Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Озодӣ ба ивази 100 миллиард доллар

$
0
0

Муҳаммад ибн Салмон, валиаҳди Саъудӣ эълон кард, шоҳзодаҳо ва масъулини баландпояи ин кишвар, ки авоили моҳ бо иттиҳоми фасод боздошт шуда буданд, ҳозир ба пардохти ҷарима ба хазинаи давлат шудаанд. Ҳаҷми ин ҷарима ба тахмини расонаҳо метавонад то 100 миллиард доллар бошад.

Валиаҳди подшоҳи Арабистони Саъудӣ, вазири дифоъи ин кишвар ва раҳбари Кумитаи навтаъсиси мубориза бо фасод дар як чеҳра — Муҳаммад ибн Салмон дар гуфтугӯи ихтисосиаш бо New York Times хабар додааст, ба ҳамаи боздоштшудаҳо асноди собиткунандаи фасоди эшон ироа шудааст ва 95 дарсади онҳо ҳозир ба дар ихтиёри давлат гузоштани қисме аз дороиҳояшон ба ҳайси ҷарима шудаанд. 4 дарсади онҳо хостори баррасии додгоҳӣ шуда, танҳо 1 дарсад иттиҳом ба фасодро комилан рад кардаанд.

Валиаҳди Саъудӣ дар аввалин рӯзи таъсиси Кумитаи мубориза бо фасод амр ба боздошти наздик ба 40 нафар шоҳзодаҳо ва мақомоти баландпояи собиқ ва амалкунандаи ин кишвар карда буд. Дертар шумори муттаҳамони боздоштшуда ба беш аз 200 нафар расид. Ҳамаи онҳо дар пулшӯӣ айбдор мешаванд.

Мақомоти Саъудӣ ният доранд бо сарфи 500 миллиард доллар шаҳраки илмӣ — технолоҷӣ бунёд намуда, дар пешрафти илм дар кишвар маблағгузорӣ кунанд.

Қаблан Муҳаммад ибн Салмон аз тасмими кишвараш ба маблағгузории дутриллиондолларӣ барои раҳоӣ аз пойбандӣ ба маблағҳои нафтӣ хабар дода буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>