Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бе ҳуҷҷату далели шаръӣ ва бидуни илм барои худ фатво дуруст накунед

$
0
0

Рӯзе Имом Абуҳанифа (р) аз роҳе мегузашт, мардеро дид ки ба себдуздӣ машғул аст. Имом дунболи он мардро гирифт, то иллати дуздӣ карданашро бифаҳмад. Он мард бошад себҳои дуздидаашро ба муҳтоҷон садақа кард. Имом баъди мушоҳида кардани ин воқеа бо тааҷҷуб аз он мард мепурсад: “Чаро дуздӣ мекунӣ! Гумон кардам ба хотири гуруснагиат себҳоро медуздӣ! “

Он мард дар ҷавоб гуфт: “На, гурусна нестам, балки бо Худованд тиҷорат мекунам.”  Он мард намедонист, ки шахси суолдиҳанда, Абуҳанифа(р) аст.

Абуҳанифа дубора аз ӯ пурсид: “Чӣ тавр бо Худо тиҷорат мекунӣ?”

Он мард гуфт: “Вақте себро дуздидам дар номаи аъмолам як гуноҳ  навишта шуд. Сипас онро садақа кардам, даҳ савоб дар номаи аъмолам сабт шуд. Аз  ин муомала барои ман нӯҳ савоб боқӣ монд. Ман бо ин шева дорам бо Худо тиҷорат мекунам.”

Абуҳанифа (р) баъд аз шунидани суханони он шахс гуфт: “Эй мард! Вақте себро дуздидӣ, дар номаи аъмолат як гуноҳ сабт шуд. Ва ҳангоме, ки онро садақа кардӣ Худованд онро аз ту қабул нафармуд. “Зеро Худованд пок аст, ба ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад”. Пас барои ту ҷуз он як гуноҳ ва муҷозоти дуздӣ, чизе боқӣ намонд.”

Ин қисса мушобеҳи ҳоли онҳоест, ки имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба судури фатво машғуланд. Зиёданд нафароне, ки новобаста аз сатҳи дониши шаръияшон, бидуни ҳеҷ истиҳолаи дар дилхоҳ масъала фатво содир мекунанд. Ҳатто онҳое ҳам, ки аслан на танҳо аз дониши динӣ дуранд, балки оддитарин аҳкоми онро иҷро намекунанд, ба мусалмонон дарси шаръ медиҳанд. Дар ҳоле, ки ин амр масъулият ва ҳақи донишмандони динист.

Мутаассифона “муфтӣ”-ҳои интернетӣ арсаро ба донишмандони улуми дин ҳам танг кардаанд ва дар сурати камтарин эътироз ба “фатвоҳо”-яшон аз тарафи донишмандон, онҳоро ҳам маҳкум ба ифротгароиву салафигӣ ва шиъаву такфирӣ мекунанд.

Бештари ин фатвоҳо барои сафед нишон додани аъмоли сиёҳи худи фатводиҳандаҳо ба миён меоянд, ки ин нафарон мехоҳанд бо ҳар роҳе – истифодаи нақлу ривоятҳои ҷаълӣ, шунидаҳояшон аз падару бобо, суханронии кадом муллову эшоне амсоли худашон аъмолашонро мутобиқ ба шариати исломӣ ҷилва диҳанд.

Ин афрод барои собит кардани “ҳақиқат”-ашон аз роҳ андохтани ҷангу хархаша, истифодаи дашному таҳқир ва тӯҳмату бӯҳтон ҳам алайҳи тарафи муқобил шарм намекунанд, ки ҳамаи ин аъмол дар ислом аз гуноҳони кабира маҳсуб шуда, бидуни шак яке аз ду далелро собит мекунад: ё ин нафар аз аҳкоми шариъат комилан ғофил аст, ки намедонад ин амалҳо гуноҳи кабира маҳсуб мешаванд ва ё фосиқ аст, ки ҳатто дар сурати доштани сатҳи баланди дониши динӣ ҳам фатвояш назди ҷумҳури уламо қабул нест.      

Яке аз силоҳҳои муфтиҳои интернетӣ алайҳи мухолифонашон мазҳаби Имом Абӯҳанифа аст, ки худро пайравӣ он гирифта дигаронро ба салафӣ, шиъа ва ғайра муттаҳам мекунанд. Камтарин муқоисаи рафтори имоми бузург бо рафтори ин “муфтӣ”-ҳо ин суолро дар зеҳнҳо ба вуҷуд меварад, ки равиши (мазҳаби) Имом Абӯҳанифа куҷову шумо куҷо?

Исломҷони Саид


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>