Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Фурӯши қоғазҳои қарзӣ ҷиҳати ҷазби 500 миллион доллар барои «Роғун»

$
0
0

Бонки рушди Авруосиё дар гузорише аз ҷазби 500 миллион доллар аз маҳалли фурӯши авроқи қарзӣ дар бозори байналмилалӣ барои такмили марҳалаи аввали нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар Тоҷикистон хабар дод.

Бонки рушди Авруосиё дар гузориши моҳи ноябри худ аз даромади 500 миллион долларии Тоҷикистон аз тариқи фурӯши авроқи қарзӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ барои такмили марҳалаи аввали нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» дар соли 2018-и мелодӣ хабар дод.

Дар ин гузориш омадааст: Барномаҳои давлатии Тоҷикистон перомуни такмили эҳдоси нерӯгоҳи  Роғун илова бар беҳбудии равобит бо Ӯзбекистон, бо фурӯши авроқи қарзӣ бо пӯёии ҷадиде рӯ ба рӯ шуда, ки ба паймонкори итолиявӣ на танҳо фурсати анҷоми корҳо тибқи замони пешбинишуда, балки такмили эҳдоси марҳалаи аввали ин нерӯгоҳ тайи соли 2018-и мелодиро додааст.

Бар ҳамин асос, тибқи эътимоде, ки мақомоти кишвар медиҳанд, бахши сармоягузории Тоҷикистон ба таври муҷаддад табдил ба омили аслии рушди иқтисодӣ мешавад.

Албатта бо ин ҳол, шохисҳои заифи бахши бонкӣ метавонанд бар рушди иқтисодии миёнмуддат ба Душанбе таъсири манфӣ дошта бошанд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки ширкати итолиявӣ қасд дорад 2 дастгоҳи турбинаи нерӯгоҳи Роғун, аз ҷумла турбинаи аввалро дар моҳи август ва дувумро дар моҳи октябри соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 августи соли ҷорӣ то 8 сентябр дар шаҳрҳои Лондон, Сюрих ва Ню-Йорк, дар маҷмӯъ 500 миллион доллар авроқи қарзии давлати Тоҷикистонро ба фурӯш гузошт ва қасд дорад барои такмили сармоягузории ин нерӯгоҳ, ҳудуди як миллиард доллар авроқи қарзӣ мунташир кунад.

Дар маҷмӯъ барои такмили тарҳи нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ҳудуди 4- миллиард доллар ниёз аст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>