Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Тавофуқи Бангладеш ва Миёнмор бар сари бозгашти гурезагони мусалмон

$
0
0

Ба гузориши расонаҳои Бангладеш, Муҳаммад Алӣ, вазири умури хориҷаи ин кишвар субҳ имрӯз бо Онг Сон Су Чи, вазири умури хориҷа ва раиси давлати Миёнмор дидор ва гуфтугӯ кард.

Ин дидор дар Миёнмор сурат гирифта ва 45 дақиқа ба тӯл анҷомидааст. Муҳаммад Алӣ пас аз ин дидор гуфт: барои бозгашти оворагони Миёнмор ба кишваршон тавофуқ кардем.

Дар ин гузориш ба ҷузъиёти бештаре дар бораи замони бозгашти мусулмонони Ароконӣ ба сарзаминашон ишора нашудааст.

Артиши Миёнмор дар таърихи 25 августи гузашта ба баҳонаи «мубориза бо шибҳи низомиёни мусаллаҳ» ҳамалоти худ ба минтақаи Ароконро оғоз кард. Дар ин ҳамалот ҳазорон ғайринизомӣ ҷон бохтаанд, аммо ба иллати мамониъати Миёнмор аз ҳар гуна тараддуд дар марзи Бангладеш, омор дақиқе аз теъдоди қурбониён дар даст нест.

Илова бар ин, беш аз 300 русто тавассути артиш ва буддоиён ифротӣ ба оташ кашида шудааст. Аз соли 1970 то кунун 84 дарсади ҷамъияти 2 миллионии мусулмонони Арокон дар пайи хушунатҳои артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ ба кишварҳои атроф гурехтаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles