Фарорасии мелоди босаодати сарвари коинот, ҳазрати Муҳаммад (с) ро ба тамоми мусалмонони ҷаҳон табрик мегӯем.
Матлаби зерин, ки ба таври мухтасар аз ҳаёту зиндагии Расули Худо (с) ҳикоят мекунад, ба муносибати мавлуди Паёмбари гиромӣ, дар се бахш тақдими хонандагони сомонаи Паём мегардад. Умед дорем, ки мавриди истифодаи хонандагони азиз қарор бигирад:
Насаби ҳазрати Муҳаммад (с)
Насаби Паёмбари Худо (с) ба се бахш тақсим мешавад. Бахши аввал: Дар ин бахш аз насаби Расули Худо(с) ҳама сиранависон ва насабшиносон иттифоқ доранд. Ин бахш аз ҳазрати Муҳамад (с) шуруъ мешавад ва ба Аднон ба охир мерасад.
Бахши дуввум: Дар ин бахш аз насаби Расули Худо (с) ихтилофоти зиёде ба чашм мерасад, ки қобили ҷамъ ва татбиқ нестанд. Ин бахш, аз Аднон шуруъ мешавад ва ба Иброҳим (а) мерасад. Гурӯҳе аз донишмандони Исломӣ насаби Расули Худо (с) ро то Аднон мешуморанд ва баъд аз Аднон аз шуморидани насаби он Ҳазрат худдорӣ мекунанд ва мегуянд шуморидани насаби Расули Худо баъд аз Аднон ва расонидани он ба Иброҳим (а) ҷоиз нест. Аммо қисме дигар бо вуҷуди ихтилофи зиёд дар адад ва номҳои аҷдоди Расули Худо (с) онро то Иброҳим (а) мерасонанд. Дар айни ҳол ҳарду гурӯҳ иттифоқи назар доранд, ки Аднон аз наводагони Исмоъил (а) мебошад.
Ибни Қайим (р) дар Зоду-л-миъод, баъд аз баёни насаби Расули Худо (с) то Аднон, мегуяд: “ То инҷо насаби Расули Худо (с) маълум ва мавриди иттифоқи тамоми уламои насабшинос аст ва ҳеҷ ихтилофе дар он нест. Насаби Расули Худо (с) баъд аз Аднон мавриди ихтилоф аст. Аммо дар ин ки Аднон аз фарзандони Исмоъил аст, ихтилофе вуҷуд надорад.”
Заҳабӣ (р) мегуяд: “ Назари аксари уламо бар ин аст, ки Аднон аз фарзандони Исмоъил (а) писари Иброҳим (а) аст. Аммо дар миёни падароне, ки байни Аднон ва Исмоъил ҳасатнд, ихтилофи назар вуҷуд дорад”.
Бахши саввум: Ин бахш аз насаби Расули Худо (с) аз Иброҳим (а) шуруъ мешавад ва ба Одам (а) мерасад. Дар ин бахш аз насаби Расули Худо (с) манобеъ ва сарчашмаҳои асосӣ, ривоётест, ки аз аҳли китоб нақл шудаанд. Дар ин бахш ҷузиёти зиёде аз аҳли китоб дар робита ба ононе, ки дар ин шаҷара қарор гирифтаанд, нақл шудааст, ки ба ҳеқ ваҷҳ пазируфтани нистанд. Аммо дар робита ба қисме аз ин шаҷаранома, таваққуф мекунем, на рост мешуморем ва на дурӯғу ботилаш медонем.
Паёмбари Акрам (с) дорои насаби пок ва арзишманд аз насли Иброҳими Халил ва самараи дуъое, аст, ки Иброҳим (а) ба даргоҳи Худо карда буд. Чунончи худи он Ҳазрат мегуяд: “ Ман самараи дуъои падарам, Иброҳим (а) ва муждаи бародарам, Исо (а) ҳастам.”
