Ҳиҷрати саросарӣ ё тарки кишвар бо сабабҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ падидаест, ки инак 25 сол аст домангири Тоҷикистон аст. Тоҷикистонро на танҳо мағзҳо, соҳибкорон, ҷавонони тавони коридошта, балки занони танҳову нафақахӯрон ҳам тарк мекунанд.
Сабаби аслии ҳиҷрати саросарӣ, ба назари коршиносон пеш аз ҳама аз даст додани бовариву умед ба ояндаи кишвар аст. Фасоди амиқ решадавондаи идорӣ, инҳисори (монополия) бизнес, кадрношиносӣ, фурӯши мансабҳо, системаи пӯсидаи маориф, адами амният, фасод дар тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра аз асоситарин авомили ин нобовариву ноумедӣ дониста мешавад.
Ба назар мерасад на танҳо мардум, ҳатто мансабдорони сатҳи олӣ ва онҳое, ки умури кишвар дар дасташон аст, ҳеҷ умеде ба ояндаи кишвар надоранд. Берун бурдани дороиҳояшонро аз Тоҷикистон, ки ҳатто аз тарафи хонаводаи раисҷумҳур метавон аслитарин далели ин нобоварӣ шумурд.
Дар ҳамин ҳол элитаи сиёсии кишвар на танҳо дороиҳояшро аз кишвар берун мекашад, балки шаҳрвандии кишварҳои хориҷиро дарёфт кардааст. Ҳатто онҳое, ки ба тамоми аснод ва асрори амниятии кишвар дастрасӣ доранд. Дар дилхоҳ кишвари ҷаҳон ин амал хиёнат ба давлату миллат талаққӣ мешуд, вале дар Тоҷикистон як кори оддӣ аст. Намунаи боризи ин хиёнат собиқ Прокурори генералӣ, Муовини Вазири корҳои дохилӣ, Котиби Шурои амният, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони ҶТ. Амирқул Азимов аст. Нафаре, ки ба тамоми асрори давлатӣ дастрасӣ дорад, шаҳрвандии кишвари дигарро (тахмин зада мешавад Русия аст) ба даст овардааст.
Ҳоло навиштаи як корбари фейсбукро бо номи Комрони Суфиро бидуни таҳрир пешкаши хонандагон мекунем:
Чаро собиқ Котиби Шӯрои амният Амирқул Азимов шаҳрванди хориҷӣ шуд?
Чанд руз пеш як шиноси деринаам зимни суҳбат дар «оши наҳор»-и дӯсти дигарамон вақте, ки сухан дар бораи шаҳрвандии хориҷиро соҳиб шудани ҳамватанони мо мерафт, гуфт, ки чандин сиёсатмадорони собиқ, давлатмардони ба истеъфорафта низ шаҳрвандии хориҷиро гирифтаанд, аз ҷумла Амирқул Азимов. Нахуст боварам наомад, вале дигар дустон тасдиқ карданд. Ба хона омада ба фикр рафтам ва ба хулосае омадам, ки одамшинос нестам, ҳарчанд синнам аз шаст гузаштааст…
А. Азимовро солҳои тулонӣ мешиносам, чандин бор бо ӯ ҳамсуҳбат шудаам, барояш эҳтироми хос қоил будам, зеро:
— шахсе, ки тамоми зинаҳои кори роҳбариро гузаштааст ва аз боварии Роҳбарияти Олии кишвар бархурдор аст;
марди хушчақчақу ситорагарм, дорои оилаи хуб, сарватманд, аз ҳар гушаву канори кишвар хешу ақрабо дорад, сахт маҳалчӣ нест;
— аз ҷиҳати иқтисодӣ мушкилот надорад, ҳавлии хуб, чанд квартира, мошин ва ғайра дорад. А. Азимов, ки доно аст, вақте дигар забардастон заводу корхона, тарабхона ва ғайраро «приватизатсия» мекарданд, кинотеатрҳои тобистонаро, ки назари силоҳдорон намегирифт, харидааст ва ҳоло як-як ба пулдорон барои сохтмони манзилҳои баландошёна бо нархи гарон мефурушад.
Агар ин тавсифу таърифҳоро давом диҳам, хеле ба дарозо хоҳад кашид. Мансабу вазифаҳое, ки акаи бузургворамон доштанд, бисёр кам ба касе муяссар мегарданд. Худатон қазоват кунед: мансабҳои гуногун дар низоми Прокуратура, то олитаринаш, яъне Прокурори генералӣ, Муовини Вазири корҳои дохилӣ, Котиби Шурои амният, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони ҶТ… Оё аз ин баландтару масъултар ва муҳимтар мансабу вазифа ҳаст?! Аз ҳама муҳим, А.Азимов аз эътимоду боварӣ ва дастгирии доимии Пешвои миллат, муҳтарам Президенти Тоҷикистон бархурдор буд. Барои мисол, вақте, ки соли 1998 (тахминан) писари эркаи А.Азимов — Бобур ду духтари нозанини директори собиқи Универмаги Марказиро ба қатл расонд (таҳҷизоти таркандаро дар дохили туҳфа (бозича) ҷой карда ба онҳо тақдим кард) тамоми далелҳо барои дастгиру ба маҳкама кашидани ӯ мавҷуд буд, вале мақоми падараш ба ин монеъ шуд. Дафъаи дигар ин «қаҳрамон»-и одамкуш бо автомашинааш каси дигарро пахш карда, ба ҳалокат расонид, вале боз ҳам бо ҷазои сабуке раҳо шуд.
Ҳамаи инро ба фикри мо, албатта Президенти муҳтарам медонист, вале ба хотири хизматҳои А.Азимов бисёр дурандешона ва падарона бахшиданд, ё ин, ки ба қавле «чашм пушиданд». Гузашта аз ин, А.Азимов бо иззату эҳтиром ба нафақа гусел карда шуд, ба ӯ нафақа пулии хуб ҳам таъин гардид.
Модоме, ки чунин шахси маъруф кушиши ба даст овардани шаҳрвандии хориҷиро мекунад, пас Роҳбари давлат ба кӣ эътимоду боварӣ кунад, такя намояд, Тоҷикистон созад?!
Худро маҷбур месозам, ки ин суолҳои беҷавобро дар зеҳнам фурӯ нишонам, зеро агар давом диҳам, дилам мекафад. Бори дигар сидқан ба Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарам таҳсину офарин мехонам, ки чунин дили бузург, ҳиммати баланд, таҳаммул доранд.
Ба ҳар сурат ман хушбин (оптимист) мемонам, чунки сафи некон аз бадон ҳамеша зиёд аст.