзад, беҳтар аз яксола ибодат аст.”

Аз Суфёни Саврӣ риоят шуда, ки гуфтанд: “Ҳеҷ амале беҳтар аз талаби илме, ки ҳамроҳ бо нияти нек бошад, нест.”

Ҳасани Басрӣ, дар тафсири ояти 201-и Сураи Бақара, “ Парвардигоро барои мо дар дунё ҳасана ато фармо!”, мефармоянд: “Мақсад аз ҳасана дар дунё, илм ва амал ва дар охират ҷаннат аст.”

Фузайл ибни Айёз, мароҳили илмро чунин баён кардаанд: “Хомӯш истодан дар ҳузури муаллим оғози илмомӯзӣ, марҳилаи баъдӣ гуш додан, саввум аз худ кардан ва ҳифзи он, сипас ба ончи меомӯзӣ амал кардан, ва баъдан онро ба дигарон расонидан аст.”

Он чӣ  дар сатрҳои боло аз ёрони Расули Худо (с) ва бузургони дин дар ситоиши илм ва фазилату ҷойгоҳи он оварда шуд, қатрае аз баҳр мебошад. Бузургони дин китобҳои зиёдеро дар робита ба аҳаммияту ҷойгоҳи илму дониш ва зарарҳои беилмӣ, паёмадҳои бади ҷаҳлу бесаводӣ, таълиф намуда, дар хидмати башарият қарор додаанд. Таърих гувоҳ аст, ки донишмандони исломӣ чӣ хидматҳое барои шукуфоӣ ва пешрафти тамаддуни башарӣ дар ростои илму дониш ва нашри он анҷом додаанд.  Худо хоста бошад дар фурсатҳои муносиб ба баёни он хоҳем пардохт. Инчунин талош хоҳем кард то ҳадди тавон аз кашфиётҳои илмӣ  ва ихтироъоти донишмандони исломӣ дар заминаҳо гуногун, ки дар асрҳои гузашта ва ҳозира анҷом додаанд, барои дӯстдорони илму дониш, маводҳое омода ва ба нашр расонем.  

Давом дорад

Исломҷон Саидов


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>