Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Президенти нави Қирғизистон қасам ёд кард

$
0
0

  Сооронбой Ҷеенбеков имрӯз ба унвони 5-умин раиси ҷумҳури Қирғизистон, қасам ёд кард. Вай дар интихоботе, ки миёнаи моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор шуда буд, бо 55% раъйи интихобкунандагон пирӯз шуд.

 Ба гузориши хубаргузории РИА Новости, маросими расмии савгандёдкунӣ дар иқоматгоҳи давлатии Ала Арча дар канори шаҳри Бишкек пойтахти Қирғизистон, доир гашта, дар он беш аз 450 меҳмони дохилию хориҷӣ ширкат кардаанд.

 Сооронбой Ҷеенбеков,дар аввалин рӯзи оғози фаъолияти расмии худ ба унвони президенти Қирғизистон гуфтааст, ки аз ваҳдат ва иттиҳоди кишвар дифоъ хоҳад кард. Вай аз ҷумла илова намудааст, ки “дар Қирғизистон намояндагони қавмҳои мухталиф дар канори ҳам зиндагӣ мекунанд. Ман мухолифи ҳаргуна зуҳуроти миллигароӣ, минтақагароӣ, ва маҳалгароёна ҳастам”.

 Аз замони истиқлоли Қирғизистон дар соли 1991, С.Ҷеенбеков аввалин раиси ҷумҳуре аст, ки дар интихоботи озод ва бо раъйи мардум ба таври мусолиматомез ба қудрат нишаст.

 Вай 59 сол дошта, қаблан дар мақомҳои Намояндаи ваколатдори Ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Ош ва Нахуствазири Қирғизистон кор кардааст. Аз С.Ҷеенбеков ба унвони муттаҳиди раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар Алмосбек Атамбоев ёд мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>