Даъвати устод Нурӣ аз мардум
Вазъи ноҷӯри минтақа, ки кӯшишҳои ҳарду ҷониб (ҳарчанд оппозитсиюн баъди Ҳукумати Муросои Миллӣ мегуфт, ки дигар оппозитсиюн нест)-ро ҷиҳати ором кардани авзоъ дар Қӯрғонтеппа бидуни натиҷа намуда буд, фаротар доман мезад. Ҳукумати Муросои Миллӣ ва нерӯҳои мардумӣ дигар натавонистанд дар минтақа оромиро барпо намоянд. Ва 10 октябри соли 1992 Шодмон Юсуф, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Тоҳири Адуҷаббор, раиси Созмони мардумии «Растохез» ва Амирбеки Атобек, раиси «Лаъли Бадахшон» изоҳорот пахш намуда, фаъолияти ситоди «Наҷоти Ватан»-ро, ки тобистони ҳамон сол бо ташаббуси Шодмон Юсуф барои пешгирии низоъ созмон ёфта буд, мунҳал эълон карданд. Мубтанӣ ба изҳороти эшон чунин бардошт мешавад, ки барои бадном кардани ситоди «Наҷоти Ватан» афроде омода карда шудаанд ва онҳо бо муаррифӣ кардани худ ҳамчун узви ситод ба бедодгариҳову ғорати мардум дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии атрофи он иштиғол меварзидаанд. Вале ин иқдом маънои онро надошт, ки бо мунҳал шудани фаъолияти ситоди «Наҷоти Ватан» мухолифин аз ҳамроҳӣ бо Шӯрои Олӣ ва Девони Вузаро дар ростои ҷаҳду талош ба оромии минтақа худро канор мекашанд, зеро «агарчи ситоди ҷабҳаи «Наҷоти Ватан» мунҳал гардида бошад ҳам, нерӯҳои мардумӣ ҳамкории муштаракро дар амри кӯмак ба ҳукумати феълӣ дар роҳи рафъи мушкилоти ҷомеа идома медиҳанд», омадааст дар изҳорот.
Бо вуҷуди ин ҳама ба назар мерасад, чунин иқдом ҳам натавониста, ки пеши роҳи ҷангро дар минтақа бигирад. Ин ҳамаро сабаб он буда, ки тарафи сеюми ҷанги Тоҷикистон, қавитар аз ҳукумати вақт ва нерӯҳои мардумӣ будаанд, ки мақосиди Ҳукумати Муросои Милливу нерӯҳои мардумии Тоҷикистонро нақше бар об кардаанд.
Ба ҳамин минвол моҳи октябри соли 1992 вазъи кишвар дигаргун шуд. Ҷанг ба дигар шаҳристонҳо, хоса ба навоҳии ҷанубии вилояти Қӯрғонтеппа доман зад, агарчи дар он ҷойҳо ҳам баъзе бархӯрдҳо бо кӯмаки Фронти халқӣ сурат гирифта буданд. Шаҳри Душанбе пур аз гурезаҳои Вахшонзамин буд. Албатта, сокинони водии Вахш на танҳо ба Душанбе фирор карда буданд, балки ба самти Панҷу Шаҳритус ҳам фирорӣ шуда буданд. Бо вуҷуд шумораи фирориён дар шаҳри Душанбе ба 200 ҳазор мерасид. Бинобар ин қисме аз онҳо дар таълимгоҳу омӯзишгоҳҳо ва соири биноҳое ки он ҷо имкони ҷойгир кардани фирориён буд, ҷойгузин карда шуданд, шаҳр пур аз гуреза шуда буд. Ин ҳолат вазъи сокинони шаҳрро вазнин кард, онҳоро зарур меомад, ки дар мағозаҳо соатҳои тӯлонӣ мунтазири нон ва дигар анвоъи хӯрданӣ бошанд. Вазъи худи фирориён ҳам хуб набуд, ба ибораи дигар аз мушкиле ки ба сари сокинони шаҳри Душанбе дар ростои камчинии нону дигар анвоъи ғизоӣ омада буд, фирориён мустасно набуданд. Илова бар ин тахриб шудани манозил, рабуда шудани молу амвол, бесуботии минтақа онҳоро ором гузошта наметавонист.
