Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Эълони 1.5 миллион доллар ҷоиза барои буридани сари бозигари синамои Ҳинд

$
0
0

Сураҷ Пил Ому, яке аз раҳбарони ҳизби «Бҳаротя Ҷоното»-и Ҳинд, рӯзи чаҳоршанбе 22 ноябри 2017 фармони қатли Дипика Падукун, бозигар ва Санҷи Лайло Баҳонсоли, коргардони филми “Падмовоти” (Padmavati)-ро ба иттиҳоми ироаи тасвири иштибоҳ аз Падмини, маликаи афсонавии Ҳинд, содир кард.

Филми «Падмовоти» достони зиндагии маликаи машҳури Ҳинд дар қарни чаҳордаҳумро ривоят мекунад.

Ба гузориши рӯзномаи «Вошингтон пост», сиёсатмадори ҳиндӣ барои буридани сари бозигари ин филм Дипика Падукун ва Санҷи Лайло Баҳонсоли 1.5 миллион доллар ҷоиза таъйин кардааст.

Ба думболи ин эътирозот, ин филм, ки қарор буд таърихи 1 декабри 2017, дар синамоҳо ба намоиш гузошта шавад, ба таъвиқ афтод ва то кунун таърихи намоиши он маълум нест.

Баъзе аз аъзои сенои Ҳинд ҳам муддаӣ шуданд, ки филми «Падмовоти» бо ба тасвир кашидани робитаи ошиқона миёни маликаи ҳиндӣ бо муҳоҷими мусулмон — подшоҳ Алоуддин Халиҷӣ, таърихро таҳриф кардааст.

Дар ҳамин ҳол Баҳонсоли, коргардони ин филм таъкид кард, ки дар «Падмовоти» намои ошиқонае миён малика ва Алоуддин Халиҷӣ (бо нақшофаринии Ранвир Сингх) нест ва мавзӯъи аслии филм шуҷоъати роҷпутҳо ва нақши онҳо дар муқовамат муқобили артиши мусулмонҳо аст.

Дипика Падукун, яке аз бозигарон маъруфи синамои Ҳинд аст.

Санҷи Лайло Баҳонсолӣ коргардон, таҳиякунанда, оҳангсоз ва филмноманависи маъруфи Ҳинд аст, ки ҳамвора филмҳои пурҳазина ва гирифташуда аз достонҳои воқеъии таърихӣ месозад.

Таҳдид ба қатли як бозигар ва коргардони пуртарафдор бо вокунишҳои мутафовите дар Ҳинд рӯбарӯ шудааст.

Шумори зиёде аз сиёсатмадорон ва бозигарони ин кишвар ба изҳороти «хушунатбор»-и ин узви ҳизби “Бҳоротё Ҷоното” вокуниши тунд нишон дода, ҳимояти худро аз ин филм эълом карданд.

Бархе аз сиёсатмадорони ин кишвар ҳукми ҳифозат аз ин бозигар ва коргардон ҳамроҳ бо хонаводаҳояшонро доданд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз мақомҳои дигари ҳизби “Бҳоротё Ҷоното” ҳарфҳои Сураҷ Пил Омуро маҳкум кард ва гуфт, ки муҷозоте барои ӯ дар назар хоҳанд гирифт.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>