Абдуллоҳ ва Омина
Абдулматаллиб падарбузурги Расули Худо (с) даҳ фарзанди писар ва шаш духтар дошт. Яке аз писаронаш ба номи Абдуллоҳ назди Абдулмуталлиб аз ҷойгоҳи хоссе бархурдор буд ва ӯро аз дигар фарзандонаш бештар дуст медошат. Ба Абдуллоҳ лақаби “забиҳ” (қурбонӣ) дода буданд. Достони гирифтани ин лақаб дар китобҳои таърих ва сирати Расули Худо чунин нақл шудааст. Абдулмуталлиб аз Худованд хоста буд барояш даҳ писар ато фармояд, то дастёр, мададгор ва муҳофизи ӯ бошанд. Назр карда буд, ки агар Худованд ин хостаашро бароварда созад, ҳатман яке аз онҳоро қурбонӣ хоҳад кард. Вақте ин хостааш бароварда шуд ва теъдоди фарзандонаш ба даҳ адад расид назри кардаашро барои фарзандонаш бозгӯ намуд. Ҳамагӣ тасмими падарашонро қабул карданд ва дар миёни онҳо қуръакашӣ сурат гирифт, қуръа ба номи Абдуллоҳ баромад. Аз он ҷо ки Абдуллоҳ маҳбубтарини писаронаш назди ӯ буд, гуфт: “ Худоё Абдуллоҳ ё сад шутур?! “ Онгоҳ байни ӯ ва сад шутур қуръакашӣ кард ва қуръа бар сад шутур афтод. Бадин тартиб сад шутур дар ивази Абдуллоҳ қурбонӣ карда шуд. Ҳадисе, ки аз Расули Худо (с) ривоят шудааст, низ ишора бар ҳамин достон мекунад. Расули Худо мегуфтанд: “ Ман фарзанд ду забиҳ ҳастам!” Яъне Исмоъил ва Абдуллоҳ . Модари Абдуллоҳ Фотима аз бани Махзум ва Қурайшӣ буд.
Абдулмуталлиб барои писараш Абдуллоҳ, Омина духтари Ваҳб ибни Абдуманофро, ки дорои насаби наҷиб ва шарифе буд, хостгорӣ кард. Падари Омина модари Расули Худо (с) аз назари Ҷойгоҳ ва насаб сайид ва сарвари хонадони Зуҳра буд. Ваҳб духтараш Оминаро ба ақди никоҳи Абдуллоҳ даровард.
Баъди чанд мудат зиндагии муштарак, Абдуллоҳ барои таъмини ниёзҳои зиндагӣ бо дастури падараш ба Ясриб ( Мадинаи имрӯза) рафт, вале дигар барнагашт ва дар ҳамонҷо аз дунё гузашт. Дар ривояте омадааст, ки барои тиҷорат ба Шом сафар кард ва ҳангоми бозгашт дар роҳ бемор шуданд ва дар Ясриб дори фониро падруд гуфтанд. Абдуллоҳ дар синни бисту панҷ солагӣ аз дунё рафтанд. Бештари таърихнигорон бар инанд, ки Абдуллоҳ пеш аз тавалуди Расули Худо (с) ин дунёро тарк намудааст. Омина баъди марги ҳамсараш дар интизори ба дунё омадни навзодаш буд ва ин лаҳзаро рузшуморӣ мекард, то ин ки Худованд беҳтарин халқи Худоро аз ин модар ба дунё овард.
Ба дунё омадани Паёмбари Худо (с)
Расули Худо (с) бинобар навистаи аксари таърихнигорон субҳи рӯзи душанбе дувоздаҳуми рабиъу-л-аввал ва бар пояи ривоёте нуҳуми рабиъу-л-аввал, баробар бо бистум ва ё бисту дуввуми апрели соли 571 милодӣ, дар Маккаи мукаррама ба дунё омадаст. Таърихнигорон иттифоқ доранд, ки Расули Худо (с) дар соле ба дунё омаданд, ки дар он сол ҳодисаи машҳури “Соҳибони фил” ба вуқӯъ пайваста буд.
Модараш дар ҳангоми ба дунё омадани ӯ дар хонаи Абутолиб дар водии Бани Ҳошим будааст. Расули Худо (с) дар ин рӯзи муборак бо омадани худ дунёро нуронӣ намуд. Он рӯз аз муборактарин рӯзҳое ба шумор меравад, ки хуршед тулӯъ кардааст.
Баъд аз тавалуди Расули Худо (с) Омина касеро барои мужда додан ба назди падарбузурги Расули Худо (с) Абдулмуталлиб фиристод. Вақте Абдулмуталлиб ин хабри хушро шунид, бо хушҳолии тамом худашро назди онҳо расонид. Навзодро бо худ дохили Каъба бурда ба дуову ниёиш ва шукрона пардохт. Барои ин тифли зебо ва муборак номи Муҳаммадро интихоб карданд, номе, ки пеш аз ин дар байни арабҳо онқадар маъруф ва шинохташудае набуд. Дар рӯзи ҳафутми валодат ҳамонгуна, ки назди арабҳо одат буд, ӯро хатна карданд.
