Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ангела Меркел боз номзад мешавад

$
0
0

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз хурӯҷи демократҳои озод аз музокироти ташкили давлати ҷадид изҳори таассуф кард. Аммо таъкид намуд, ки дар сурати баргузории интихоботи муҷаддад боз ҳам барои маснади раёсати давлат номзад хоҳад шуд.

Ба гузориши “Дойче веле” ҳудуди як моҳ ҳизбҳои Сотсиал- масеҳӣ, Демократ-масеҳӣ, сабзҳо ва либералҳои озоди Олмон  бо ҳам барои ташкили давлати ҷадид музокироти сахтеро гузаронданд. Аммо дар ниҳоят  ҳизби Либерал-демократҳои озод музокиротро тарк кард.

Аҳзоби дигар ин ҳизб ва роҳбари онро ба ҷоҳталабии беш аз ҳад муттаҳам мекунанд ва мегӯянд имкони даст ёфтан ба тавофуқ вуҷуд дошт.

Аммо раҳбари Либерал-демократҳои озод мегӯяд, мо ихтилофи зиёд доштем ва барои тавофуқ мо бояд аз усули аслии худ мегузаштем, ки ин дуруст нест.

Ангела Меркел дар суханронии худ гуфтааст, ки барои ташкили давлати ҷадид аз роҳи музокирот бо аҳзоб чандон хушбин нест ва бояд дар фикри роҳи дигаре шуд.

Агар музокирот натиҷа надиҳанд он гоҳ кор ба раисҷумҳури ин кишвар вогузор мешавад, то роҳи дигареро барои ташкили давлат пешниҳод кунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>