Озод шудани Мирзораҳим Кузов (маъруф ба Шоҳнаими Карим), узви Раёсати Олӣ ва Шӯрои иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз зиндон дар Юнон дар сархати хеле аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ қарор гирифт.
Бозтоби ин хабар дар расонаҳо як навъ ба намоиш гузоштани мазлумияти Шоҳнаими Карим, масъули бахши молии Наҳзати исломии Тоҷикистон матраҳ шуд ва хабаргузориҳо бо титрҳои худ ба Ҳукумати Тоҷикистон паём доданд, ки дар робита ба мухолифин тираш хато хурдааст.
Баёнияи иттилоотии ҲНИТ дар бораи озодии Мирзораҳим Кузов
Додгоҳи Олии Юнон: Шоҳнаими Карим ба Тоҷикистон истирдод намешавад
https://ksaadat.co/tag/шоҳнаими-карим/
https://news.tj/tj/news/tajikistan/security/20171130/yunon-istirdodi-yak-faoli-nit-ro-ba-toikiston-rad-kard
Паём.нет дар робита ба ин қазия ва он чӣ дар раванди муҳокамаи Шоҳнаими Карим дар толори Додгоҳи Олии Юнон анҷом шуд, бо Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ, ки яке аз шоҳидони ҳол ва иштирокчиёни ҷаласаи додгоҳӣ буд, мусоҳабае анҷом дод, ки дар наздиктарин фурсат нашр хоҳад шуд.