Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон як шаҳрванди Русияро, ки қаблан аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, ба кишвараш таслим карданд. Ин нафар Денис Хисамов собиқ корманди Вазорати дифоъи Русия аст, ки дар сафи артиши “Давлати исломӣ” ҷангидааст.
Дар ин бора “Интерфакс” бо истинод ба Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.
“Баъди он ки мо ба ҳамкоронамон дар Русия дар бораи ба Тоҷикистон оварда шудани Хисамов маълумот ирсол кардем, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба тартиби муайяншуда ӯро ба кишварашон бурданд” — гуфтааст Умарҷони Эмомалӣ.
Тибқи иттилои расонаҳо, Денис Хисамов дорои маълумоти олӣ ва унвони номзади илмҳои техникӣ, буда то рутбаи капитан дар Вазорати дифоъи Русия хидмат кардааст.
“Моҳи майи соли 2015 шиносномаи қалбакии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тайёр карда, тавассути он ба Туркия павоз кардааст ва аз ҳамон ҷо ба сафи ДОИШ пайвастааст” — навиштааст “Интерфакс” аз қавли сухангӯи ВКД Тоҷикистон.
Хисамов дар ҷангҳо дар Ироқу Сурия иштирок карда, ҳангоми бозгашташ дар апрели 2017 аз тарафи пулиси Туркия бо шиносномаи тоҷикӣ боздошт шудааст. Аз ин рӯ ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Ин ҷанговари ДОИШ соли 1999 мактабро пеш аз мӯҳлат хатм карда, соли 2004 Донишкадаи олии ҳарбии Краснодарро бо метали тилло ба итмом расонидааст. Баъдан ба ҳайси раҳбари хадамоти ҳифзи сирри давлатии Маркази илмии 274-и Вазорати дифоъи Русия таъин шудааст.
Дар Вазорати дифоъ то рутбаи капитан хидмат карда, бо хоҳиши худаш аз онҷо ба истеъфо меравад. Баъди истеъфо ба ДОИШ пайвастааст.