Як шаҳрванди Тоҷикистон баъди рад кардани ҷосусӣ ба нафъи Хадамоти бехатарии федеролии Русия (ФСБ), аз тарафи кормандони ришдори ин ниҳод латукӯб ва истирдод шудааст.
Дар ин бора ҳуқуқшинос ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ Иззат Амон бар як муроҷиъатномааш ба раисҷумҳурҳои ҳарду кишвар хабар додааст. Дар муроҷиатнома, ки ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия, Александр Бортников, раҳбари ФСБ нигаронида шудааст, Иззат Амон аз дуздида шудани як шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи ниҳоди Бортников ва пешниҳоди ҳамкориву латукӯби ӯ баъди радаш хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, 20 ноябри соли ҷорӣ 4 шахси ношинос бо либосҳои мулкӣ вориди хонае дар ноҳияи Останкинои Маскав, ки дар он муҳоҷирони тоҷик зиндагӣ мекарданд шуда, шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ш Хуҷанд Эрматов Ҷалолиддин Олимович, соли таваллудаш 1990-ро бо худ бурдаанд.
Тибқи гуфтаи Эрматов, ин нафарон ришҳои дароз дошта, худро кормандони ФСБ муаррифӣ намудаанд ва ҳуҷҷат ҳам нишон додаанд. Аз гуфтугӯи байниҳамдигарии онҳо маълум шудааст, ки ингуш ҳастанд. Ин кормандони ФСБ Эрматовро ба шӯъбаи пулис дар гулгашти Бескудников бурда, талаб кардаанд ҳуҷҷати ҳамкорӣ бо онҳоро имзо кунад. Тибқи он Ҷамолиддин бояд риши дароз монда ба масҷидҳо мерафтаасту барои ҷамоъати масоҷид фитнасозӣ мекардааст. Вале ҷавони тоҷик чунин ҳамкориро рад кардааст ва кормандони ФСБ ӯро шадидан латукӯб кардаанд.
Рӯзи 21 ноябр Эрматовро ба додгоҳи ноҳиявии Останкино мебаранд ва додгоҳ ҳукми истирдоди ӯро содир мекунад. Баъди мурофиаи додгоҳӣ ӯ барои гирифтани телефонаш ба идораи пулис рафтааст, вале телефонашро барнагардонидаанд. Ҳангоми баромадан аз идораи пулис ҳамон кормандони ришдори ФСБ ӯро бори дигар боздошт карда ин дафъа ба идораи пулиси Останкино мебаранд ва онҷо боз латукӯб мекунанд. Баъди он ки мутмаин шудаанд Эрматов моил ба ҳамкорӣ нест, ӯро бори дигар ба додгоҳ мебаранд. Аз онҷо ӯ ба Иззат Амон занг мезанад.
Иззат Амон навиштааст, ки онҳо Ҷамолиддин Эрматовро на дар додгоҳ, на дар идораи пулис пайдо накардаанд. Дар идораи пулис гуфтаанд, ки ӯро воқеъан кормандони ФСБ бозпурсӣ кардаанд, вале аз зикри номи онҳо худдорӣ кардаанд.
Баробари дастрас шудани маълумоти бештар мо ҳатман хонандагонро огоҳ хоҳем кард.