Дарврони ширхорагӣ
Аввалин зане, ки баъд аз модари Расули Худо (с) ӯро ба мудати як ҳафта шир додааст, Сувайба канизи озодшудаи Абулаҳаб буд. Дар ҳадиси Зайнаб духтари Абисалама, Расули Худо (с) бар ин гувоҳӣ медиҳад.
Дар он рӯзгор одат бар ин буд, ки шаҳрнишинон талош мекарданд фарзандонашон дар деҳот ба воя бирасанд, азин хотир барои фарзандонашон дояҳои бодиянишин суроғ мекарданд. Мардум ба ин бовар буданд, ки агар фарзандонашон ба дояҳои деҳоти супорида шаванд, аз бемориҳои занони шаҳрӣ дар амон мемонанд, пайкарҳояшон нерӯманд, асабҳояшон тавонманд мешаванд ва аз овони кудакӣ забони арабиро ба хубӣ ва дурустӣ аз худ мекунанд.
Бар ҳасби одат Абдулмуталлиб бобои Расули Худ (с) низ, ӯро ба як зани деҳоти ба номи Ҳалима, ки аз қабилаи бани Саъд буд, супорид. Расули Худо (с) ду сол назди ин хонавода буд. Ҳанӯз ду солаш пурра нашуда буд, ки навҷавоне пуртавон ва чолок ба назар мерасид. Баъди аз ду сол Ҳалима Расули Худоро ба назди модараш баргардонд, вале ба хотири баракатҳое, ки ба сабаи ӯ ба ин хонадон расида буд дубора ва бо исрори зиёд Расули Худоро аз модараш гирифта ба хонааш бозгашт. Бадин тартиб Расули Худо (с) чаҳор сол назди Ҳалима монд ва дар мудате, ки он ҷо буд ҳодисаи шикофтани синаи Расули Худо (с) пеш омад. Баъди ин ҳодиса Ҳалима нигарони ҳоли ӯ шуда Расули Худоро ба модараш баргардонид.
Расули Худо аз модар ҳам маҳрум мешавад
Расули Худо (с) то шашсолагӣ назди модари меҳрубонаш монданд, то ин ки Омина тасмим гирифт барои зиёрати шавҳари фақидаш ба Ясриб биравад. Омина ҳамроҳи фарзанди хурдсолаш Муҳаммад, хидматгораш Умми Айман ва сарпарасташон Абдулмуталлиб ба тарфи Мадина ҳаракат карданд. Баъд аз зиёрати шавҳар ва боздид аз хешовандонаш, ҳангоми бозгашт дар маҳале ба номи “Абво” байни Макка ва Мадина, аз дунё мегузарад ва ҳамонҷо ба хок супорида мешавад.
Баъд аз гузашти Омина сарпарастии Муҳаммади ятимро бобои меҳрубонаш ба уҳда мегирад. Абдулмуталлиб Расули Худоро аз ҳама бештар дуст медошт ва ӯро ҳатто аз фарзандони худаш ҳам бартар медонист. Расули Худо рӯи зерандози махсусе, ки фарзандонаш барои Абдулмуталлиб дар сояи Каъба паҳн мекарданд менишаст, вақте фарзандонаш мехостанд , Расули Худоро аз нишастан рӯи гилем боз доранд, бобояш мегуфт: “ Ӯро ба ҳолаш гузоред, ба ӯ коре надошта бошед!”
Расули Худо бобояшро ҳам аз даст медиҳад
Расули Худо (с) ҳашт солу ду моҳу даҳ рӯз доштанд, ки Абдулмуталлиб аз дунё рафт. Абдулмуталлиб пеш аз вафот ба фарзандонаш тавсия карда буд, ки сарпарастии набераашро амакаш Абутолиб ба уҳда бигирад. Абутолиб сарпарастии Расули Худо (с) ро ба душ гирифт, ӯро ба хонаи худ бурда ҳамчун фарзанд аз ӯ нигоҳдорӣ мекард, балки бештар аз фарзандони худ ба ӯ расидагӣ менамуд. Нисбати Расули Худо(с) эҳтироми хоссе дошт ва аз он вақт то чиҳил сол аз ӯ пуштибонӣ ва ҳимоят мекард. Ҳимоят ва пуштибонии Абутолиб аз Расули Худо (с) сабаб шуд, ки қавмаш бо ӯ ба душманӣ бархезанд ва ӯро ҳушдор бидиҳанд, ки яке аз ду роҳро интихоб намояд. Ё ба ҳимоят аз бародарзодааш давом медиҳад, ки дар ин сурат бояд омодаи ҷанг бо қавмаш бошад ва ё аз пуштибонӣ ва ҳимояти Расули худо даст мекашаду худашро аз даргир шудан бо Қурайш наҷот медиҳад. Вале ӯ бо вуҷуди ин ҳама ҳушдорҳо ва таҳдидҳо аз ҳимояти Расули Худо даст накашиданд ва то охирин нафас аз ӯ ҳимоят мекарданд.
Расули Худо ятим ба воя мерасад
Ҳикмати Илоҳӣ барин рафта буд, ки Расули Худо (с) ятим бошанд ва зери иноят ва назари хосси Худованд қарор бигираду рушд намояд ва дар ин амр дасти нафари сеюме дар кор набошад. Шефтаи молу мақом нашавад аз раёсату роҳбарӣ мутаасир нагардад, то мардум мақоми Паёмбариро бо мақомҳои дунёӣ иштибоҳ нагиранд ва фикр накунанд, ки мақсади ӯ аз иддаъои паёмбарӣ, даст ёфтан ба молу мулк ва мақому касби шуҳрат аст. Мусибатҳое, ки бар сари Расули Худо (с) дар хурдсолиаш омад, бе падарӣ, маҳрум шудан аз меҳрабонии модар, аз даст додани падарбузургаш, сабаб шуданд, ки борҳо талхиҳоро бичашад ва дар натиҷа ин мусибатҳо ӯро раҳиму меҳрубон намуда, дарку фаҳми бузурге аз зиндагӣ барояш ато намоянд. Зеро ғаму дарду андуҳ, қалби инсонро аз бемориҳо ва чиркиниҳои сангдилӣ, кибру ғурӯр пок месозад ва ӯро раҳиму меҳрубон мегардонад. Падару модари Расули Худоро Худованд замоне аз ӯ гирифт, ки онон камтар аз си сол доштанд, то ҳар ки падар ва модарашро ва ё яке аз онҳоро аз даст медиҳад, Расули Худоро улгӯи худ қарор бидиҳад ва адабу ахлоқи Паёмбар бо вуҷуди онки ятим ба воя расидааст, роҳнамое барояш шавад, ки Худованд тарбият ва парвариши ӯро низ ба уҳда хоҳад гирифт.
Худованд ӯро ятим кард то бо иродаи қавӣ ва азми устувор бе он ки такя ба дигаре дошта бошад, рушд кунад ва падару модараш ҳеҷ асаре дар даъвати ӯ надошта бошанд. Ӯро ятим кард, то дасти инсонӣ дар тарбият ва роҳнамоии ӯ дахолате надошта бошад ва танҳо Худованд тарбиятгарӣ ӯ бошад, то аз одатҳо ва суннатҳо ҷоҳилият чизеро фаро нагирад ва чизе ба ӯ таҳмил нагардад. Худованд падарбузург ва амакашро танҳо таҳиякунанда ва таъминкунадаи умури моддии ӯ қарор дод ва тарбияти равонӣ, ахлоқӣ ва фикрии ӯро Худованд худ ба уҳда гирифта буд.
Даврони наврасӣ ва ҷавонӣ
Расули Худо (с) дар сояи лутфи Илоҳӣ, дур аз нопокиҳо ва одатҳои пасти ҷоҳилият рушд мекард ва бузург мешуд. Ҳазрат дар миёни қавми худ ба мардонагӣ, боҳаёӣ, доштани одобу ахлоқи шоиста, ростгӯӣ, амонатдорӣ ва дигар хислатҳое, ки барои як инсони комил зарур ҳастанд, маъруф ва машҳур буд. Аз Хурдсоли ин хислатҳои наҷиб ва волои инсонӣ дар он ҳазрат дида мешуд ва рӯз ба рӯз ин хислатҳо дар ӯ рушд мекарданд. То онҷо ки дар миёни қавмаш бо лақаби Амин, машҳур гашта. Расули Худо пайванди хешоандиро пос медошат, ҳамеша ба кумаку дастгирии ниёзмандон ва рафъи мушкилоти онҳо мешитофт, бисёр меҳмоннавоз буд, дар корҳои хайр мардумро ҳамроҳӣ мекард, аз дастранҷӣ худ мехӯрд ва бисёр қаноатпеша буд.
