Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Тағйироти кадрӣ дар ВКД: домоди Раҳимзода сардори РМҶМ, писари Ғоиб сардори РКҶ

$
0
0

Домоди вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода – Ҳафиззода Шодӣ Хуршед (Шодӣ Ҳафизов) ба раҳбари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил таъин гардид. Дар ин мақом ӯ Сафиало Азизуло (Сафиало Девонаев)-ро иваз кард.

Шодӣ Ҳафиззода шавҳари хоҳарзодаи Раҳимзода аст. Карераи ӯ дар Вазорати корҳои дохилӣ баъди ба мақоми вазирӣ расидани тағои ҳамсараш Рамазон Раҳимзода, яъне дар соли 2012 оғоз шуд. Панҷ соли охир Ҳафиззода ба ҳайси сардори РМҶМ (УБОП) дар вилояти Суғд, ҷонишини сардори РМҶМ ВКД кор карда, инак ба роҳбарии ин ниҳод расид.

Дар ҳамин ҳол Девонаев, ки бародари вазири собиқи дифоъ ва ёрдамчии имрӯзаи раисҷумҳур оиди бехатарӣ Шералӣ Хайруллоев аст, сардори РКД дар минтақаи Рашт таъин гардид.

Сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ Шоҳрух Саидзода, писари раиси Хадамоти гумрукии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб таъин шуд. Ӯ ҳамчунин дӯсти наздики писари раисҷумҳур ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аст. Саидзодаи 31-сола, бо вуҷуди ин ки рӯзе ҳам дар мақомоти интизомӣ кор накардааст, рутбаи майор ва курсии ҷонишини сарори Раёсати кофтукови ҷиноятиро аз дӯсташ тӯҳфа гирифта ба ВКД омад. Курсие, ки барои расидан ба он мутахассисон 15-20 сол заҳмат мекашанд.

Сардори ШКД-и ноҳияи Хуросон Рустам Достиев, писари собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев таъин шудааст.

Шариф Назарзода, собиқ сардори РКД дар вилояти Суғд ба раҳбарии РКД-и шаҳри Душанбе расида, мақоми пешини ӯро Қудратулло Назарзода соҳиб шудааст.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles