Дар поёни нишасти сарони кишварҳои Русия, Эрон ва Туркия оид ба ҳалли бӯҳрони Сурия, раҳбарони се кишвар ба тавофуқ расиданд, ки ба зудӣ “Кунграи гуфтугӯи миллӣ”, иборат аз намояндагони ҳукумати Сурия ва мухолифони он ташкил шавад.
Ба гузориши хабаргузории “РИА Новости” дар ин нишаст, ки рӯи 22 – юми ноябр оғоз шуда буд, се кишвар ҳамчунин ба он тавофуқ карданд, ки дар раванди гуфтугӯи миллии Сурия ҳама тарафҳои низоъ, таҳти назорати созмонҳои байналмилалӣ, минҷумла Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардад.
Иқдом ба ташкили “Кунграи миллӣ” аз сӯи се кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки талошҳо барои ҳалли бӯҳрони Сурия баъд аз шикасти ДИИШ, ба марҳилаи нави худ расидааст.
Ҳамзамон бо нишасти Сочӣ, намояндагони гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад, баъд аз нишасти ду рӯза дар шаҳри Риёз пойтахти Арабистони Саудӣ, имрӯз 24 –уми ноябр, эълон карданд, ки барои фиристодани як ҳайати мухолифин ба музокироти Женева ба тавофуқ расидаанд. Дар ин нишаст Вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ Одил Алҷубайр ва намояндаи вижаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура, низ ширкат доштанд.
Ба гузориши ВВС, дар нишасти Риёз 140 нафар аз аъзои раҳбарии мухолифони ҳукумати Сурия ширкат доштанд ва тибқи тавофуқи ба даст омада, ҳайти 50 нафарӣ ба намояндагӣ аз мухолифини ҳукумати Б.Асад дар нишасти Женева ширкат хоҳанд кард.
Яке аз шартҳои асосии мухолифини ҳукумати Сурия, аз мансаби раёсати ҷумҳурӣ канор рафтани Башор Асад аст. Дар ҳоле, ки тарафи муқобил гуфтааст ҳеч роҳи ҳаллеро, ки шомили барканории Б.Асад бошад, нахоҳанд пазируфт.
Музокироти тарафҳои низоъи Сурия, ҳафтаи оянда таҳти сарпарстии СММ дар Женева баргузор хоҳад шуд.