Расули Худо чаҳордаҳ ё понздаҳ сола буданд, ки дар байни ду қабила аз қабилаҳои он замон даргирие ба номи “Ҷанги Фуҷҷор” сар зад, ки он ҳазрат дар қисмате аз он иштирок намуда буд. Расули Худо дар он даргирӣ аз амакҳояш пуштибонӣ мекард ва тирҳои онҳоро барои тирандозӣ омода менамуд.
Расули Худо дар синни бист солагиашон, дар паймоне ба номи “Ҳалфу-л-фузул” (паймони ҷавонмардӣ) , ки аз ҷониби чанд тоифа ва қабилаи қурайш, ба хотири пуштибонӣ аз мазлумин дар хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷадъон, баста шуда буд, яке аз аъзоёни ин паймон интихоб шуданд. Расули Худо (с) баъд аз он ки ба паёмбарӣ баргузида шуд, аз он паймон ба некӣ ёд мекард ва мегуфт, агар ҳоло ҳам ба чунин паймоне фаро хонда шавам ҳатман қабул хоҳам кард.
Дар синни ҷавонӣ Паёмбари Худо (с) касбу кори муайяне надоштанд. Расули Худо дар ҷавонӣ чунончӣ худи он ҳазрат мефармояд, барои аҳолии Макка дар ивази маблағ гусфандчаронӣ мекарданд. Он ҳазрат мефармояд: “Худованд ҳеҷ паёмбареро мабъус накард, магар инкӣ гусфандчаронӣ кардааст.” Ёронаш пурсиданд: Шумо ҳам гусфандчаронӣ кардаед!? Расули Худо фармуд: “Ман барои аҳли Макка дар ивази чанд қирот, гусфанд мечаронидам.”
Аз ривоятҳои таърихӣ бармеояд, ки дар ҳамон солҳои ҷаонӣ, аз чупонӣ даст кашида, ба тиҷорат рӯй овардааст. Чунончӣ дар ривояте омадааст, киРасули Худо (с) бо Соиб бини Абисоибаи Махзумӣ, ба тиҷорат мепардохт ва дар тиҷорат ширики хубе барои вай буданд. Рӯзи Фатҳи Макка вақте бо Соиб бархурд намуданд, ба ӯ хушомад гуфтанд ва фармуданд: “ Хуш омадӣ эй бародар ва шарики ман!”
Дар синни бисту панҷ солагӣ, бо сармояи Хадиҷа (р) барои тиҷорат ба Шом сафар карданд. Хадиҷа (р) зани шариф ва сарватманде буд ва мардонро ба иҷора мегирифт то дар молаш тиҷорат намоянд,ва дар иваз ба онҳо дастмузд медод. Вақте аз амонатдорӣ ростгӯи ва ахлоқи писандидаи Расули Худо (с) огоҳ шуд, назди он ҳазрат фиристод ва пешниҳод кард, ки ҳамроҳи ғуломаш Майсара ба сафари тиҷорӣ ба Шом биравад. Расули Худо низ Қабул намуд ва ҳамроҳи Майсара ба сафар баромаданд. Расули Худо ин сафари тиҷориро бо муваффвқият анҷом дода бо даромади барзиёд, ба Макка баргашт. Ин сафар сабаб шуд, ки Хадиҷа (р) гумшудаи худро,ки солиёни дароз дар ҷустуҷӯяш буд пайдо намояд.
Издивоҷи Расули Худо (с)
Баъди бозгашт аз сафари Шом, ғуломи Хадиҷа ҳама он чизҳоеро, ки дар ин мудад аз Расули Худо мушоҳида карда буд барои Хадиҷа бозгӯ кард. Дар ин сафар Майсара ҷуз хайру хубӣ ва баракат аз расули Худо надида буд. Хадиҷа (р) издивоҷ бо Расули Худоро бо дустти самимиаш Нафиса дар миён гузошт. Бону Нафиса назди Расули Худо рафта дар мавриди ивдивоҷи ӯ бо Хадиҷа ҳамроҳашон суҳбат карданд. Расули Худо ризоият доданд ва баъди машварат бо амакҳояш ба хостгории бону Хадиҷа рафтанд. Бадин тартиб издивоҷи Хадиҷаи тоҳира бо Муҳамади амин сурат гирифт. Дар он ҳангом синни Расули Худо биступанҷ ва синни Хадиҷа (р) бинобар ривоёти машҳур чиҳил сол буд. Хадиҷа (р) нахустин зане буд, ки Расули Худо ӯро ба ҳамсари қабул кард ва то ҳангоми вафоти ин бонуи бузург, барои худ ҳамсари дигаре ихтиёр накарданд.
