Нахустин Ҷашнвораи ҳунарии форсизабонони Аврупо бахше аз даромади ҳосилшудаи ин ҷашнвораро ба зарардидагони зилзилаи Кирмоншоҳ ихтисос медиҳад.
Ба иттилои “Student news”, Ҷашнвораи ҳунарии форсизабонони Аврупо эълон доштааст, ки 5 дарсади даромади ҷашнвораро ба зарардидагон дар зилзилаи Кирмоншоҳи Эрон ба унвони кӯмак мефиристад.
Ҷашнвораи ҳунарии форсизабонон дунё моҳи январи соли 2018 бо иштироки ҳунармандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии исломии Афғонстон баргузор хоҳад шуд.
Тибқи рӯзномаи ин ҷашнвора, дар бахши мусиқӣ чанд консерти ҳунарӣ низ гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар ин ҷашнвора аз санъатҳои ҳунарии кишварҳои форсизабонон намоиш дода мешавад.
Ин ҷашнвора дар Аврупо дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис баргузор мегардад ва дар ин ҳамоиши байналмилалӣ Тоҷикистонро фалаксарои машҳури кишвар Давладманд Холов дар раъси як ҳайъат муаррифӣ мекунад.