Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳукми истирдоди Каромат Шарипов аз Русия

$
0
0

 

Додгоҳи Маскав Каромат Шарипов, раҳбари Созмони муҳоҷирини тоҷик дар Русияро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда ҳукми истирдодаш ба Тоҷикистонро содир кардааст.

Дар ин бора Иззат Амон, раҳбари Созмони ҷавонони муҳоҷири тоҷик ва вакил дифоъ дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ додааст. Тибқи гуфтаи ӯ додгоҳи шаҳрии Люберетскии Маскав дар як мурофиаи пӯшида ҳукми истирдоди Каромат Шарипов ба Тоҷикистонро дар ҳоле содир кардааст, ки ӯ аслан шаҳрвандии Тоҷикистонро надоштааст.

Бинои додгоҳ тибқи гуфтаи Иззат Амон аз тарафи гурӯҳи зудамали пулис печонида шуда, беш аз сад нафар муҳоҷироне, ки барои дастгирии Каромат Шарипов ба назди додгоҳ омада буданд, боздошт шудаанд.

Ҳамчунин барои Каромат Шарипов “бо таърихи қабл чун шаҳрванди Тоҷикистон (ки ҳаргиз набудааст) шаҳодатномаи бозгашт ба ватан бо имзои консули қаблӣ Ашраф Гулов тартиб дода шуда, ба боздоштгоҳи махсуси Егоровское фиристода шудааст” — навиштааст Иззат Амон.

Раҳбари Созмони ҷавонони муҳоҷири тоҷик гуфтааст ин як корӣ фармоишӣ буда, маблағаш аллакай пардохт шудааст ва дар гумон аст, ки қарори додгоҳ иҷро нашавад.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>