Имрӯз, 24-уми ноябр, дар саросари Тоҷикистон “Рӯзи Парчами давлатӣ” қайд карда мешавад.
Тарҳи Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолият аст ва он маҳсули андешаи Ҳукумати муросои миллии Тоҷикистон буд, ки 10-уми майи соли 1992 дар оғози истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯи кор омад, вале баъд аз шаш моҳ ба истеъфо рафт.
16-уми ноябр Иҷлосияи Шӯрои олии Тоҷикистон дар кохи Арбоби шаҳри Хуҷанд ба кори худ оғоз кард ва санаи 24-уми ноябри соли 1992 тарҳи Парчами давлатиро қабул кард.
Аз 12-уми майи 2007 ба ин сӯ вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.
Дар Низомнома дар парчами давлатии Тоҷикистон аз ҷумла омадааст:
“Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.
Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.»