Ҳама фарзандони Расули Худо ба ҷуз Иброҳим аз модарамон Хадиҷа (р) мебошанд. Фарзандони Хадиҷа (р) ба тартиб иборатанд аз: Қосим, Зайнаб, Руқая, Умми Кулсум, Фотима ва Абдуллоҳ, ки гоҳе ӯро Тайиб ва гоҳе ҳам Тоҳир гуянд. Писарони Расули Худо (с) ҳамагӣ дар хурдсолӣ аз дунё гузаштаанд. Аммо духтаронаш ҳамаги даврони исломро дарёфтаанд ва ислом оварданд. Онон низ ҳамагӣ ба ҷуз Фотима дар зиндагии Расули Худо аз дунё рафтанд. Фотима (р) бошад шаш моҳ пас аз реҳлати Расули Худо (с) ба он ҳазрат пайваст.
Яке дигар аз ҳодисаҳои муҳим ва машҳуре, ки Расули Худо(с) пеш аз паёмбариашон дар он ширкат кардаанд, бинои хонаи Худо буд. Расули Худо (с) сиюпанҷ сол доштанд, ки Қурайш тасмим гирифт хонаи Каъбаро бозсозӣ намояд. Азбаски хонаи Каъба бисёр қадимӣ буд, бар асари авомили табии бунёдаш суст шуда, дар деворҳояш шикофиҳо ва сурохиҳо ба вуҷуд омада буд. Инчуни дар он замон дар Макка селе сарозер шуд, ки ба Масҷидулҳаром роҳ ёфт ва қариб буд бинои Каъбаро комилан аз байн бибарад. Азин Хотир Қурайш тасмим гирифт онро бозсозӣ намояд.
Қурайш ин корро карданд ва бо маблағе, ки аз мардум ҷамъоварӣ намуда буданд бо каме тағйирот дар асли бинои Каъба онро бозсозӣ карданд. Вале ҳангоме ки сохтмони Каъба ба мавзеъи Ҳаҷару-л-асвад расид дар мавриди гузоштани Ҳаҷару-л-асвад дар ҷояш, байни онҳо ихтилофи шадиде сар зад, ки наздик буд ба даргирӣ ва хунрезӣ биянҷомад. Аммо дар ниҳоят ба хулоса расиданд, ки нафареро дар байни худ довар интихоб намоянд ва ҳар тасмиме, ки бигирад аз он пайравӣ кунанд. Барои интихоби довар пешниҳод карда шуд, ҳарки аввалин шуда вориди Масҷиду-л-ҳаром гардад, ӯро дар қазияи мавриди ихтилофамон довар қарор хоҳем дод. Хости Худо бар ин рафта буд, ки Расули Худо он нафар бошад ва нахустин шуда вориди Масҷиду-л-ҳаром гардад. Бадин тартиб Расули Худо (с) ин мушкилиро бо дирояте, ки Худоанд барояш дода буд ба таври шоиста ҳалу фасл кард. Ҷомаеро дар замин паҳн кард ва сангро болои ӯ гузошт ва аз аз сарони қабоил дархост кард, ки ҳамагӣ аз атрофи чодар бигиранд ва онро боло карда ба мавзеъи худаш наздик созанд, вақте Ҳаҷару-л-асвадро ба мавзеъаш наздик карданд, Расули Худо онро бардошта дар маконаш гузошт. Аз ин наҳваи доварии Расули Худо (с) ҳамагӣ розӣ ва хушҳол шуданд ва ихтилофи онҳо ба хуби ҳалли худро ёфт.
Дар инҷо ба қисмати аввали ин мақола хотима медиҳем ва қисмати баъдиро аз беъсати Расули Худо (с) то ҳиҷрат ба Мадина дар бахши дуввуми мақола ҷой хоҳем дод.
Давом дорад
Исломҷони Саид