Хабари муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон таъйин шудани Насридинов Исматулло Ҳикматуллоевич аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон бароям аввал як хабари оддӣ намуд. Аммо дар интернет чашмам ба акси Ҳикматулло Насриддинов, падари Исматулло афтоду хотироти гузашта ба ёдам омад.
Исматулло Насриддинов
Исматулло Насриддинов писари Ҳикматулло Насриддинов, собиқ депутати Шӯрои Олӣ, собиқ вазири хоҷагии об ва шахсияте, ки дар замони Шуравӣ дар як қатор мансабҳои баланд кор кардааст, мебошад. Аз ҷумла замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси колхоз ё мудири ферма буд, ӯ дар зери дасти Ҳикматулло Насриддинов кор мекард.
Нақл мекунанд, боре Ҳикматулло Насриддинов барои кадом як ноуҳдабароияш Эмомалӣ Раҳмонро сарзаниш ҳам карда будааст. Чун Эмомалӣ Раҳмон табиатан кинагир аст, ин хотираро дар зеҳнаш ҳифз карда, барои қасос гирифтан, пайт меҷустааст. Вақте ба мансаби президентӣ расид, Ҳикматулло Насридиновро даъват карда, қасосашро гирифтааст.
Ин ҳодисаро дӯстони Ҳикматулло Насридинов аз забони ӯ чунин нақл мекунанд, боре Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба ҳузураш пазируфтаву аз он сарзаниш ҳам ёдоварӣ кардааст. Пас аз ин Ҳикматулло Насриддинов барои ҷуброни он “иштибоҳи” даврони шӯравиаш дар хидмати режими Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баст.
Насридинови падар дар ин чанд соли охир чун шахсе тамаллуқкор ва чоплус чандин маротиба дар расонаҳо ном баровард. Пешниҳодҳое, ки ӯ барои шустани он кинаи дерина аз дили Эмомалӣ Раҳмон кардааст, кам нестанд. Барои мисол метавон чанд пешниҳоди тамаллуқкорона ва чоплусонаи ӯро инҷо зикр кард:
- Муҷассамаи Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гузошта шавад.
- Неругоҳи барқӣ – обии Роғун ба номи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад.
Аммо…
Насриддинов бо ин пешниҳодҳои тамаллуқкорона на танҳо “хатои” худро ислоҳ кард, балки барои писараш ҳам роҳро барои расидан ба мансабҳои баландтар ҳамвор кард.
Дар натиҷаи “заҳматҳои содиқонаи” Ҳикматулло Насриддинов писари ӯ Исматулло Насриддинов аввал сафири Тоҷикистон дар Австрия ва ҳоло муовини вазири хориҷаи кишвар таъйин гардидааст.
Сомони Раҳмон, сокини шаҳри Кӯлоб