Бинобар ин 12 октябр таҷаммӯъи мардуми водии Вахш дар назди Шӯрои Олӣ барпо шуд. Баромадани Акбаршоҳ Искандаров ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода назди эшон, ҷустани роҳҳои ҳалли даргириҳо дар минтақаи Қӯрғонтеппа ва ё водии Вахш аз зумраи талаботи фирориён буданд. Ҳамзамон дар таҷаммӯъ суолҳое матраҳ буданд нисбати устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ. Мӯътаризин аз устод Нурӣ мепурсиданд, ки чаро онҳоро иҷозат надод, то силоҳ бигиранд. Онҳо мегуфтанд, домулло иҷозат надод, то силоҳ бигиранд, акнун натиҷа ин шуд, ки мардум бехонаву дар монданду амволашон ба яғмо рафт. Дар ҳамон таҷаммӯъ устод Нурӣ имкон пайдо кард, ки зимоми сӯҳбатро ба даст бигирад. Чун ӯ ба сухан баромад, кулли мӯътаризинро ба оромию субот ва таҳаммулу худдорӣ даъват кард.
Дар умум, метавон гуфт, онҳое ки рӯзи 12 октябр назди мӯътаризин баромада буданд, сабаби ҷангу ғорат шудани молу мулки эшонро тафсир надодаанд, балки мардумро тарзе даъват карданд, ки гуфтем. Вале баромади Аслиддин Соҳибназаров ба дигар шакл сурат гирифт. Ба андешаи Сафаралӣ Кенҷаев, Аслиддин Соҳибназаров мӯътаризинро зидди Қурбоналӣ Мирзоалиев ва мардуми Кӯлоб шӯронд, аммо дар ташреҳи ин гуфтаҳои Сафаралӣ Кенҷаев худи Аслиддин Соҳибназаров навиштааст, ки он рӯз чунин суханҳоро нагуфтааст, балки арз карда: «Ҷанги дар вилояти Қӯрғонтеппа идомадоштаро кӯлобиҳою ғармиҳо ташкил накардаанд. Ҷангро гурӯҳҳое мехоҳанд, ки мақсадашон мансабу ба даст овардани маблағ аз фурӯши силоҳ мебошад. Онҳо кӯлобию ғармӣ нестанд… Онҳоро бештар ба ҷинояткорон мансуб донистан хуб аст» (А. Соҳибназаров. «Субҳи ситоракуш», саҳ. 265).
Вопасин талоши Қадриддин Аслонов
Воқеан, вазъи мавҷуд дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва соири шаҳристонҳои атрофи он нигаронкунанда буд, ба ҳадде ки аз контроли ҳукумати вақт берун шуда. Раёсати вилоят, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа мақар дошт, баъди муташанниҷ шудани вазъ дар ин шаҳр ба ноҳияи Колхозобод (феълан Ҷалолиддини Румӣ) кӯчида буд. Дар айёме ки сокинон Вахшонзамин таҷаммӯъ карданд, тасмими ҷиддии ҳукумат бар сари интихоби раиси нави вилояти Қурғонтеппа шуд.
Пас аз сӯҳбат дар ҳузури мӯътаризин ба ҷуз устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ соири сӯҳбакунандагон ба Шӯрои Олӣ барои муҳокимаи номзади пешниҳодшуда Қадриддин Аслонов ворид шуданд. Дар аввал Қадриддин Аслонов ба хулосаи қатъие наомада буд ва фикри вукалои ба худ қаринро шунидан мехост, ки ҷиҳати ба ӯҳда гирифтани вазифа аз ҷониби ӯ чӣ маслиҳаташ медиҳанд. Ахиран, бо боварӣ изҳор дошт, ки аз ӯҳдаи кор мебарояд ва хулоса кард, ки «ман мардуми Кӯлобро хуб медонам. Ёру рафиқони бисёр дорам. Ба дастгирии онҳо комилан бовар дорам». Бо чунин як хулоса Қадриддин Аслонов раисии вилояти Қӯрғонтеппаро пазируфт ва ҳамон рӯз қарори Шӯрои Олӣ дар иртибот ба ин масъала ба тасвиб расид.
