23-юми ноябри соли ҷорӣ шаҳрдори Душанбе бо судури як қарор ба муносибати Рӯзи парчами миллӣ дар пойтахт “Веломарофон” ва “Дави миллӣ” эълон кард.
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт бо судури як қарор таҳти рақами 716 эълом кард, ки санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ, ки ба Рӯзи парчами миллӣ рост меояд, дар шаҳри Душанбе “Веломарофон” ва “Дави миллӣ” баргузор карда шавад.
Дар ин қарор дар бораи замони баргузории ин мусобиқот омадааст, ки “аз соати 1100 то 1400” гузаронида шаванд.”
Шаҳрдори Душанбе ба хотири пуршукӯҳ гузаронидани ин чорабиниҳои варзишӣ аз тамоми роҳбарони мақомоти марбутаи давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хостааст, ки фаъолона ширкат кунанд.
Ҳамасола дар сар то сари ҷумҳурӣ 24-уми ноябр Рӯзи парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад.