Дар се моҳи охир дар манотиқи гуногуни кишвар даҳҳо мавриди куштор ба қайд гирифта шудааст, ки тавре аз ахбори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, бармеояд аксари ин қатлҳо дар асари “рашк”, “хусумат” ва ҷангу ҷидоли хонаводагӣ ба вуҷуд омадааст. Барои мисол ба руйхати зерин тавҷҷӯҳ намоед:
Дар моҳи сентябр:
- “Марди 24-солаи сокини шаҳри Хуҷанд Шаби 6-уми сентябри соли 2017, ҳангоми дар кӯчаи Навободи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров қарор доштанаш, аз ҳиссиёти рашк бо маъшуқааш, зани 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 12-маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”;
- “Марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, 12-уми сентябри соли равон,дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиашон омада, ҷияни ноболиғаш, писарбачаи 11-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкурро, ки ба хонаи бобояш, пирамарди 78-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба меҳмонӣ омада буд, зери лату кӯб қарор додааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”;
- “Марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур рӯзи 13-уми сентябри соли ҷорӣ, ба ҳавлии истиқоматии падараш, марди 65-сола омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 5-маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”;
- Марди 25-солаи сокини ноҳияи Аштро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир намуданд. Номбурда рӯзи 12-уми сентябри соли 2017, дар ҳолати мастӣ ба ҳавлии истиқоматиашон омада, бо падараш, марди 47-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо истифода аз бели хоҷагидорӣ якчанд маротиба ба сар ва узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа падараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
- Марди 45-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҳамчун гумонбар дар содир намудни ҷинояти куштор дастгир карда шуд. Номбурда, шаби 18 ба 19-уми сентябри соли 2017, ҳангоми хоб будани ҳамсараш, зани 43-сола, аз ҳиссиёти рашк бо истифода аз арғамчин гулуи ӯро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.
- “Рӯзи 22-юми сентябри соли 2017, марди 37-солаи сокини ноҳияи Айнӣ, раиси ошхонаи “Шаббодаи Анзоб”, дастгир карда шуд. Номбурда, зани 48-солаи сокини шаҳри Душанберо лату кӯб карда, дар таҳхонаи ошхонаи мазкур зиёда аз 7-шабонарӯз дар сардии зимистон нигоҳ доштааст. Дар натиҷа зани ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар таҳхона ба ҳалокат расидааст.”;
- “Марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Т.Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода, 26-уми сентябри соли 2017, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии собиқ ҳамсараш, зани 50-солаи сокини ҳамин шаҳр омада, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”;
- “2 нафар марди 31-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуданд. Номбурдагон, 21-уми декабри соли 2007, бо мақсади дуздӣ вориди манзили истиқоматии марди 56-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳри Конибодом шуда, аз сабаби бохабар шудани духтари соҳибхона ноболиғ, (соли таваллудаш 1993), он вақт хонандаи синфи 8-уми мактаби миёна, ӯро бо чӯбдаст лату кӯб намуда, сипас, бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидаанд.”;
Дар моҳи октябр:
- “2-юми октябр, Маҷид Бердиев, сокини шаҳри Истаравшан ҳамсари собиқашро дар назди даҳҳо нафар ба қатл расондааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи куштор дар шаҳри Истаравшан дар заминаи рашк ва бадбинӣ рух додааст.”;
- «Марди 48-сола, ҷавони 20-сола, марди 24-сола ва писарбачаи 17-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, 11-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 18:00-дақиқа, ба хонаи истиқоматии марди 53-солаи сокини ноҳияи мазкур омада, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудаанд. Баъдан, ҷавони 20-сола бо корди дар дасташ буда, 6-маротиба ба аъзои бадани ҷабрдида задааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, ба ҳалокат расидааст.”
- “Зани 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, шаби 15 ба 16-уми ноябри соли 2017, бо марди 58-солаи сокини шаҳри Бӯстон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, охиронро бо таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ ду маротиба ба сараш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”;
- “Марди 44-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе, шаби 20 ба 21-уми ноябри соли 2017, дар кӯчаи Фирдавсӣ бо шиносаш, марди 77-солаи сокини пойтахт вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди дар дасташ буда, 4-маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа марди 77-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”;
- “Марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 20-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 20:00-дақиқа, собиқ ҳамсараш, зани 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ба заминҳои корами деҳаи Яккатути ҳамин ноҳия бурда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”;
- “Марди 47-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, 26-уми октябри соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавии ба миён омада, ба сару рӯи ҳамсараш, зани 44-солаи сокини шаҳри мазкур, моеъи сӯзишвории навъи бензинро пошида, оташ задааст. Дар натиҷа ҳамсараш бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, рӯзи 31-уми октябри соли 2017 ба ҳалокат расидааст.”;
Дар моҳи ноябр:
- “Марди 29-солаи сокини ноҳияи Восеъ, 14-уми ноябри соли равон, дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Нов” (бетоншӯрӣ), дар зарфи пластмасии ғунҷоишаш 1-литра 190-дона доруи димедролро бо об омехта карда, бо тариқи маҷбурӣ дасту пойи зани 20-солаи сокини пойтахтро бо банд баста, оби ин зарфро ба ӯ нӯшонидааст. Дар натиҷа зани ҷабрдида дар дохили автомашинаи мазкур ба ҳалокат расидааст.”;
Ин руйхатро метавон идома дод. Барои итилоъи бештар метавонед ба ин саҳифаи сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (https://vkd.tj/index.php/tj) муроҷиат намоед. Шояд масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ин ки гӯё ин ҷиноятҳоро ошкор кардаанд, ба худ боланду садҳо саҳифаро бо ин ҷумлаи такрорӣ “ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ”, пур кунанд. Вале чуноне ки мегӯянд, ҳамеша “милиса” дер мерасад. Баъди оне, ки ҷиноят содир шуд.
Аммо оё дар мақомоти ниҳодҳои давлатӣ касе ҳаст, ки ба ин савол, ки омили ин ҳама куштори даҳшатноки танҳо дар се моҳи ахири соли ҷорӣ чист, посух гӯяд? Оё барои пешгирии ин ҷиноятҳо дар моқомот касе ҳаст, ки мағзи худро об кунад?
Бо назардошти руйхати боло, чанд нуктаро бояд инҷо зикр кард:
Аввал, ин ки аксари қотилон синнашон аз 40 сола поин аст ва ба ҷавон маҳсуб мешаванд;
Дуввум, ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилӣ аксари ин кушторҳо дар асари “рашк”, “хусумати шахсӣ” ва маъмулан аз сӯи касоне содир шудааст, ки бо ҳам хешутаборанд;
Сеюм, ба тарзи ваҳшиёна, аз ҷумла сӯзондан, белу каланду корд ва ё дар ҳолати мастӣ, содир шудаанд;
Бо таваҷҷӯҳ ба се нуктаи зикршуда ба ин хулоса метавон расид, ки ҷинояткорӣ дар ҷомеаи кишвар ба хусус миёни насли ҷавон афзоиш ёфтааст. Баъдан, меҳру муҳаббат ва ҳамбастагии хешутаборӣ дар ҷомеа коҳиш ёфта ба ҷои он кинаву кудурат ва рашку бадбинӣ дар ҳоли бештар шудан аст. Ва солисан, тарзи куштор нишон медиҳад, ки омилони куштор ба бемориҳои равонӣ гирифторанд.
Агар дар кишваре сатҳи куштор афзоиш ёбад, вазифаи масъулини зирабт аст, ки занги хатар зананд ва барои пешгирӣ аз афзоиши он, иқдомоти лозимро анҷом диҳанд. Аммо тавре аз амалкардҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва дар маҷмӯъ дигар ниҳодҳои масъули ҳукумати Тоҷикистон бармеояд, ба ҷои он ки омилҳо ва сабабҳои ин ҳама ҷиноятро пайдо ва пеши роҳи онро гиранд, баръакс бо амалҳои нодуруст ва носанҷида сабаби густариши фақру нодорӣ ва поин рафтани сатҳи ахлоқу тарбияи насли ояндаи кишвар шудаанд, ки ин худ зиёд шудани ҷиноятҳои мухталиф аз ҷумла “куштор бо дасти фарзанд” ва ё “куштор бо дасти ҳамсар” ва даҳҳо ҷинояти гӯшношуниди дигареро дар пай дорад.
Шояд масъулини зирбат бо ин баҳона, ки гӯё ин ҷиноятҳо хусусиятҳои “бадбинии шахсӣ”, “равонӣ” ва “хонаводагӣ” доранд, аз бардоштани бори масъулият худдорӣ кунанд. Аммо бояд гуфт, саросарӣ шудани фасоди идорӣ, бетафовутӣ, хунукназарӣ дар баррасии воқеъии парвандаҳои ҷиноятӣ, бо пул раҳо шудан аз бори ҷиноят, машғул шудани ниҳодҳо ба фаъолиятҳои ғайрикасбӣ ва даҳҳо намуди дигари фасод, ки домони ниҳодҳои давлатиро фаро гирифта ва мисли мӯриёна аз дарун онҳоро мехӯрад, рӯзе ҷомеаи бе ин ҳам бемори кишварро ба мушкилоти бепоён гирифтор хоҳад кард, ки он вақт тухми заҳри коштаи масуълин балои ҷони худашон хоҳад гашт.