Маълулдухтари эроние зеҳни модарашро дар вақти ҳузур доштан ва ҳузур надоштанаш мехонад.
Соро Озӯр, духтарчаи 12-сола аз рустои устони Форси Эрон дорои истеъдоди фавқулодаест, ки ҳар он чӣ дар зеҳни модараш мегузарад, метавонад онро бихонад, агар чӣ модараш дар ҳузураш ҳам набошад.
Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, раиси Идораи омӯзиш ва парвараши(маориф) шаҳристони Фасои устони Форси Эрон гуфтааст: Сороро дӯр аз модараш дар утоқи дигар нигаҳ доштем ва ададҳо ва вожаҳоеро, ки модараш бар асоси хостаи мо навишта буд, Соро дар утоқи дигар як -як ба мо нақл кард.
Вай гуфтааст: Эҳтимоли иртиботи амиқи отифии Соро бо модараш ҳангоми омӯхтани дарсҳо далили ин зеҳнхонӣ мебошад, зеро модараш барои омӯзондани вай хело заҳматҳои зиёде мекашад.
Ин духтараки Эронӣ ҳамагӣ 12-сол дорад ва дар синфи чаҳоруми ибтидои дар яке аз мактабҳои ғайридавлатии шаҳристони Фасо таҳсил мекунад. Устодони Соро мегӯянд: Соро дар имтиҳон вақте модараш канори ӯ бошад, бидуни савол аз модараш ва бидуни шунидани посух аз ӯ, зеҳни модаршро мехонд ва ҷавоби саволоҳоро менависад.