Чанде баъд аз раиси вилоят интихоб шудани Қадриддин Аслонов тавре раёсати вилоят ба ноҳияи Колхозобод маҷбуран интиқол ёфта буд, дар натиҷаи ҳамла ва хунрезиҳои шадиди Фронти халқӣ маҷбуран аз Колхозобод ба ноҳияи Қумсангир интиқол ёфт. Рӯзе Қадриддин Аслонов тасмим гирифт, ки аз «марказ»-и навбатии раёсати вилоятӣ ба ноҳияи Панҷ сафар намояд ва вазъро дар таҷаммӯъи фаъолони ноҳия мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ин масъаларо тавассути «хатти сурх»-и алоқа миёни раёсатҳои ноҳиявӣ, ки танҳо миёни Панҷу Қумсангир фаъол боқӣ монда буд, ироъа дошт. Аз ҷониби Панҷ тақозо карданд, ки омадан ба маркази ноҳия имкон надорад ва омадани ӯ лозим нест, вале марҳум Аслонов тасмими хешро дигар накарду саҳари рӯзи дигар озими ноҳияи Панҷ гардид. Аммо дар даромадгоҳи ноҳияи Панҷ, дақиқтараш дар постгоҳи ҷонибдорони нерӯҳои Фронти халқӣ, ки аз ҷониби ӯзбактаборони навоҳии Панҷу Вахш ва Сарбанд таъсис ёфта буд, дастгир карда мешавад. Ва тавре шахси мӯътамаде аз собиқ кумитаи иҷроияи шӯрои депутатҳои халқи вақти ноҳияи Панҷ гуфт, Қадриддин Аслонов тӯли 2 рӯз дар минтақаи таҳти нуфузи нерӯҳои Фронти халқӣ, ки се хоҷагии ӯзбактабори ноҳияро зери контроли хеш нигоҳ медоштанд, ҳамчун «меҳмон» нигоҳ дошта мешавад ва баъди он ки талаби онҳо дар мавриди табдили Кучар ном фарде аз саркардаҳои яке аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ӯзбак, ки аз сӯйи гурӯҳи мусаллаҳи Ҳакими Панҷӣ гаравгон гирифта шуда буд, бо Қадриддин Аслонов иҷро намешавад, ӯро ба Сарбанд интиқол медиҳанд.
Р. АБДУЛЛО: ДАСТОВАРДИ ҲНИТ СУЛҲ ВА СОЗИШ АСТ
ПАЙДОИШ ВА ҲОМИЁНИ ФРОНТИ ХАЛҚӢ
АЗ ҒАЙБ ЗАДАНИ КЕНҶАЕВ ДАР СЕССИЯИ 16-УМ ТО ҚАТЛАШ
БОЗОР СОБИР ГУФТА БУД: «САНГАКРО БА ДОР КАШЕД!»
СУОЛҲОИ КАЛИДӢ АЗ СЕССИЯИ 16-УМ
ПРЕЗИДЕНТ Ё КОМАНДИРИ ФРОНТИ ХАЛҚӢ
ОЗМУН: МУАРРИФИИ ҲНИТ ДАР ТОҶИКИСТОН
ИҶЛОСИЯИ 16-УМ: ТАҚДИРССОЗ Ё ТАБАДДУЛОТ? (ҚИСМАТИ ДУВВУМ)
Зимнан бояд гуфт, тавре дар дигар манобеъ омадааст, эҳтимол Қадриддин Аслонов дар баробари ба Панҷ ворид шудан мехост бо раиси вақти вилояти Кулоб Ҷиёнхон Ризоев робита пайдо намояд ва барои роҳи ҳал пайдо кардани мушкилоти мавҷуд миёни ду вилоят талош варзанд. Вале Қадриддин Аслонов тӯли чанде дар штаби Файзалӣ Саидов, золимтарин қумандони Фронти халқӣ асир мемонад ва ба ҳамин кушта мешавад. Ҳоло ҳамин қотили бераҳм аз тарафи ҳукумати имрӯза қаҳрамон муаррифӣ мешавад ва Қадриддин Аслонове, ки танҳо ҳадафаш барқарорсозии сулҳу оштӣ буд аз ёдҳо фаромӯш сохтан мехоҳанд.